Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулсина - зани танҳо ва ғамхори 18 саг. ВИДЕО


Гулсина мегӯяд, Худо ризқи сагҳоро бо дасти ӯ додааст.
Гулсина мегӯяд, Худо ризқи сагҳоро бо дасти ӯ додааст.

“Баъзан меоянду мегӯянд, ки онҳоро куштан лозим. Табъам ҳамон рӯз бад мешавад, фишори хунам боло меравад. Вале ман шикоят намекунам. Метавонам ба шӯъбаи милиса рафта шикоят кунам, вале медонам, ки онҳо боз худи маро гунаҳгор мекунанду мегӯянд, ки саги бисёр неву як саг гирӣ намешавад.”

Гулсина Муҳитова 70-сола аст ва дар маркази шаҳри Исфара танҳо зиндагӣ мекунад. Солҳост, ки сагҳои бесоҳибу бехона ё “дайду”-ро нигоҳубин мекунад. Пайвандони Гулсина дар Тотористони Русия зиндагӣ мекунад. Гулсина ҳамроҳи падару модараш чанд сол дар ҷануби Қирғизистон низ зиндагӣ кардааст ва модараш онҷо хок шудааст.

Ӯ хушҳол аз он аст, ки бо амри тақдир ба Исфара барои кору зиндагӣ омадааст. Вай бештар аз 40 сол боз дар инҷо зиндагӣ мекунад ва касбаш парастор аст. Гулсина Муҳитова: “Дар 45-солагӣ, вақти азҳампошии шӯравӣ ба нафақа баромадам. Нафақаам ҳоло 330 сомонӣ аст. Бо пули русӣ 2 ҳазор 200 рубл мешавад. Ана, илоҷатро ёб.”

Вале бо вуҷуди тангдастӣ аз нигоҳубини ҷонварон даст намекашад. Ба андешааш, худованд ризқи ҷонваронро бо дасти ӯ додааст. Мегӯяд, вақте як пиронсолро ҷонварон иҳота мекунанд, танҳоиро ҳис намекунад: “Аз бачагӣ, дар ҳавлии падарам ҳамеша сагбача пур буд. Саг дӯсти инсон аст. Мегӯянд, ки сари саг ҳам мисли одам ду нимкура дорад: яке фикр ва дигаре амал мекунад. “

Гулсина забони ҷонваронро хуб омӯхтааст ва дар назди сагҳо чандин парандаи хонагиро низ парвариш мекунад. Вай аз ин ҳисоб рӯздармиён ғизои хонагиашро меёбад. Сагҳояш ба ба парандагон зиён намерасонанд.

Гулсина, зани тотортабори Тоҷикистон як орзу дорад: “Орзу дорам, дар оянда, илоҳо Худо кӯмак кунад, мехоҳам ба Қазон равам. Барои зиндагӣ дар оянда. Намедонам, вале ин як орзу аст. Тоторҳо як суруд доранд, номаш “Ба ватани худ баргардед”, яъне дар бораи ватан аст. Танҳо зиндагӣ кардан бисёр сахт аст. Танҳо зиндагӣ кардан бисёр сахт аст. Худоро шукр, аз саломатиам бохабар ҳастам, коргари тиб, ки ҳастам, ғами худамро хӯрда метонам. Дигарашро намедонам. Бисёр мехоҳам равам зиндагии зебое дошта бошам. Метавонистам, масалан, дар як толори варзишӣ кор кунам. Ба театру консерт равам. Мехоҳам. Ин ҷо мо чиро мебинем? Театри мо як бозорравӣ асту бас. "

Достони Гулсинаву сагонашро инҷо бубинед:

Гулсина - зани танҳо ва ғамхори 18 саг
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:05 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG