Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мишустин дар Чин: Фишорҳои Ғарб боис ба тақвияти робитаҳои Маскав ва Пекин шуд


Си Ҷинпин (аз рост) бо Михаил Мишустин

Нахуствазири Русия дар сафар ба Чин гуфтааст, ки афзоиши фишор ва таҳримҳои Ғарб боис ба тақвияти робитаҳои Маскав ва Пекин шуд.

Михаил Мишустин дар сафари аввалини расмии худ ба Чин дар мақоми нахуствазири Русия бо раиси ҷумҳури Чин, сарвазири ин кишвар ва раиси Бонки рушди BRICS дар Пекин мулоқот кард.

Суханронӣ дар нишасти тиҷоратии дуҷониба дар Шонгҳой яке аз муҳимтарин барномаҳои нахуствазири Русия дар ин сафар зикр шудааст.

Ин сафар бо даъвати Си Ҷинпин анҷом мешавад, ки ду моҳ пеш танҳо чанд рӯз пас аз судури қарори боздошти Владимир Путин аз сӯйи Додгоҳи байнулмилалӣ, бо раиси ҷумҳури Русия дар Маскав дидор ва ба густариши ҳарчи бештари робитаҳо таъкид кард.

Михаил Мишустин рӯзи 24-уми май дар мулоқот бо раиси ҷумҳурии Чин "саломи гарм"-и Путинро ба Си Ҷинпин расонд ва ҳангоми музокирот бо нахуствазири Чин эълон кард, ки робитаҳои дуҷониба ба таври бесобиқа боло рафтааст.

Ӯ ишора кардааст, ки ин "ҳамсӯйии ҳарчи бештари ду кишвар аз муқобила бо чолишҳои муштараки вобаста ба нобасомониҳои байнулмилалӣ ва фишори таҳримҳои ғайриқонунии Ғарб сарчашма мегирад".

Мишустин изҳори умед кардааст, ки иттиҳоди ду кишвар ва талошҳо барои тақвияти ҳамгироии ҳамаҷониба ва робитаҳои стратегии Русия ва Чин давомдор бошад.

Михаил Мишустин эълон кард, ки дар даҳ соли охир Чин шарики аслии Маскав буда, ҳоло Русия дар рутбаи ҳафтум миёни шарикони аслии тиҷории Чин қарор дорад.

Ӯ тавзеҳ дод, ки соли гузашта тиҷорати дуҷонибаи ду кишвар 190 миллиард доллар буд ва пешбинӣ мешавад ин рақам то поёни соли 2023 ба 200 миллиард доллар бирасад.

Русия дар се моҳи аввали соли ҷорӣ рӯзона ҳудуди ду миллион бушка нафт ба Чин фурӯхта ва бузургтарин фурӯшандаи нафт ба ин кишвар шудааст. Ҳамзамон, тибқи гузоришҳо, арзиши нафти содиротии Русия ҳудуди 30 дарсад арзонтар аст.

Бо онки Русия пас аз оғози ҷанг алайҳи Украина омори тиҷорати байнулмилалии худро нашр намекунад, аз гузориши гумруки Чин пайдост, ки дар се моҳи имсол содироти Русия ба Чин 30 дарсад афзоиш ёфтааст ва ба ҳудуди 30 миллиард доллар расидааст. Содироти Чин ба Русия якуним баробар шуда, ҳудуди 25 миллиард доллар аст.

Чин худро дар ҷанги Русия алайҳи Украина бетараф муаррифӣ мекунад, аммо на танҳо ин ҷангро маҳкум накард, балки ҳамвора пуштибони Маскав дар арсаи байнулмилалӣ будааст.

Тайи якуним соли гузашта мақомҳои чинӣ беш аз 30 бор бо ҳамтоёни руси худ ва танҳо панҷ бор бо ҳамтоёни украиниашон дидор ё телефонӣ гуфтугӯ карданд. Чаҳордаҳ моҳ тӯл кашид, то Си Ҷинпин бо Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, гуфтугӯ кунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG