Дар чанд ҷумла
Созиши намояндагони Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи дрон
Намояндагони Тоҷикистон ва Қирғизистон ба созиш расидаанд, ки дар минтақаҳои сарҳадӣ аз дрон ё бесарнишин ва техникаи сангини ҳарбӣ истифода накунанд.
Созиш рӯзи 24-уми май дар мулоқоти раиси Суғди Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси Бодканди Қирғизистон Абдикарим Алимбоев ба даст омадааст. Хабари ба ин монандро Аҳмадзода ҳанӯз моҳи феврали имсол гуфта буд.
Бахши қирғизии Радиои Озодӣ бо такя ба дафтари матбуоти ҳукумати Бодканд навишт, "масъалаи ҳифзи субот, таъмини амнияти мардум, пешгирӣ аз иттилооти иғвоангез баррасӣ гардид. Дар бораи парвоз накардани ҳавопаймоҳои бесарнишин дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мувофиқа шуд."
Дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд вохӯриро тасдиқ карда, аммо дар мавриди дронҳо чизе нагуфтааст. Манбаъ танҳо зикр карда, ки "бори дигар ҳалли мушкилоту муаммои ҷойдошта, истифодаи мақсаднок ва якҷояи захираҳои табиӣ, аз ҷумла об муҳим арзёбӣ гардид."
Пас аз задухӯрди мусаллаҳона дар моҳи сентябри соли 2022 истифода аз бесарнишин ё дрон дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон доғ шуд.
Мақомоти Тоҷикистон чанд бор Қирғизистонро ба нақзи ҳарими ҳавоии кишвар муттаҳам карда, аз Бишкек хостанд, ба чунин амалҳо поён диҳад, дар акси ҳол, кишвар ин амалҳоро омодагӣ "ба таҷовузи навбатӣ" арзёбӣ мекунад.
Вазорати умури хориҷии Қирғизистон баръакс Тоҷикистонро ба вайрон кардани ҳарими ҳавоияш муттаҳам кард.
Қирғизистон аз Туркия ҳавопаймои бесарнишин харидааст. Чизе, ки ба гуфтаи Дидбони Ҳуқуқи Башар рӯзи 16-уми сентябр дар даргирии сарҳадӣ истифода шуда.
Расонаҳои Эрон моҳи майи соли 2022 гузориш дода буданд, ки Теҳрон дар Тоҷикистон корхонаи тавлиди дрон ё ҳавопаймоҳои бесарнишини "Абобил-2" кушодааст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
“103 ба 103”. Табодули дигарбораи асирон байни Русия ва Украина
Русия ва Украина рӯзи 19-уми август дигарбора асирони ҷангияшонро бо ҳамдигар иваз кардаанд. Ин дафъа 103-нафарӣ аз ҳарду ҷониб.
Хабари табодули зиндониҳоро раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский дар саҳифааш дар Телеграм нашр кард.
Низомиёни рус дар хоки Беларус қарор доранд.
Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар мубодилаи зиндониҳо ҳамчун миёнрав хидмат кардааст.
Аз ин пеш, дар поёни моҳи июн, ду кишвар 160-нафарӣ низомиёни зиндонӣ ва 7-нафарӣ афроди мулкиро бо ҳамдигар табодул карданд.
Боздошти як мард барои куштани ҳамсараш дар Файзобод
Мақомоти интизомӣ дар ноҳияи Файзобод як мардро барои нафасгир кардан ва куштани ҳамсараш дастгир кардаанд, ки аломати дигаре аз ҳамчунон зиёд боқӣ мондани зӯроварӣ ба зан дар Тоҷикистон аст.
Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод, ки Зиёбег Раҷабов, сокини деҳаи Меҳрободи ноҳияи Файзобод, рӯзи 18-уми август дар заминаи рашк ва бадгумонӣ ҳамсари 49-солааш Ҳавасгул Умароваро дар дохили ҳаммом латукӯб карда, сипас бо сими алюминий ҳалқи ӯро баставу нафасгир намудааст.
Назари гумонзад ва ё наздиконаш маълум нест.
Қатли ҳамсар дар Тоҷикистон солҳои ахир зиёд шудааст. Вазорати умури дохилӣ танҳо имсол дар бораи на камтар аз 6 мавриди қатли ҳамсар, таҳдид ба ҷони ӯ ва ё ба худкушӣ расонидани онҳо хабар дод.
Дар ду соли гузашта бештар аз 10 мавриди занкушӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст.
Ҳомиёни ҳуқуқ ин ҳамаро баёнгари талошҳои нокофии ҳукумат барои маҳви зӯроварӣ ба зан ва хушунати хонаводагӣ хонда, пайваста онро танқид мекунанд.
“Ду бор заҳролуд шудем.” Боздошт ва ихроҷи 6 ронандаи тоҷик аз Беларус
Беларус шаш шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар ширкатҳои боркашонӣ дар Литва кор мекунанд, аз қаламраваш берун кардааст.
Онҳо рӯзи 13-уми август аз Узбекистон бо ҳавопаймо ба Минск рафта, мехостанд, аз роҳи заминӣ ба Аврупо гузаранд.
Яке аз ронандагони тоҷик рӯзи 18-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти Беларус онҳоро дар сарҳад дастгир карда, баъди се рӯз ба Узбекистон баргардонданд.
Ба қавли мусоҳиби мо, як далели мақомоти Беларус ин будааст, ки сафари онҳо ба Русия манъ аст ва бинобар ин ҳақ надоранд, вориди ин кишвар шаванд.
"Ман гуфтам, чаро чунин мекунед? Инҷо, ки Русия нест, давлати озод аст. Гуфтанд, ки мо бо Русия як ҳастем ва назорати гумрукӣ надорем," – афзуд мусоҳиби мо. Ӯ нахост номаш фош шавад.
Шарҳи расмии ҷониби Беларус дастрас нест. Ронандагони тоҷик мегӯянд, онҳо се рӯз дар ин кишвар дар шароити нохуб буданд ва бемор шуданд.
"Хӯроке доданд, ки онро ба саг медиҳанд. Ду бор заҳролуд шудем ва мошини "Ёрии таъҷилӣ" даъват карданд," – гуфт вай.
Навор дар Инстаграм:
Даҳҳо ронанда аз Тоҷикистон дар ширкатҳои боркашонӣ дар Аврупо кор мекунанд. Баъзе аз ин ронандагон мегӯянд, масири Тошканд-Минскро бештар барои арзон будани пули билет интихоб мекунанд.
Беларус шарики муҳими Русия аст ва аз сиёсатҳои ин кишвар, аз ҷумла ҷанги Маскав дар Украина пуштибонӣ мекунад.
Қонуни афв нисбат ба тақрибан 21 ҳазор кас татбиқ шудааст
Қонуни афв дар Тоҷикистон то 14-уми август нисбат ба тақрибан 21 ҳазор нафар татбиқ шудааст.
Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кул, рӯзи 18-уми август дар мулоқот бо сокинону фаъолони ноҳияи Рӯдакӣ гуфтааст, танҳо 8 ҳазору 157 нафар аз зиндонҳо озод гаштанд.
Ҳарчанд ӯ ишорае накард, дар миёни озодшудаҳо ду хабарнигори мустақил Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ҳам мебошанд.
Онҳо дар соли 2022 бо гуноҳи, ба гуфтаи мақомот, ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои фаъолияташон мамнуъ дар Тоҷикистон аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Худашон ҳеч гоҳ ин иттиҳомро напазируфтанд.
Аммо бисёре аз зиндониён, ки парвандаашонро дорои ангезаи сиёсӣ медонанд, афв нагардиданд. Аз ҷумла, чеҳраҳои саршиноси иҷтимоию давлатӣ, ки соли 2025 дар доираи парвандаи "табаддулот" ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд.
