Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як подполковники тоҷик дар робита ба латукӯби сарбозон  


Сарбозон дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ
Сарбозон дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ

Як подполковники тоҷикро дар робита ба латукӯби сарбозон дастгир кардаанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 25-уми апрел гуфт, Нузҳат Лазуриев, сардори комендатураи якуми “Ворух”, қисми низомии вобаста ба нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллист. Ин воҳиди ҳарбӣ масъулияти нигаҳбонии марз дар ҳудуди шаҳри Конибодом ва шаҳри Исфараи вилояти Суғдро дорад.

Намояндагони Додситонӣ ӯро ба суистифодаи мақом ва баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ муттаҳам кардаанд.

Ин банди қонун (моддаи 391, қисми 3, банди “б”)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз ҳашт то дувоздаҳ сол зиндонро дар назар дорад.

Мавқеи подполковник ва ё шахсони наздик ба ӯ маълум нест. Гуфта нашудааст, ки дар латукӯби сарбозон ӯ чӣ нақш дошт.

Аз он пеш мақомот дар бораи боздошти панҷ нафар хабар дода, онҳоро ба рафтори хилофи қонуну қоида дар артиш гумонзад карданд. Ин хабарнома аз саҳифаи Додситонии кул гум шуд, вале дубора бо илова онро нашр карданд.

Рӯзи 24-уми апрел навори задани сарбозон аз ҷониби аскарони бузургсолтар дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд ва мавҷи вокунишҳоро ба бор овард.

Бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ рафтори сарбозонро накӯҳиш карда, хоҳони муҷозоти онҳо ва фармондеҳонашон шуданд.

Ба иттилои расмӣ, ҳодиса моҳи декабри соли 2022 рӯй додааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG