Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дахолат" ва "инқилоб". Натиҷаҳои нишасти сарони ОМ ва Чин. ВИДЕО


Раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Чин, 19-уми майи 2023
Раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Чин, 19-уми майи 2023

Дар ҳоле ки сарони ҳафт кишвари пешрафтаи саноатӣ дар Ҷопон роҳҳои пешгирӣ аз "фишори иқтисодӣ"-и Чинро меҷӯянд, Пекин мегӯяд, марҳалаи нав ва густардаи робитаҳояшро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз кардааст.

Чин ва кишварҳои минтақа – Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон – рӯзи 19-уми май эъломияи Сианро имзо карданд. Раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин гуфт, дар робитаҳои кишвараш бо давлатҳои Осиёи Марказӣ саҳифае боз шуд, ки бо нерӯи ҳаётияш фарқ мекунад.

Шиорҳое, ки дар нишаст садо доданд, нав нестанд ва солҳост, байни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфта мешуданд, вале созишномаҳои наве, ки имзо шуданд, сармоягузориҳои Чинро ба даҳҳо миллиард доллар мерасонанд ва воқеан баёнгари "фишори пулӣ ё иқтисодӣ"-и Чин ба кишварҳои минтақа буда метавонанд. Тоҷикистон бо ин кишвар рӯзи 18-уми май 25 санад имзо кард.

Ин як фарқи ҳамоиши Сиан аз нишастҳои гузашта аст ва фарқи дигараш он аст, ки ба воситаи ин қарордодҳо Чин амалан ба ҳамаи риштаҳои ҳаёти кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳ меёбад. Асоситарин ва муҳимтарин нукта ин таъкид ба суботу амният дар ин минтақа аст. Си Ҷинпин рӯзи ҷумъа гуфт, ҷаҳон ба Осиёи Марказии устувор ва босубот ниёз дорад.

Агар ба шартномаҳои имзошуда низ нигарем, амният ва субот қариб дар ҳамаи онҳо зикр шудааст. Акнун Чин мегӯяд, ба таҳкими тавони нерӯҳои интизомӣ ва дифоии кишварҳои Осиёи Марказӣ кумак хоҳад кард ва даъват намуд, ҳама якҷоя ба ҳама гуна дахолат аз берун барои роҳандозии “инқилобҳои ранга” мубориза кунанд.

Яъне, акнун Чин даъво дорад, ки ҳомии ин кишварҳо, дақиқтараш, ҳомии раҳбарон ва элитаҳои ҳокими ин кишварҳо хоҳад буд. Дар гузашта ин нақшро бештар Русия ба ҷой меовард, ки акнун даргири ҷанги Украина аст. Дар зимн, ҳеч яке аз тарафҳо дар нишасти Сиан аз ҷанги Украина ёде накард.

Навор дар инҷост:

Натиҷаҳои нишасти сарони Осиёи Марказӣ ва Чин
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:25 0:00

Масъалаи амният тақрибан дар ҳамаи қарордодҳо зикр мешавад. Барои намуна, машқҳои ҳарбии зиддитеррористии Чину Тоҷикистон бештар хоҳанд шуд; бо ёрии Чин маркази таҳлили додаҳо ё “Дата Сентр”, яъне ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот ташкил хоҳад шуд. Замонате нест, ки Чин ин ҳама маълумотро ба манфиати худаш истифода накунад.

Баръакс, ҳар яке аз раҳбарони минтақа пешниҳод мекарданд, ҳамкориҳо амиқтар ва васеътар шаванд.

Содир Ҷабборов (Жапаров), раҳбари Қирғизистон, пешниҳод кард, ки стратегияҳои миллии ҳамаи шаш кишвар якҷоя карда шаванд.

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, қарордоди бекор кардани визаи сафарро байни ду кишвар имзо кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, 40 барномаи нави сармоягузории чиниҳоро дар Тоҷикистон дар миён гузошт.

Сардор Бердимуҳаммадов, раҳбари Туркманистон, хоҳони фурӯши бештари газ ба Чин ва ташкили форуми ҷавонони Чину Осиёи Марказӣ шуд.

Дар ҷавоб Чин наздик ба 4 миллиард долларро ба кишварҳои минтақа ҳамчун кумаки бебозгашт тақдим намуд. Ёрие, ки маълум нест ба нафъу ба зарари кист.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG