Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радду бадали мухолифон ва намояндаи ҳукумати Тоҷикистон дар Австрия


Фаъолон ва мухолифини тоҷик ҳукумати Тоҷикистонро барои риоя накардани ҳуқуқи инсон танқид карданд.
Фаъолон ва мухолифини тоҷик ҳукумати Тоҷикистонро барои риоя накардани ҳуқуқи инсон танқид карданд.

Фаъолон ва мухолифини тоҷик дар ҷаласаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Вена ҳукумати Тоҷикистонро барои роҳ додани шиканҷа дар боздошту зиндонҳо, боздошту саркӯби фаъолону рӯзноманигорон ва нақзи ҳуқуқи ақаллиятҳо танқид карданд.

Намояндаи ҳукумат гуфт, Тоҷикистон ҳама муқаррароти байналмилалиро риоя мекунад ва ҳарфи мухолифин асос надорад.

Нишаст дар бораи риояи ҳуқуқи башар ва шиканҷа дар кишварҳои узви САҲА рӯзи 24-уми апрел оғоз шуд ва рӯзи 25-уми апрел ба поён расид.

Вайсиддин Одинаев, як фаъоли тоҷик, дар ин нишаст ҳукумати Тоҷикистонро барои боздошту азияти рӯзноманигорон танқид кард. Ӯ гуфт, фишору боздошт ва азияти рӯзноманигорон дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.

"Чуноне мо медонем, солҳои ахир боздошти фаъолону рӯзноманигорон авҷ мегирад, вале ҳукумати Тоҷикистон ба садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҷомеаи байналмилалӣ барои поён додан ба ин амал гӯш намедиҳад,"--гуфт, ӯ.

Ӯ гуфт, мақомоти тоҷик бе далел алайҳи ӯ парванда боз кардаанд ва як сабаби ҳабси Далери Имомалӣ, рӯзноманигори шинохтаро суҳбат бо ӯ донистаанд. Ин фаъоли тоҷик аз кушта шудани чанд чеҳраи шинохта дар ВМКБ дар тобистони соли гузашта ёд карда, аз САҲА хост, то комиссияе барои таҳқиқи сабабҳои марги онҳо таъсис диҳад.

“Пешниҳод кардам, ки САҲА ва созмонҳои ҳуқуқӣ таҳқиқоти марги чеҳраҳои шинохта дар Бадахшонро мустақилона роҳандозӣ кунанд. Намояндаи САҲА дар қисмати машварату пешниҳоди ҷаласа дар ҷавоб ба ин пешниҳод гуфт, ба назар хоҳем гирифт,”—афзуд, Вайсиддин Одинаев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Аслиддин Шерзамонов, фаъоли дигари тоҷикистонӣ аз нақзи ҳуқуқи ақаллиятҳо, аз ҷумла помириҳо, суҳбат кард. Ӯ гуфт, даҳ тан аз наздиконаш дар зиндон ҳастанд ва мақомот падараш, Алим Шерзамонов, фаъоли мухолифинро низ ҷинояткор эълон кардааст. Ба гуфтаи ӯ, маълум нест, ки бар сари фаъолони боздоштшудаи Бадахшон дар зиндон чӣ мегузарад, аз ин рӯ, аз намояндагони Кумитаи Салиби Сурх даъват кард, то ба дидорбинии онҳо ба зиндонҳо раванд.

Намояндаи ҳукумати Тоҷикистон ҳам дар ин нишаст ширкат дорад. Ӯ, ки ҳангоми суханронӣ ному вазифаашро нагуфт, таъкид кард, Тоҷикистон аҳам муқаррароти байналмилалиро риоя мекунад.

“Шиканҷа дар Тоҷикистон манъ аст ва барои он ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст. Ман ҳамаи он тӯҳматҳое, ки дар ҳаққи кишварам карданд, рад мекунам,”—гуфт, ӯ.

Маъмулан мақомоти тоҷик дар чунин нишастҳо шиканҷа ва нақзи ҳуқуқи инсонро рад мекунанд ва ҳарфҳои фаъолону мухолифинро "бадномкунии беасос" меноманд.

Дар нишасти имсолаи САҲА дар Вена намояндаи даҳҳо кишвари узви ин созмон ширкат карданд. Фаъолону мухолифин вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар кишварҳояшонро дар миён мегузоранд ва намояндаҳои ҳукуматҳо ба онҳо посух медиҳанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG