Бар асоси ин чорчӯби пешниҳодшуда, Украина бахше аз қаламрав ва бархе аслиҳаи худро бояд вогузор кунад.
"Рейтерз" гузориши худро бар асоси изҳороти "ду манбаи огоҳ" нашр кардааст, ки бинобар ҳассосияти мавзӯъ, нахостаанд номашон ошкор шавад. Онҳо гуфтанд, ин пешниҳодҳо шомили коҳиши андозаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва мавридҳои дигар аст ва Вашингтон мехоҳад Киев нуқтаҳои аслиро бипазирад.
Мақомоти расмии Амрико ва Украина ҳанӯз дар бораи ин тарҳ ва ин гузориш изҳори назар накардаанд.
Пештар аммо вебсайти Axus аз талоши Амрико ва Русия барои таҳияи тарҳи маҳрамонае барои поён додан ба ҷанги Украина, ки ҳоло дар остонаи чаҳорсола шудан аст, хабар дода буд.
Хабаргузории "Франс-пресс" навишт, Кремл аз изҳори назар дарбораи гузориши ин расонаҳои амрикоӣ низ худдорӣ кардааст.
Шабакаи CNN ҳам рӯзи 18 ноябр ба нақл аз манбаъҳои огоҳ гузориш дод, ки Стив Виткофф, фиристодаи вижаи Амрико, масъули кор бар рӯи тарҳи нав барои ҳалли бӯҳрони Украина аст.
Ба гуфтаи ин шабака, "фиристодаи вижаи раисҷумҳури Амрико, Стив Виткофф, ки дар маркази гуфтугӯҳои ҳукумат бо Маскав қарор доштааст, раҳбарии ин талошҳоро бар ӯҳда дорад".
Яке аз манбаъҳои огоҳ ҳам ба CNN гуфтааст, ки ин гуфтугӯҳо дар ҳафтаи ҷорӣ афзоиш ёфтааст, зеро Вашингтон дарёфтааст, ки Маскав барои чунин муомила омода аст.
Ин гузоришҳо дар ҳоле аст, ки Русия ахиран шабакаи энержии Украинаро дар остонаи зимистон ҳадаф қарор дода ва нерӯҳои хастаи украинӣ низ дар хатти пеши ҷанг зери фишоранд.
Умеди аслии Киев ин аст, ки Вашингтон бо ҷорӣ кардани таҳримҳо битавонад Русияро ба мизи музокирот биёварад.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико талош кардааст аз робитааш бо Владимир Путин, президенти Русия барои поёни ҷанг истифода кунад, аммо то кунун пешрафте надоштааст.
Путин борҳо дархостҳои оташбасро рад карда ва аз Зеленский хостааст барои поёни ҷанг, қаламравҳои бештаре вогузор карда, аз ҳимояти Ғарб чашм пӯшад. Пешниҳодҳое, ки Киев онро баробар ба таслим шудан медонад.
Дар майдони ҷанг нерӯҳои Русия оҳиста, аммо пайваста пешравӣ мекунанд ва Маскав исрор дорад, ки агар Украина ба дархостҳояш тан надиҳад, ба ҷанг идома хоҳад дод.
Дар охирин ҳамлаҳои Русия ба Украина дар субҳи 19 ноябр даҳҳо нафар дар минтақаҳои гуногуни он кишвар кушта ва захмӣ шуданд. Ба гуфтаи мақомоти украинӣ, дар байни кушташудаҳо кӯдакон низ ҳастанд.
Ин ҳамлаҳо дар ҳоле рух дод, ки Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина барои гуфтугӯ бо Раҷаб Таййи Эрдуғон, ҳамтои туркаш ба ин кишвар рафта буд, то талош кунад раванди сулҳро дубора фаъол кунад.
Аммо Стив Виткофф, фиристодаи вижаи Трамп, бар хилофи интизори Киев дар музокироти рӯзи чаҳоршанбе ширкат накард. Ҳеч мақоми рус низ дар ин гуфтугӯ ҳозир набуд.
Бо ин ҳол, Эрдуғон бори дигар аз Русия ва Украина хост, ки музокироти Истанбулро дигарбора оғоз кунанд. Дар даврҳои қаблӣ ҷонибҳо асиронро мубодила карданд ва ҷасадҳои сарбозони кушташударо ба якдигар супурданд.
Гуфтугӯ