Қонуни афв рӯзи 16-уми июн дар пайванд ба 35 соли истиқлоли давлатии Тоҷикистон қабул шуд.
Имрон Хон ба бемористон интиқол дода мешавад
Додгоҳи олии Покистон рӯзи 18 август дастур дод, ки Имрон Хон, нахуствазири пешини ин кишвар, ки дар зиндон ба сар мебарад, барои муолиҷа ба як бемористон дар Исломобод интиқол дода шавад.
Ин тасмим пас аз он гирифта шуд, ки вакилони дифои ӯ дар бораи вазъияти номуносиби саломатии вай ибрози нигаронӣ карданд.
Додрас Шоҳид Ваҳид гуфт, Имрон Хон, ки аз соли 2023 то кунун дар зиндон ба сар мебарад, дар ҷараёни ду рӯзи оянда ба бемористон интиқол хоҳад шуд.
Ба хоҳар ва табиби ӯ иҷоза дода хоҳад шуд, ки дар ҷараёни дармон дар паҳлӯи ӯ бимонанд ва аъзои хонаводааш низ иҷоза хоҳанд дошт ҳафтае як бор бо ӯ мулоқот кунанд.
Имрон Хони 73-сола ва ҳамсараш Бушро Бибӣ дар як парвандаи фасод, ҳар яке ба 17 сол зиндон маҳкум шудаанд.
Имрон Хон ва Ҳизби Таҳрики инсофи Покистон мегӯянд, иттиҳомҳои воридшуда алайҳи онҳо ангезаи сиёсӣ дорад.
Имрон Хон аз соли 2018 то 2022 нахуствазири Покистон буд ва бонуфузтарин раҳбари сиёсии мухолифи ҳукумати дар ин кишвар шинохта мешавад.
Ҳамлаи Исроил ба як пойгоҳи ҳавоии Сурия дар марзи Туркия
Сурия рӯзи 18 август аз ҳашт ҳамлаи ҳавоии Исроил ба пойгоҳи низомии "Абу Зуҳур" дар шимол-ғарби ин кишвар дар наздикии марзи Туркия хабар дод.
Телевизиони давлатии Сурия ба нақл аз як манбаи низомӣ гузориш дод, ки хатти парвози фурудгоҳ ва анборҳои ин пойгоҳ дар ин ҳамлаҳо ҳадаф қарор гирифтанд, аммо талафоти ҷонӣ надоштанд.
Артиши Исроил ва Вазорати дифои Сурия ҳанӯз дар ин бора баёния нашр накардааст. Аммо Томас Барак, фиристодаи вижаи Амрико дар умури Сурия, аз "ҳамлаҳои ҳавоии тасдиқшудаи Исроил" ба пойгоҳи ҳавоии "Абу Зуҳур" ибрози нигаронии шадид кард ва гуфт, ҳукумати Сурия вокуниши низомӣ нишон надода ва борҳо нишон додааст, ки хоҳони коҳиши таниш бо Исроил аст.
Пойгоҳи "Абу Зуҳур" дар ҳудуди 70-километрии марзи Туркия қарор дорад ва аз соли 2013 дигар ҳамчун фурудгоҳи низомии вижа, фаъол набудааст. Ин пойгоҳ дар ҷараёни ҷанги дохилии Сурия чандин бор миёни нерӯҳои Башор Асад ва гурӯҳҳои мухолиф даст ба даст шуд.
Ба гуфтаи як манбаи низомӣ, пас аз сарнагунии ҳукумати Башор Асад дар моҳи декабри соли 2024, ин пойгоҳ ба маркази омӯзишии артиши нави Сурия табдил шудааст.
Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", ҳамлаҳои нав дар шароит анҷом шудааст, ки ҳукумати нави Сурия дар талош барои бозсозии нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар аст ва Туркия низ нақши афзояндае дар омӯзиш ва таҷҳизи артиши Сурия дорад.
Анқара ва Димишқ пештар созише барои ҳамкории низомӣ имзо кардаанд, ки шомили омӯзиш ва машваратдиҳӣ барои нерӯҳои суриягӣ ва таъмини таҷҳизот мешавад.
Исроил дар моҳҳҳои гузашта низ шуморе аз пойгоҳҳо ва иншооти низомии Сурияро ҳадаф қарор дода ва борҳо ҳушдор додааст, ки иҷоза нахоҳад дод тавоноиҳои низомии Сурия ба шакле тақвият шавад, ки барои Исроил таҳдиде эҷод кунад.
Исроил дар бархе ҳамлаҳои пешини худ пойгоҳҳоеро ҳадаф қарор дода буд, ки Туркия имкони истифода аз онҳоро баррасӣ карда буд ва ин масъала ба афзоиши таниш миёни Анқара ва Телавив бар сари ояндаи амниятии Сурия доман задаааст.
Баъзе тағйирот дар мактабҳои миёнаи Қазоқистон
Беш аз 71 дарсади кӯдаконе, ки ба мактабҳои миёнаи Қазоқистон дохил шудаанд, ба забони қазоқӣ таҳсил хоҳанд кард.
Дар ин бора Жулдиз Сулаймонова, вазири маорифи Қазоқистон, рӯзи 18-уми август дар ҷаласаи ҳукумат хабар дод.
Ӯ, инчунин, гуфтааст, дар барномаи таълим баъзе аз фанҳои нав ворид шуда, баҳогузории дониши хонандагон ҳам тағйир дода шуд.
Вазорати маорифи Қазоқистон гуфтааст, имсол беш аз 380 ҳазор кӯдак ба синфи аввал мераванд.
Беш аз 71 дарсади онҳо бо забони қазоқӣ таҳсил мекунанд, 26,6 дарсад бо забони русӣ ва 2,3 дарсад бо забонҳои дигар.
Барои синфҳои аз 5 то 7-уми мактабҳои миёнаи Қазоқистон фанни ҳатмии “Асосҳои Конститутсия”, барои талабаҳои синфҳои аз 8 то 11-ум дарси “Қонун ва тартибот” ҷорӣ мешавад. Барои синфҳои аз 5 то 11 дарси “Амнияти шахсӣ” ҳатмӣ хоҳад гашт.
Қоидаи ҳатмии дигар – манъи истифодаи телефонҳои ҳушманд дар дарсҳо будааст, ба истиснои барномаҳои таълимие, ки бар асоси нақшаи дарсӣ пешбинӣ шудааст.
Як зодаи Тоҷикистон, ки бемори рӯҳист, аз Амрико фирор кардааст
Мақомоти Амрико гуфтанд, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бемори рӯҳист, аз ин кишвар фирор кардааст.
Вебсайти "Fox5" рӯзи 17-уми август навишт, Абдулло Тошпӯлодзода соли 2019 ба куштани соҳибхонааш дар Амрико гунаҳкор, аммо бо сабаби бемории равонӣ дар шифохонаи Вирҷинияи Шимолӣ бистарӣ шуда буд.
Дар як санади расмӣ аз 5-уми август гуфта шудааст, ки Тошпӯлодзода бо истифода аз таътили кӯтоҳмуддат аввал ба Истанбул ва аз он ҷо ба Душанбе рафт. Ин дар ҳолест, ки додгоҳ ҳанӯз моҳи июни имсол гуфтааст, “ӯ бе қарори додгоҳ набояд бемористонро тарк кунад”.
Қонунҳои Вирҷиния барои гурӯҳи муайяни беморони рӯҳӣ, аз ҷумла онҳое, ки даст ба куштор задаанд, як ё ду рӯз имкони берун шудан аз беморхонаро медиҳад.
Ҳатто додситон соли 2024 ба Абдулло Тошпӯлодзода иҷозат дода будааст, ки ба Вашингтон рафта, шиносномаашро бигирад. Намояндагии расмии Тоҷикистон дар Амрико дар ин шаҳр ҷойгир аст.
