Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тобути сарпӯшида. Тартиби дафни террористҳо дар Тоҷикистон 


Гӯри наздикони Гулмурод Ҳалимов дар Варзоб, ки ба пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ айбдор шуда буданд.
Гӯри наздикони Гулмурод Ҳалимов дар Варзоб, ки ба пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ айбдор шуда буданд.

Ҳукумати Тоҷикистон қарори чи гуна гӯрондани террористҳоеро, ки ҳангоми амалиёти зиддитеррористӣ ё ҳамлаи интиҳорӣ (маргталабона) кушта шудаанд, қабул кард.

Бар асоси қарори нав аз 28-уми апрели имсол, мақомоти шаҳру ноҳияҳо ва созмонҳои масъули гӯручӯб ҷасади террористҳои кушташударо дар ҷойи гуфтаи мақомоти тафтишотӣ дафн хоҳанд кард. Санадро рӯзи 5-уми май дар Вазорати адлия сабтином кардаанд. Радиои Озодӣ нусхаи онро рӯзи 22-юми май дид.

“Дар мавриди ҷойи дафн маълумот дода нахоҳад шуд,” – омадааст дар қарори ҳукумат.

Тибқи қарори нав, дар дафтари сабт санаи таваллуд ва рақами қабр навишта мешавад, аммо ному насаби “террорист” сабт намегардад.

Интиқоли ҷасад ҳам ба макони дафн дар тобути сарпӯшида (гроб) сурат мегирад.

Дар мавриди шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бе шаҳрвандӣ, ки дар амалиёти зиддитеррористӣ кушта шудаанд, намояндагиҳои дипломатии кишварашон тавассути Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон огоҳ карда хоҳанд шуд.

То кунун ҷасади баъзе аз онҳоеро, ки дар натиҷаи амалиёти мақомот кушта шуданд, ба наздиконашон додаанд ва ё ҷойи дафни онҳо маълум аст. Ин ҷасадҳоро зери назорати маъмурони интизомӣ аз сардхона ба гӯристон бурдаанд.

Аммо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар соли 2011 гуфта буд, ки ҷасади аъзои гурӯҳи Алии Бедакӣ (Аловиддин Далатов)-ро дар Рашт ба соҳибонашон намедиҳанд ва маҳалли дафни онҳо низ махфӣ мемонад.

Мақомоти Тоҷикистон ҳар чанд вақт дар бораи вуҷуди шахсони гумонбар ба терроризму ифротгароӣ ва хунсо кардани нақшаи харобкоронаи онҳо гузориш медиҳанд. Созмону кишварҳои ғарбӣ мансабдорони Тоҷикистонро танқид мекунанд, ки баъзан бо баҳонаи мубориза бо терроризм мухолифон ва дигарандешонро саркӯб мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG