Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон имсол аз Тоҷикистон барқи бештар мегирад


Узбекистон имсол гирифтани барқро аз Тоҷикистон якуним баробар зиёд хоҳад кард.

Тибқи иттилои Шабакаҳои миллии барқи Узбекистон, бар асоси созишномае, ки бо "Барқи тоҷик" имзо шудааст, Тоҷикистон дар моҳҳои май-сентябри соли 2023 фурӯши нерӯи барқро ба ин кишвари ҳамсоя ба 1,28 миллиард киловат соат мерасонад.

Дар зимн, мақомоти Тоҷикистон аз моҳи январ то апрели имсол аз фурӯши нерӯи барқ 8,6 миллион доллар фоида ба даст оварданд.

Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳабдаҳуним дарсад бештар аст.

Содироти барқи Тоҷикистон ба хориҷ ҳамеша як мавзӯи баҳсбарангез мемонад.

Баъзе аз сокинон мегӯянд, аввал бояд мардум дар кишвар бо гармиву рӯшноӣ таъмин шаванд, баъд барқ ба хориҷа фурӯхта шавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG