Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хандақкании Нурулло дар Украина ва фиреби кордиҳандаи рус. ВИДЕО


Лоиҳаи таҳқиқотии  “Система”-и марбут ба Радиои Озодӣ ва ТВ “Настоящее время” маълум кардааст, ки  ширкати «АБЗ Белый Раст» муҳоҷирони меҳнатиро  барои кофтани хандақҳо дар замини яхбаста ба қаламравҳои аз сӯи Русия ғасбшудаи Украина бурдааст.

Муҳоҷирон мегӯянд, баъди анҷоми кор ба онҳо маоши ваъдагиро надоданд. Вале ширкат ин иддаоро рад мекунад. Моҳи январи соли 2023 шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон Нурулло (номаш бо хоҳиши ӯ иваз шудааст), аз Маскав барои кор ба вилояти Запарожйе ҷалб шуд. Гуруҳи иборат аз 35 муҳоҷирро Евгений Коноплев - коршарики корхонаи “АБЗ Белий Раст” дар вилояти Маскав ба хотири анҷоми корҳои сохтмонӣ киро намуд.

Ин муҳоҷирон таҳти раҳбарии Нурулло бояд хандақ ва паноҳгоҳҳои зеризаминӣ меканданд. Бар ивази кандани як хандақ ба муҳоҷирон дар маҷмӯъ 800 ҳазор рубли русӣ ваъда шуда буд. Ин коргаронро дар қаламравҳои ишғолшудаи вилояти Запорожйе чӣ мегузарад, ташвиш намедод.

Нурулло дар сӯҳбат бо “Система ” нақл кард, кки “хандақҳоро техника меканд, мо дастӣ кор мекардем. Барои пеш бурдани ҷанг ба сарбозон паноҳгоҳ месохтем. Бригадаи мо дар сафи дуввум, 15 километр дуртар аз фронт барои техника паноҳгоҳ бунёд мекард. Ба ҳамин хотир, касе аз тирпарониҳо осеб надид. Моро дар хонаҳои паноҳҷӯён дар наздикии Токмака дар Каменк ҷой карда буданд. ”

Мушкилот, баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ оғоз ёфт. Ба Нурулло ва ҳамкоронаш 800 ҳазор рубли ваъдашударо надоданд. Сергей Коноплев ба муҳоҷирон тақрибан 600 ҳазор рубл пардохта карда, аз додани маблағи боқимонда худдорӣ кардааст. Дар пай муҳоҷирон дигар аз кандани хандақ даст кашида, тасмим гирифтанд, ки ба Маскав баргарданд. Аммо ба гуфтаи Нурулло, теъдоде аз онҳо бинобар бепулӣ натавонистанд қаламравҳои ғасбшударо тарк кунанд ва то ҳол мунтазири маош ҳастанд.

Мардикорони тоҷикро дар Украинаи ишғолшуда фиреб доданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:51 0:00

Нурулло мегӯяд, ӯ ва ҳамроҳонаш, баъди баргашт ба Маскав ба зидди корфармо ба пулис шикоят карданд. ”Мо дар Маскав ариза додем. Дар Запорожйе пулис нест, танҳо низомиён ҳастанд, ки ҳар коре мехоҳанд мекунанд. Мепаронанд, метарконанд, дафн мекунанд, худашон ба худашон ҳал мекунанд”

Як манбаи “Система” низ, ки ба санадҳои пулиси Маскав дастрасӣ дорад, ворид шудани аризаи муҳоҷиронро тасдиқ кард. Баъди ин кормандони пулис Нурулло ва ду коргари дигари тоҷикро боздошт кардаву дар додситонӣ онҳоро тарс доданӣ шуданд.

“Фишор оварда, мехостанд тарсонанд. Аммо ман гуфтам, ҳар коре мехоҳед бикунед. Ба мо таҳдид карданд, ки оё шумо медонед барои рафтанатон ба Запарожйе метавонед якумрӣ маҳбас шавед? Мо гуфтем, “дар он ҷо кор кардем на ҷанг”.

Вазорати корҳои дохилии Русия ва додситонии Маскав ба дархостҳои “Система” посух надоданд. Аммо ба гуфтаи як манбае, ки ба гузоришҳои пулис дастрасӣ дорад, Нурулло ва ҳамкасбонаш “барои нақзи қонуни муҳоҷират” мавриди тафтиш қарор гирифтанд. Вале ҳеҷ қонуншиканиро пайдо накарданд, чунки онҳо дар Русия ба таври қонунӣ қарор доштанд.

Коршарики “АБЗ Белый Раст ” Евгений Коноплев нахост ба суолҳои “Система” посух бидиҳад, аммо рад накард, ки муҳоҷирони киронамудааш дар вилояти Запорожйе кор мекарданд. Дар ҳамин ҳол, як манбаи наздик ба роҳбарияти ширкат ба “Система” гуфт , ки қурбониёни ин ҳодиса худи соҳибкорон мебошанд.

Ба қавли раҳбарияти ширкат, онҳо маблағро пурра пардохт карданд, вале бригадирҳо, аз ҷумла Нурулло пулро ба коргарон надоданд. Дар навбати худ Нурулло, баръакси ин ҳарфҳоро мегӯяд.

Ширкати “АБЗ Белий Раст ” асосан ба корҳои роҳсозӣ ва интиқоли масолеҳи лозимаи сохтмонӣ, мисли бетон, асфалт ва хишт машғул аст.

Фармоишгари асосии давлатӣ корхонаи асфалти ба номи Дмитров «Мосавтодор» мебошад, ки роҳҳои Маскавро идора ва нигоҳубин мекунад. Дар панҷ соли ахир ширкати “Белий Раст” бо як муассисаи буҷавӣ ба маблағи беш аз 1,5 миллиард рубл даҳҳо шартнома бастааст. Ширкати Коноплев барои нигаҳдории роҳҳои мошингарду пиёдагард ёрӣ мерасонад. Соли 2022 Андрей Воробёв, раиси вилояти Маскав ба ин ширкат барои ҳамкориаш изҳори сипос карда буд.

Дар миёни қарордоҳои басташуда ягон шартномае, ки бо минтақаҳои аз ҷониби Русия забтшуда алоқаманд бошад, мавҷуд нест. Бино ба иттилои Би-би-си, ин корхона ҳамчунин ба ҷабҳа маҷмааҳои бетониеро бо номи “дандонҳои аждаҳо" ворид мекард, ки дар сурати ҳамлаи Украина бояд пешравии техникаи вазнинро боздорад.

Артиши Русия ва мақомоти ишғолии ин кишвар аз тирамоҳи соли гузашта минтақаҳои забтшударо барои дифоъ омода мекунанд. Тибқи тасвирҳои маҳвораӣ, хандақхо қариб тамоми хатти тамос — аз Херсон то Клинсиро муҳофизат мекунанд. Хандақҳои Запорожйеро, ки гуруҳи Нурулло дар он ҷо кор мекард, метавон рекордӣ номид. Ахиран дар аксҳое, ки тариқи маҳвора гирифта шуданд, маълум гардид, ки дарозии хандақ 70 километерро дар бар гирифта аз деҳаи Мариновкаи ноҳияи Приморский, шимолу ғарбии Бердянск оғоз ёфта, 9 километр дуртар аз Мелитопол ба охир мерасад.

Ҳуқуқдони украинӣ Павел Лисянский дар сӯҳбат бо “Система” гуфт, ба Нурулло ва муҳоҷирони дигар дар Украина , барои чунин корашон парвандаҳои ҷиноятӣ таҳдид мекунад. Вай меафзояд, ”агар ӯ дар он ҷо хандақ кандааст, ин ба маънои ширкат дар омодагиҳо барои забт намудан ва иштирок дар ҷанг мебошад. Ин амал метавонад ҳамчун огоҳона содир кардани ҷиноят ва ё иштирок дар гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ эътироф карда шавад.”

Дар баробари ин, муҳоҷирони меҳнатиро метавонанд дар кофтукоби байналмилалӣ эълон кунанд. Лисянский гуфт, ба чунин корҳо ҷалб шуданро машварат намедиҳад. «Онҳо ба минтақаи ҷанг ва минтақаи ишғолшуда мераванд. Мутаносибан, дар 90 фоизи ҳолатҳо пулеро, ки барояшон ваъда шудааст, намедиҳанд», - ҳадс зад Лисянский.

Кӯмак ба истилогарон ба моддаи 111, қисми 1-и Кодекси ҷиноии Украина дар бораи "Фаъолияти ҳамкорӣ"-и, ки пас аз оғози ҷанг ҷорӣ шудааст, рост меояд. Ҷазо барои он аз 10 то 15 соли зиндон пешбинӣ шудааст. Коргарон инчунин метавонанд барои убури ғайриқонунии марз айбдор карда шаванд - ин қонуншикании маъмурӣ аст, ки барои он ҷарима ситонида мешавад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG