Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия дар Бунёди вобаста ба духтари Путин як Маҷмааи дифои мушакӣ месозад

Катерина Тихонова, духтари хурдии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар канори системаи дифои ҳавоии S-400-и Русия.
Катерина Тихонова, духтари хурдии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар канори системаи дифои ҳавоии S-400-и Русия.

Мухтасар

  • Маскав дар ҳоли сохтани як Маҷмааи нави системаи дифои мушакӣ дар наздикии як муассисаи таҳқиқотии вобаста бо духтари Владимир Путин, раисҷумҳури Русия аст. Иқдоме, ки ба назар мерасад, тозатарин талош барои тақвияти дифоъ аз пойтахт дар баробари ҳамлаҳои эҳтимолии мушакии Украина бошад.

Бахши русии Радиои Авруои Озод/Радиои Озодӣ гузориш додааст, ки ба ҳамин ҳадаф дар ҳудуди қароргоҳи Бунёди "Иннопрактика" -- як тарҳи бо пуштибонии ҳукумат амалишаванда бо арзиши 1,7 миллиард доллар, ки раҳбарии онро Катерина Тихонова бар ӯҳда дорад, як айвони бетонӣ сохта ва системаи дифои ҳавоии русии S-400 онҷо ҷобаҷо карда шудааст.

Ин маҷмааи нав, ки дар як нуқтае баланд дар маркази шаҳр қарор дорад, камтар аз 10 километр аз Кремл ва ҳудуди 300 метр аз яке аз биноҳои Донишгоҳи давлатии Маскав фосила дорад ва дастикам панҷумин иншоот аз ин навъ дар ҳалқае дар ҳоли шаклгирӣ дар дохили пойтахти Русия ба шумор меравад.

Як тасвири моҳвораӣ аз ширкати Planet Labs бархе аз мавзеъҳои системаи дифои ҳавоии S-400-ро, ки дар атрофи минтақаҳои марказии Маскав эҷод шудаанд, нишон медиҳад.
Як тасвири моҳвораӣ аз ширкати Planet Labs бархе аз мавзеъҳои системаи дифои ҳавоии S-400-ро, ки дар атрофи минтақаҳои марказии Маскав эҷод шудаанд, нишон медиҳад.

Бар асоси тасвирҳои моҳвораӣ аз макони сохтмон, шакл ва паҳлӯҳои сайт дақиқан бо дигар иншооти низомии монанд дар Маскав, ки дар аввалҳои моҳи июн тавассути Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ шиносоӣ шуда буданд, мутобиқат дорад.

Артиши Русия пештар низ дар Маскав зерсохтҳои дифоии монандро бо истифода аз системаҳои мушакии Pantsir-S1 барои муқобила бо ҳамлаҳои паҳбодии Украина бунёд карда буд.

Аммо ба назар мерасад, маҷмааи навбунёди S-400, ки барои раҳгирии мушакҳо тарроҳӣ шудааст, бо ҳадафи муқобила бо тавонмандиҳои баллистикии дар ҳоли рушди Киев, таъсис дода шудааст.

Маҷмуае аз аксҳои моҳвораии ширкати Planet Labs як сайти системаи дифои ҳавоии S-400-ро дар қароргоҳи Бунёди "Иннопрактика" (рост) нишон медиҳад, ки ба сайтҳои ҳамсони дигар дар Маскав (чап) муқоиса шудааст.
Маҷмуае аз аксҳои моҳвораии ширкати Planet Labs як сайти системаи дифои ҳавоии S-400-ро дар қароргоҳи Бунёди "Иннопрактика" (рост) нишон медиҳад, ки ба сайтҳои ҳамсони дигар дар Маскав (чап) муқоиса шудааст.

Рӯзи 24 июн, Fire Point -- яке аз калонтарин тавлидкунандагони таҷҳизоти дифоии Украина, эълон кард, ки ду мушаки баллистикӣ сохтааст -- нахустин мушакҳое, ки Украина ба таври мустақил ва дар дохили кишвар тавлид кардааст.

Артиши Украина дар моҳҳои ахир ҳамлаҳои паҳподии дурбурди худ ба дохили хоки Русияро афзоиш додааст. Ҳамлаҳое, ки ин кишварро бо бадтарин камбуди сӯзишворӣ дар солҳои ахир рӯбарӯ кардааст.

Дастикам 17 минтақа маҳдудиятҳои маҷбурӣ бар фурӯши бензин ва гази моеъ ҷорӣ кардаанд, дар ҳоле, ки даҳҳо минтақаи дигар низ аз камбуд ё ҷорӣ шудани маҳдудият тавассути ширкатҳои хусусии фурӯши сӯзишворӣ, хабар додаанд.

Дар ҳоле, ки ин таҳаввулот норизоятии рӯ ба афзоишро дар миёни русҳо, пас аз беш аз чаҳор сол, барангехтааст, Кремл ҳеч нишонае аз ақибнишинӣ аз хостаҳои сахтгиронаи худ барои поён додан ба ҷанг нишон надодааст.

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина рӯзи 25 июн эълон кард, ки як амалиёти низомии 40-рӯза аз сӯи Хадамоти амнияти ин кишварро тасдиқ кардааст, то "бар давлати таҷовузгар таъсир бигузорад ва онро ба поён додан ба ҷанг водор кунад".

Бунёди Маҷмааи нави системаи дифои ҳавоӣ дар "Иннопрактика" нишонаи дигаре аз таваҷҷуҳи вижа ба иншооти вобаста бо Путин ва хонаводааш ба шумор меравад.

Аз замони оғози ҷанги густурдаи Русия алайҳи Украина дар соли 2022, беш аз 25 сайти системаи дифои ҳавоӣ, аз ҷумла, як сомонаи S-400 дар Валдай сохта шудааст. Иқомтгоҳе, ки беш аз дигар иқоматгоҳгоҳҳои давлатӣ мавриди алоқаи Путин будааст.

Гуфта мешавад, ки Алина Кабаева, шарики зиндагии эҳтимолии раисҷумҳури Русия, ҳамроҳ бо кӯдаконе, ки иддао мешавад, фарзандони ӯ ва Путин ҳастанд, борҳо аз ин маҷмаа боздид кардааст.

Гӯшаҳо
XS
SM
MD
LG