Бар асоси санадҳои расмӣ, Тошпӯлодзода рӯзи 6-уми июл, замоне ки бо иҷозатномаи муваққатӣ аз беморхона берун шуда буд, аз фурудгоҳи “Даллас” ба воситаи Истанбул ба Душанбе рафтааст.
Муфаттишон гуфтаанд, билет яктарафа буд ва ширкати ҳавопаймоии “Turkish Airlines” парвози ӯро тасдиқ кард. Зоҳиран билетро барои Тошпӯлодзода шахси дигаре харидааст.
Сомонаи "Fox5" менависад, хешовандони Абдулло Тошпӯлодзода нахостанд дар ин бора бо матбуот суҳбат кунанд. Маълум нест ҳоло ӯ дар куҷост ва оё ин қазия аз ҷониби ниҳодҳои Тоҷикистон ҳам пайгирӣ мешавад ё на.
Ҳамла ба дафтари нахуствазири Курдистон. Эрон рад кард
Сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Эрон даст доштани ин кишварро дар ҳамлаи паҳподӣ ба дафтари нахуствазири иқлими Курдистони Ироқ ва раиси истихбороти ин иқлим рад кард.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Исмоил Бақоӣ бо машкук хондани ин ҳамлаҳо, хоҳони "ҳушёрии беш аз пеши ҳама тарафҳо дар ин робита" шуд.
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои Эрон аз гуфтугӯйи телефонии вазири корҳои хориҷии Эрон бо ҳамтои ироқиаш хабар доданд, ки дар он Аббос Ароқчӣ ба Фуод Ҳусейн гуфтааст, "ҳеч маълумоте дар бораи оғози ин ҳамлаҳо аз дохили хоки Эрон вуҷуд надорад".
Ҳамзамон, Алӣ Аз-Зайдӣ, нахуствазири Ироқ, дастури ташкили як кумитаи таҳқиқ дар бораи ин ҳамларо содир кардааст.
Пештар Идораи мубориза бо терроризми иқлими Курдистон эълон карда буд, ду паҳподе, ки шоми 16-уми август аз дохили хоки Эрон партоб шуда буданд, дафтари Масрур Боризонӣ, нахуствазири Курдистони Ироқ, ва ҳамчунин манзили раиси истихбороти ин минтақаи худмухторро ҳадаф қарор доданд. Ба гуфтаи мақомҳо, ин ҳамлаҳо талафоте надошт.
Як узви Маҷлиси Эрон аз хонаводаи Маҳсо Аминӣ узр пурсид
Як узви Маҷлиси Эрон барои изҳороташ дар бораи марги Маҳсо Аминӣ аз волидони ӯ маъзарат хост.
Аҳмад Ориёинажод, узви Маҷлиси Эрон, дар як мубоҳисаи охири телевизионӣ гуфт, Маҳсо Аминӣ “ба ҷаҳаннам рафтааст” ва марги ӯ боис ба “ошӯб” шуд.
Маҳсо Аминӣ соли 2022 аз сӯйи пулиси ахлоқ ва бо иттиҳоми риоя накардани ҳиҷоб дар Эрон дастгир шуда, дар шароити мармуз ҷон дод.
Ин ҳолат хашми ҷомеаро ба бор овард ва боис ба эътирози густурдаи “Зан, Зиндагӣ, Озодӣ” гардид. Мақомот эътирозҳоро бераҳмона саркӯб карданд.
Ориёинажод дар наворе баъд аз мубоҳисаи телевизионӣ гуфт, ки “нохудгоҳ” алфози “ғайри қобили қабуле” ба забон овард ва аз волидони Аминӣ хост, узри ӯро бипазиранд.
Волидони Маҳсо Аминӣ рӯзи 15-уми август дар вокуниш гуфтанд: “Бигзор забонаш барои тамоми кишварро ба ҷаҳаннам табдил додан бурида шавад”.
“Исми духтари мову ҳазорҳо мардуми бегуноҳ дар таърихи ин кишвар ҷовидон хоҳад монд”, -- гуфтанд волидони Маҳсо Аминӣ дар поёни паёмашон.
