Бесарнишинҳои Украина дар моҳҳои ахир ҳамлаҳоро ба нимҷазираи Қрим, ки соли 2014-ум аз тарафи Русия ишғол шудааст, бештар кардаанд.
Паҳпод ё ҳавопаймоҳои бесарнишин пул (купрук)-у мошинҳои боркаш ва киштиҳои равонаи Қримро ҳадаф қарор дода, ин амалро "бунбасти логистикӣ" номидаанд, ки таъсираш баръало намоён аст.
Дар соли 2022-юм Қрим пойгоҳи асосии таҷовузи Маскав ба хоки Украина буд.
Вале имрӯз бо гузашти чор соли ҷанг, Украина аз ҳисоби ҳавопаймоҳои бесарнишинаш, ки солҳои ахир хеле пешрафт кардаанд, рафтуомади заминӣ ба Қримро дар масофаи 700 километри заминҳои ишғолшуда хеле душвор кардааст.
Баъди тахриби пули Чонҳар аз тарафи дронҳои украинӣ, Русия дар онҷо понтон ё худ пули муваққат бунёд намуд. Аммо баъди як рӯз бесарнишинҳои миёнапарвози украинӣ онро ҳам тахриб карданд.
Чанде аз киштиҳои сайёҳӣ, ки ба воситаи гузаргоҳи Керч сайр доштанд ва қатораҳои роҳи оҳан, ки соҳилҳои украиниро убур менамуданд, ҳадафи ҳамлаҳои бесарнишинҳои украинӣ шуданд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикояти сайёҳон аз вазъи ногувор дар Қрим зиёд шуда, ронандагон соатҳои тӯлонӣ мунтазири харидани маводи сӯхт барои мошинҳояшон мебошанд. Раиси вилоят фурӯши маводи сӯхтро комилан манъ кардааст.
Тибқи гузоришҳои расида, дар баъзе минтақаҳо муштариён ба таҳлука афтида, ҳар чизи пешомадаро мехаранд. Агар Русия таъмини маводи сӯхтро ба Қрим барқарор накунад, мушкили асосӣ на сайёҳон, балки идомаи амалиёти низомӣ хоҳад буд.
Як блогери маъруфи рус навиштааст, ки нерӯҳои Украина муҳосираи Қримро шадидтар мекунанд. Ҳадафи Киев хеле содда аст. "Сафар ба ин нимҷазираи Баҳри Сиёҳ дар моҳи июни соли равон на осоиш дар соҳил, балки қуръакашӣ барои ҳаёт аст!"
Видеоро инҷо бинед:
Қрим барои Русия, Украина ва бо назардошти ақаллияти азиятдидаи туркзабони тоторҳои ин минтақа барои Туркия аҳамияти бузург дорад.
Шаҳри бандарии Севастопол дар ҷанги соли 1854 ва Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ саҳнаи бархӯрдҳои сарнавиштсоз будааст.
Қрим ва ба вижа шаҳри Ялта осоишгоҳи дӯстдоштаи шоҳони Русия буда, адибоне мисли Толстой ва Чехов ҳам барои истироҳат ба инҷо меомаданд.
Дар поёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Черчил, Рузвелт ва Сталин дар Ялта харитаи Аврупои баъдиҷангиро таҳия кардаанд.
Ин нимҷазираи Баҳри Сиёҳ дар солҳои панҷоҳуми қарни гузашта ба Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии Украина пайваст.
Баъди фурӯпошии шӯравӣ, нимҷазираи Қрим дар ҳудуди Украинаи соҳибистиқлол монд. Бисёре аз мардуми Русия ба ин ҳол мувофиқ нестанд ва онро хатои таърихӣ мешуморанд.
Дар соли 2014-ум, замоне ки дар кӯчаҳои Украина ошӯбҳои зиддиҳукуматӣ ҷараён доштанд, президенти Русия Владимир Путин ба Қрим нерӯ фиристода, нимҷазираро ишғол кард. Сипас як назархоҳии мардумии баҳсбарангезе ташкил карду Қримро ба қаламрави Русия шомил намуд.
Ягон кишвари олам ин иддаои Русияро қабул накардааст, вале мардуми рус аз он ҳушҳол аст. Путин бо харҷи миллиардҳо доллар пуле сохта, Қримро бо роҳи заминӣ ба Русия пайваст.