Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Падараш мегӯяд, Собир Валиев "16-17 соат бозпурсӣ шуд"


Собир Валиев. Акс аз саҳифааш дар Фейсбук, соли 2022
Собир Валиев. Акс аз саҳифааш дар Фейсбук, соли 2022

Падараш гуфт, Собир Валиев, фаъоли пешини "Гурӯҳи 24"-ро муфаттишони Додситонии кулли Тоҷикистон "16-17 соат бозпурсӣ" кардаанд. Радиои Озодӣ то ин дам натавонист, бо худаш суҳбат кунад.

Собир Валиев, ки дар гузашта дар Аврупо мезист ва яке аз фаъолони мухолифон буд, соли 2020 ба Тоҷикистон баргашт ва, ба қавли мақомот, "бахшида шуд".

Асадулло Валиев, падари Собир Валиев, рӯзи 14-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, писарашро "дар аввали моҳи марти имсол" ба бозпурсӣ бурда буданд, "ҳоло ӯ дар озодист".

"Ислоҳ.нет", сомонаи наздик ба гуруҳе аз мухолифони тоҷик дар Аврупо, рӯзи 13-уми апрел навишт, ки Собир Валиев ва ҳафт нафари дигар "боздошт шудаанд".

Ба иттилои манбаъ, "амалиёти таҳқиқу тафтиш алайҳи ҳашт нафар 30-юми августи соли 2022" сар шудааст. Намояндагони Додситонии кул то ҳанӯз қазияро шарҳ надоданд.

Асадулло Валиев мегӯяд, муфаттишони Додситонӣ Собир Валиевро "аз ҷумла дар доираи моддаи 307 пурсидаанд. Сипас вобаста ба чанд масъалаи иқтисодӣ суол дода, раҳо карданд. Ҳоло дар озодӣ аст."

Падараш нагуфт, ки Собир Валиев ба чӣ гумонбар аст ва ҳангоми бозпурсӣ чӣ масъала радду бадал шуда. Танҳо ҳаминро гуфт, ки аз лаҳзаи бозгашт ба Тоҷикистон ба тиҷорат машғул аст ва "озодона ба хориҷа рафтуо дорад". "Ба мақомоту тарафҳое, ки заминаи бозгашташро фароҳам карданд, ташаккур мегӯям, вале тасмимҳои носанҷидаи баъзе аз доираҳо якдигарфаҳмию эътимодро зери шубҳа мегузоранд," -- илова кард ӯ.

Собир Валиев дар моҳи марти соли 2015 дар пайи қатли раҳбари пешини "Гурӯҳи 24" Умаралӣ Қувватов дар Истанбул, муовини раиси созмон интихоб шуд. Моҳи августи ҳамон сол бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар пойтахти Молдова дастгир ва дертар озод гардид.

Ин сиёсатмадори ҷавон то чанд сол пеш яке аз чеҳраҳои шинохташуда дар миёни мухолифони тоҷик дар хориҷа ба ҳисоб мерафт ва соли 2018 аз ҳайати созмонҳои сиёсии мухолифи ҳукумат канор рафту дертар ба кишвар баргашт.

Ҳукумати Тоҷикистон соли 2014 бо ислоҳи Кодекси ҷиноӣ ба онҳое, ки бар асоси моддаҳои вобаста ба терроризм ва ифротгароӣ гумонбар мешаванду дар хориҷа ҳастанд, ваъдаи афв дод. Чанд нафари гумонбар ба узвият дар созмонҳои мамнуъ ба Тоҷикистон баргаштанд, вале на ҳамаи онҳо озод шуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG