Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дабири кулли НАТО: Ҳадаф Украинаи қавиест, ки Русия дигар ба он ҳамла намекунад


Марк Рутте ҳангоми мусоҳиба бо Радиои Озодӣ
Марк Рутте ҳангоми мусоҳиба бо Радиои Озодӣ

Марк Рутте, дабири кулли паймони низомии НАТО, гуфт, тарҳи пешниҳодии Амрико дар бораи хатми ҷанг дар Украина кумак кардааст, ки Вашингтон ва Киев дар ин масъала ба пеш ҳаракат кунанд.

Ӯ рӯзи 24-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ дар шаҳри Брюссел гуфт, музокироти ҳайатҳои Украина ва Амрико дар шаҳри Женева дар рӯзҳои истироҳати гузашта бисёр муваффақ буданд. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар суҳбат бо Марк Рутте нахуст аз ӯ пурсид, ки оё тарҳи 28-бандии сулҳ ба назари ӯ заминае хубе барои барқарории сулҳ дар Украина ҳаст?

Марк Рутте: “Баъзе аз нукот бояд ба таври возеҳ баррасӣ шаванд. Вале ончӣ мо дар музокироти Женева дидем, як асос шуд, ки Украинаву Амрикоро барои ҳаракат ба самти пеш наздик сохт. Албатта, кори зиёде ҳаст, ки бояд анҷом шаванд, вале ҳайати украинӣ ва ҳайати амрикоӣ гуфтугӯи бисёр босамаре доштанд. Ман дар бораи ҳар хати ин тарҳ шарҳ намедиҳам, вале он ҳамчун асос ба ҳадафи худ расид, ки ду тарафро ба муколамаи воқеӣ раҳнамун кунад.”

Радиои Озодӣ: Оё шумо ҳам мисли дигар шарикони Украина дар масъалаи коҳиши нерӯҳои Украина ва вогузории қисмате аз қаламравҳояш ба Русия нигарон ҳастед?

Марк Рутте: “Дигарбора мегӯям, ки ман ҳар хати тарҳро шарҳ намедиҳам ва иҷозаи гуфтани ҳар чизеро, ки аз музокироти дирӯза шунидам, надорам. Албатта, баррасиҳо ҳоло ниҳоӣ нашудаанд. Амрикоиҳо ва украиниҳо баррасиҳоро идома медиҳанд. Аммо дар ин масъала мо назари возеҳ дорем ва дар инҷо ман бо ҳадафи ниҳоии раисҷумҳури Амрико мувофиқ ҳастам. Ҳадафи ниҳоӣ, ки Доналд Трамп аз моҳи феврал сари он кор мекунад, Украинаи мустақили дар ҳоли пешрафт ва кишвари қавиест, ки Русия дигар ба он ҳамла намекунад. Ҳамаи мо барои ҳамин кӯшиш дорем.”

Радиои Озодӣ: Оё Украинаву шариконаш дар НАТО метавонанд, ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бовар кунанд, ки дигар ба Украина ҳамла намекунад?

Марк Рутте: “Медонед, ман вақте нахуствазири Ҳолланд будам, бо Путин кор кардаам, то замоне ки моҳи майи соли 2014 ба Қрим ҳамла кард. Шояд ман ё каси дигар ба шумо гуфта бошад, ман дигар барои дарки ин мард саъй накардаам. Вале як чизро ба таври кул дар бораи русҳо ва шахсан Путин медонам. Ҳар вақт шумо ба созише даст ёфтед, бояд мутмаин бошед, ки ба нафъи вай аст. Аз ин рӯ, бисёр муҳим аст, ки ҳар гоҳ созиши сулҳ дар Украина ҳосил шавад, ӯ ҳаргиз дигарбора талош накунад. Агар ӯ бидонад, ки оқибатҳои талоши таҷовузи дигарбора ба Украина барои ӯ харобиовар мешаванд, ӯ ин корро намекунад. Албатта, дар сурати ҳосил шудани созиши дарозмуддати оташбас ва ё беҳтар созиши сулҳ.”

Тарҳи 28-бандии Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико пешбинӣ мекард, ки Украина бояд қисматҳое аз қаламравҳояшро дар ихтиёри Украина гузорад ва артиши хурду аслиҳаи камтар дошта бошад.

XS
SM
MD
LG