Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинон дар Исфара ба Гулсина фишор оварданд, то аз сагҳояш даст кашад. ВИДЕО


Гулсина Муҳитова, сокини Исфара
Гулсина Муҳитова, сокини Исфара

Дар шаҳри Исфара гурӯҳе аз сокинон ба зане, ки сагҳои бесоҳибро ҷамъ ва парвариш мекард, фишор овардаанд, то аз ин кораш даст кашад ва сагҳояшро аз маҳалла кӯчонад.

Гулсина Муҳитова 70-сола аст ва дар маркази шаҳри Исфара танҳо зиндагӣ мекунад. Солҳост, ки сагҳои бесоҳибу бехона ё “дайду”-ро нигоҳубин мекард. Пайвандони Гулсина дар Тотористони Русия зиндагӣ мекунанд.

Ӯро талаби сокинонро иҷро кард, вале аз ҷудоӣ аз сагҳо ғамзада аст. Гулсина Муҳитова мегӯяд, бе сагҳо зиндагӣ барояш сахт шудааст. “Онҳо хеле маро хушҳол мекарданд. Ҳоло наворҳои бо онҳо буданро тамошо мекунаму афсӯс мехурам. Ҳоло шояд ягон зарар мерасонданд, вале муваққатӣ буд. Вақте калон мешаванд, хуб мешуданд. Ман онҳоро сарзаниш мекардам ва дар ҷое навозиш менамудам. Акнун онҳо нестанд,”—гуфт, ӯ.

Видеоро инҷо бинед:

Баъди ихроҷи сагҳо, соҳибашон дилсард шуда, мехоҳад, тарки Тоҷикистон кунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:11 0:00

Гулсина мегӯяд, ҳоло аз 18 саге, ки нигоҳубин мекард, сето мондааст. 15 саги дигарро маҷбур шудааст, баъди шикояти ҳамсоягонаш ба ҷойи дуртар барад.

Ҳудуди даҳ нафар аз ҳаммаҳаллаҳои Гулсина барои нобуд кардани сагҳо ба идораи пулис муроҷиат кардаанд. Онҳо нахостанд, дар видео сабабро шарҳ диҳанд, вале нозири минтақавии милиса гуфт, ҳоло тафтиши моҷаро идома дорад.

“Кушиш мекардам, ба шахсони сагдӯстдор бидиҳам, вале барои онки онҳоро напаронанд, ба як ҷойи дур бурдам. Ба як ҷое, ки ҷӯю об дорад. Ҳамаашонро ба ҷое бурдам, ки одамони бад онҳоро накушанд,”—гуфт, Гулсина Муҳитова, сокини шаҳри Исфара.

Гулсина забони ҷонваронро хуб омӯхтааст ва дар назди сагҳо чандин парандаи хонагиро низ парвариш мекунад. Вай аз ин ҳисоб рӯздармиён ғизои хонагиашро меёбад. Сагҳояш ба парандагон зиён намерасонданд ва кушиш мекард, ки ба раҳгузарон ҳам халал нарасонад.

Гулсина, ҳамакнун баъди аз сагҳояш ҷудо шудан ният дорад, орзуи асосиашро амалӣ кунад ва ба Тотористон баргардад. То ин вақт сагҳо ӯро ин ҷо нигоҳ медоштанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG