Баъди маълум шудани ҷузъиёти тарҳи Амрико барои поёни ҷанг дар Украина, Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина дар муроҷиат ба мардуми кишвараш гуфт, Киев дар "яке аз сахтарин лаҳзаҳо"-и таърихи худ ва рубарӯи як интихоби мушкил қарор дорад.
Зеленский 21-уми ноябр дар паёми видеоӣ ҳушдор дод, ки Украина дар остонаи "аз даст додани як шарики калидӣ" аст, аммо "ба манофеи худ хиёнат нахоҳад кард".
Раиси ҷумҳури Украина дар ин паём гуфт, давлати ӯ "бо оромӣ бо Амрико ва тамоми шарикон кор хоҳад кард". Владимир Зеленский ваъда дод, ки ҳамроҳ бо Вашингтон "роҳи ҳалли созанда"-ро ҷустуҷӯ мекунанд.
Владимир Зеленский дар вақти суханронӣ барои мардум либоси сиёҳ бар тан дошт ва лаҳни суханрониаш ғамгинона буд. "Мумкин аст Украина ба як интихоби бисёр душвор рубарӯ шавад. Ё аз даст додани шаҳомат ё хатари аз даст додани як шарики калидӣ (ИМА)".
Зеленский гуфт, "ё 28 банди дарднок ё зимистони фавқулода сахт-сахтарин ва хатарҳои бештар. Зиндагии бидуни озодӣ, бидуни шаҳомат, бидуни адолат".
Рӯзи 20-уми ноябр Амрико нусхаи тарҳи сулҳи ин кишвар барои поёни ҷанг дар Украинаро дар ихтиёри Зеленский гузошт. Ин тарҳ аз 28 банд иборат аст.
"Ман далелҳоро пешниҳод мекунам, қонеъ мекунам, ҷойгузин пешниҳод мекунам, аммо қатъан ба душман далел намедиҳем, ки бигӯяд Украина хоҳони сулҳ нест", - афзуд Зеленский.
Ин суханон нишон медиҳад, ки Киев ба дунболи эҷоди тағйироти асосӣ дар тарҳи Амрико аст.
Владимир Зеленский 20-уми ноябр ва қабл аз мулоқоти мақомоти Украина бо намояндагони Пентагон гуфт, пешнависи тарҳи Амрикоро дарёфт карда ва ният дорад, ки дар бораи он бо Доналд Трамп гуфтугӯ кунад. Ин суҳбат эҳтимол ин ҳафта анҷом шавад. Зеленский рӯзи 21-уми ноябр бо Ҷей Ди Венс, муовини раиси ҷумҳури Амрико гап задааст.
Зеленский 21-уми ноябр дар шабакаи X (Твиттер) навишт, "мо рӯйи санаде, ки аз сӯи Амрико таҳия шуд кор мекунем. Ин бояд тарҳе бошад, ки сулҳи воқеӣ ва обрӯмандро таъмин кунад".
Раиси ҷумҳури Украина дар паёми видеоӣ ба мардум аз пурра рад кардани пешниҳоди Амрико худдорӣ кард.
Тарҳи Вашингтон барои поёни ҷанги Украина ҳафтаи гузашта ногаҳонӣ матраҳ шуд.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи ҷумъаи 21-уми ноябр дар гуфтугӯ бо Fox News гуфт, бовар дорад, ки рӯзи шукргузорӣ (28 ноябр) "муҳлати муносибе" барои тасмимгирии роҳбарони Украина дар мавриди ин тарҳ аст.
Муҳтавои пешниҳоди Амрико чист?
Нусхаи пешниҳодие, ки ба дасти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ва дигар расонаҳо расид, нишон медиҳад, ки агар ин тарҳ дар шакли феълӣ пазируфта шавад, Украина бояд беш аз 20 дарсади қаламрави худро расман ба Русия вогузор кунад. Тибқи ин пешниҳод, Киев бояд шумораи артиши худро маҳдуд кунад ва ҳамчунин дар Қонуни асосӣ нависад, ки шомили паймони НАТО намешавад.
Ин тарҳ ҳамчунин маҳдудиятҳое барои НАТО ҷорӣ мекунад, аз ҷумла мамнуияти густариши бештари ин эътилоф ё ҷойгир кардани неруҳо дар Украина. Илова бар ин тарҳ пешбинӣ мекунад, ки мунзавӣ шудани Русия дар Ғарб поён меёбад ва таҳримҳои зидди Маскав низ марҳила ба марҳила аз байн бурда мешаванд. Инчунин роҳи Русия барои бозгашт ба ҳафтгонаи бузург ҳамвор мешавад. Соли 2014 баъди ишғоли нимҷазираи Қрим, Русияро аз ҳафтгонаи бузург хориҷ карда буданд.
На ИМА ва на Украина матни ин нусхаи 28 моддаиро тасдиқ накардаанд. Мақомоти Русия низ дар ин бора изҳори назар накарданд.
Гузоришҳои аввалия нишон медиҳад, ки ин тарҳ миёни Амрико ва Русия ва бидуни ширкати Украина таҳия шудааст. Ин чиз нигарониҳоро дар бораи таҳмили ин созиш бар Украина эҷод кардааст.
Пеш аз суҳбати Трамп бо Fox News, нашрияи бритониёии "Financial Times" ба нақл аз мақомҳои Украина гузориш дод, ки давлати Трамп ба Зеленский ва аъзои тими ӯ гуфтааст, Кохи Сафед мехоҳад ҷанги Украина то соли нави мелодӣ ба поён расад.
Манобеи хабаргузории Ройтерс гуфтаанд, фишори Вашингтон бар Киев назар ба гузашта бештар шудааст. Ба қавли ин манбаъ, Амрико таҳдид кардааст, ки пешниҳоди маълумоти истихборотӣ ва ирсоли силоҳро коҳиш медиҳад.
Сухангӯи Кохи Сафед рӯзи 20-уми ноябр гуфт, "ин тарҳи хубе барои ҳар ду тараф" Русия ва Украина аст ва "мо сахт талош дорем он ба натиҷа бирасад".