Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арзёбии нави талафоти Русия дар ҷанг: 352 ҳазор сарбоз кушта шудааст

Шумори русиягиҳое, ки дар ҷанги зидди Украина кушта шудаанд, то охири соли 2025 ба 352 ҳазор кас расидааст. Ин омор дар пажуҳиши муштараки расонаҳои “Медуза” ва “Медиазона” зикр шудааст.

Шумори русиягиҳое, ки дар ҷанги зидди Украина кушта шудаанд, то охири соли 2025 ба 352 ҳазор кас расидааст. Ин омор дар пажуҳиши муштараки расонаҳои “Медуза” ва “Медиазона” зикр шудааст.

Ин ду расона ба рӯйхати ном ба номи кушташудаҳое такя кардаанд, ки “Медиазона” дар якҷоягӣ бо бахши русии Би-би-сӣ ва гуруҳи ихтиёриён, инчунин сарчашмаҳои расмӣ тартиб додаанд.

Рақами 352 ҳазор аз ҷумла 261 ҳазор марги “одӣ” ва 90 ҳазор маргеро касонеро дар бар мегирад, ки фавтида ва ё бо қарори додгоҳ бенишоншуда эътироф гардида ва ё маргашон бо таъхири бештар аз 180 рӯз сабт шудааст.

Рӯзноманигор мегӯянд, шумори талафоти шаҳрвандони хориҷиеро дар рӯйхати худ ворид накардаанд, ки аз ҷониби Русия зидди Украина меҷанганд.

Омори дақиқи ҳузури тоҷикон дар ҷанги Украина маълум нест. Дар чаҳор соли ҷанг хабари кушта ва нопадид шудани даҳҳо шаҳрванд ва зодаи Тоҷикистон расонаӣ шудааст.

Тарҳи давлатии Украина бо номи “Зистан мехоҳам” номи беш аз се ҳазор зодаи Тоҷикистонро нашр кардааст, ки аз ҷониби Русия муқобили ин кишвар ҷангида кушта ё нопадид шудаанд.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG