Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дастархони сурх"-и Далер Меҳтоҷев дар Душанбе муаррифӣ шуд. ВИДЕО


Дар Душанбе "дастархони сурх"-и Далер Меҳтоҷев доман паҳн кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:23 0:00

Дар Душанбе "дастурхони сурх"-и Далер Меҳтоҷев доман паҳн кард

Дар Душанбе намоишгоҳи наққошиҳои Далер Меҳтоҷев, рассоми шинохтаи тоҷик, боз шуд. Ин намоишгоҳ, зери унвони “Дастархони сурх” дар бинои Осорхонаи миллии Тоҷикистон то охири моҳи май идома мекунад.

Дар намоишгоҳ даҳҳо асаре ба намоиш гузошта шудааст, ки наққош дар се соли ахир офаридааст. Ҷолиб ин аст, ки аксари онҳо бо ранги сурх эҷод шудаанд.

“Вақте мушоҳида кардам, ки чаро ман ин қадар ба ранги сурх рағбат дорам, кофтукоб мекардам, ки ин ранг чи маънӣ дорад ва чаро маро даргир аст. Хеле пайгирӣ кардам. Ранги сурх дар зиндагии инсон маънии хеле зиёд доштааст, чи дар бахши рассомӣ ва ё чӣ дар зиндагии маъмулӣ. Аз қадим ҳар урфу одатҳо ҳастанд, ки ранги сурх дар табадулоти зиндагии инсон нақш дорад. Якеро ба баландӣ мебарад, якеро саркуб мекунад. Нақши ранги сурх хеле муассир аст. Яке парҳез дорад, яке бо ранги сурх хушбахт мешавад. Яъне маро ба тааҷҷуб овард,”—гуфт, Далер дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ӯ хатмкардаи Коллеҷи рассомӣ ва Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзода мебошад. Мегӯяд, ҳар асараш маънии хосе дорад ва ҳар кас наққошиҳои ӯро ба таври худ дарк мекунад. Ин наққоши тоҷик миёни фарҳангиён ва дӯстдорони ҳунар дар Тоҷикистон бо сабки худ фарқ мекунад. Ӯ дар гузашта рубоиҳои Умари Хайёмро бо даҳҳо тасвири кӯза ҳамчун “рамзи ҳаёт ва кавну макон” нигошта буд. Тавре худаш мегӯяд, дар маҷмуъ эҷодаш дарди дили ҳаводоронаш аст.

Номи Далер кайҳо аз марзҳои Тоҷикистон берун рафтааст. Дар берун аз кишвар низ харидор дорад. Ӯ мегӯяд, бештар дар пайи эҷод аст ва барои ба фурӯш рафтан ё нарафтан наққошӣ намекунад.

Далер Меҳтоҷев ҳамчунин дар ороиши филмҳо низ комёб аст. Ин намоишгоҳ, ки як марҳилаи пурбори корномаи ӯст, ӯро барои эҷоди асарҳои нав илҳом мебахшад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG