Ҳазорон зодаи Осиёи Марказӣ бо эҳтимоли зиёд барои ширкат дар ҷанги зидди Украина ба артиши Русия пайвастаанд. Сомонаи тарҳи давлатии Украина бо номи “Зистан мехоҳам” феҳрасти ному насаби зодагони Осиёи Марказиро нашр мекунад, ки дар ҷанги Украина кушта ё нопадид шудаанд.
Ҷавонону мардони украинӣ, ки намехоҳанд дар сафи артиш хидмат кунанд, ба гурӯҳҳои қочоқбар то 15 ҳазор долларӣ мепардозанд, ки онҳоро ғайриқонунӣ ба Руминия баранд. Фирор аз хидмат мушкилоти артиши Украинаро, ки ба таҷовузи Русия муқовимат мекунад, сахттар кардааст.
Мақомоти Лаҳистон мегӯянд, нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар бо кӯмаки нерӯҳои паймони низомии НАТО паҳподҳои воридшудаи Русия ба ҳарими ҳавоии он кишварро сарнагун ва маҳв кардаанд.
Раиси ҷумҳури Амрико, Доналд Трамп дар сӯҳбат бо хабарнигорон ба оғози “марҳилаи дуввум”-и таҳримҳо алайҳи Русия, дар пайванд ба ҷанги Украина изҳори омодагӣ кард.
Як мақоми ҳукумати Амрико гуфтааст, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико зоҳиран ба ҳомиёни калидии Украина бо лаҳни сахте гуфтааст, ки ба Русия ва муттаҳиди аслии он Чин фишори молии бештарро ворид кунанд, то Маскав ба хатми ҷанг дар Украина маҷбур шавад.
Артиши Украина гуфт, дар натиҷаи зарбаи мушакии нерӯҳои Русия ба як тамрингоҳи низомӣ 3 сарбоз кушта ва 18 тани дигар захмӣ шудаанд.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, мӯҳлати таъйиншуда барои созиши оташбас бо Украинаро, ки ба Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дода буд, то 10-12 рӯз кам мекунад. Ин дар ҳолест, ки норизоятӣ аз бомбборони пайвастаи Украина ва набуди пешрафт ба барқарории сулҳ меафзояд.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина гуфт, даври нави музокироти сулҳ бо Русия ба рӯзи 23-уми июл дар Туркия таъйин шудааст ва дар замоне кишварҳои ғарбӣ фишорҳоро ба Маскав афзоиш додаанд, то ба созиши оташбас ризоият диҳад.
Ёфтҳои бештар