Муовини раиси ҳизби "Яблоко" ба зиндон маҳкум шуд
Додгоҳе дар Русия муовини раиси ҳизби "Яблоко" Лев Шлосбергро ба 11 солу 1 моҳ ҳабс маҳкум намуд.
Ӯро ба таҳқири батакрори артиш ва нашри маводи дурӯғин дар бораи нерӯҳои мусаллаҳи Русия гунаҳкор донистанд.
Додгоҳи шаҳри Пскови Русия гуфт, ин қарор бо назардошти ҳукми пешини Шлосберг дар бораи кори ҳатмии 420-соата содир шудааст. Дар мавриди аввал ӯро ба иҷро накардани масъулиятҳои ба истилоҳ “агенти хориҷӣ” гунаҳкор карда буданд.
Ҳукми нави додгоҳ нисбат ба Лев Шлосберг рӯзи 17-уми август бе ҳузури вакили мудофеи ӯ содир шуд.
Инчунин, ба маҳкумшуда ҳаққи баёни мавқеаш дар робита бо ин парванда дода нашуд. Танҳо баёноти хатии ӯро, ки дар ҷараёни тафтишот додаанд, хонданду бас.
Худи сиёсатмадор гуфтааст, дар ҷараёни мурофиа ҳаққи ӯ барои дифоъ чандин бор пйомол шуд. Вай дар сухани охиринаш бори дигар ба поён додан ба ҷанг дар Украина даъват намуд.
Шлосберг як сиёсатмадори муътабар буда, дар гузашта вакили маҷлиси вилоятии Псков буд. Ӯ аз оғоз мухолифи ҷанги Русия дар Украина мебошад ва ошкоро гуфтааст, ки аз Русия берун рафтанӣ нест.
Раҳбарони ҳизби "Яблоко" Николай Рибаков ва Григорий Явлинский гуфтанд, барои таъмини мурофиаи одилонаи додгоҳӣ барои Шлосберг мубориза хоҳанд бурд.
Маҳдудияти чор кишвари дигар дар бораи шиносномаҳои 5-солаи русӣ
Чор давлати дигари Иттиҳоди Аврупо гуфтанд, ба зудӣ аз қабули шиносномаҳои хориҷии Русия, ки муҳлати истифодаашон панҷ сол аст, вале дохилаш маълумоти биометрӣ надорад, даст мекашанд.
Ин давлатҳо Белгия, Люксембург, Нидерландия ва Шветсия мебошанд.
Кумисюни Аврупо рӯзи 17-уми август дар изҳорот гуфт, қарори мазкур аз 1-уми октябр ба иҷро медарояд.
Шветсия гуфтааст, агар дар дохили шиносномаҳои панҷсолаи шаҳрванди Русия визаи ё ҳаққи зисти муваққат бошад, ин санадро қабул хоҳад кард.
Расонаи "Мавҷи Олмон" навишт, баъд аҳ ин шумори кишварҳои ҳавзаи Шенген, ки аз эътирофи шиносномаҳои панҷсолаи Русия даст мекашанд, ба 15 расид.
Дар миёни онҳо Фаронса, Олмон, кишварҳои соҳили Балтика, Чехия, Полша ва давлатҳои дигар мебошанд. Аксари ин кишварҳо барои шаҳрвандони Русия маҳдудияти виза ҷорӣ кардаанд.
Дар Русия ду намуд шиносномаи хориҷӣ амал мекунад, яке барои 10 сол бо маълумоти биометрӣ ва дигаре барои 5 сол ва бе чунин маълумот. Шиносномаи ғайрибиометриро ба даст овардани шаҳрвандон осонтар буда, айни замон хатари таҳияи нусхаи тақаллубии он ҳам бештар аст.
Ҷумъахон Фотеҳ бо ҳамроҳонаш ба Толибон "таслим шудааст"
Ба гузориши бахши дарии Радиои Озодӣ, Ҷумъахон Фотеҳ, фармондеҳи норозии "Толибон" ва ҳамроҳони ӯ, аз даргирӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистон, ҳаммарз бо Тоҷикистон, даст кашида, силоҳҳои худро супурдаанд.
Расонаҳои вобаста аз "Толибон" рӯзи 16-уми август бо нашри чанд навор иддао карданд, ки Ҷумъахон Фотеҳ таслим шудааст.
Ҷумъахон Фотеҳ ва афроди мусаллаҳи зери итоати ӯ чанд рӯз пеш дар ноҳияи Нусай дар вилояти Бадахшони Афғонистон ва минтақаҳои канори он, дар баробари нерӯҳои "Толибон" даст ба эътироз заданд.
Бар асоси гузоришҳо, "Толибон" барои боздошти ӯ шумори зиёде аз нерӯҳои худро аз Кобул ва гӯшаҳои дигар ба Бадахшон фиристода буданд.
Ҷумъахон Фотеҳ қаблан дар як паёми аудиоӣ ё савтӣ шикоят кард, ки нерӯҳои "Толибон" дар Нусай хонаҳои мардуми одиро кофтукоб карда, ба қавли ӯ, "чанд фарди бегуноҳро куштанд".
Дар канори даргириҳои дохилӣ дар Бадахшон, гурӯҳҳои мухолифи мусаллаҳи "Толибон", аз ҷумла "Ҷабҳаи Озодии Афғонистон", низ гуфтаанд, ки чанд рӯз боз дар Зебок бо нерӯҳои "Толибон" даргир ҳастанд.
Ҳалокати як муҳоҷири тоҷик дар сӯхтор
Як муҳоҷири 39-солаи тоҷик дар натиҷаи сӯхтор дар вилояти Омски Русия ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора додситонии Омск хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, субҳи 15-уми август дар сохтмони як бинои баландошёна сӯхтор сар зад. Гуфта мешавад, ҳангоми корҳои кафшергарӣ маводи гармидиҳанда оташ гирифтааст.
Дар ин ҳодиса 11 нафар захмӣ шуда, як нафарашон, ки шаҳрванди Тоҷикистон буд, ба ҳалокат расид. Ҳамчунин ду муҳоҷири узбекистонӣ низ осеб дидаанд.
Аз шаҳрванди фавтидаи Тоҷикистон ном бурда нашудааст. Танҳо гуфта шудааст, ки 90 дарсад бадани ӯ сӯхта буд ва табибон натавонистанд наҷоташ диҳанд.
Русия мизбони ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик аст ва солона бар асари ҳодисаҳои нохуш ва беморӣ даҳҳо муҳоҷир мефавтанд.
Шумори қурбониёни зилзила дар Индонезия аз 50 нафар гузашт
Шумораи қурбониёни зилзилаи рӯзи 15 август дар шарқи Индонезия аз панҷоҳ нафар гузашт.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Индонезя эълон кард, ки ду нафар низ ба шиддат ва 11 нафар ба таври сабук захмӣ шудаанд ва ҳудуди ду ҳазор нафар минтақаҳои осебдидаро тарк кардаанд.
Ин заминларза субҳи шанбе дар наздикии ҷазираи Флорес рӯй дод. Маркази заминшиносии ИМА эълон кард, маркази он дар умқи 10-километрии замин ва дар ҳудуди 70-километрии шимол-шарқи шаҳри Энде, дар бахши марказии Флорес будааст.
Тибқи гузоришҳо, хонаҳо ва биноҳои зиёде дар минтақаи зилзилазада осеб дидаанд ва амалиёти ҷустуҷӯ ва имдодрасонӣ идома дорад. Мақомҳои маҳаллӣ ҳамчунин пештар аз гирифтор шудани шуморе аз афрод дар зери вайронаҳо хабар дода буданд.
Мақомҳои Индонезия пас аз рух додани зилзила, ҳушдори сунами содир карданд, аммо ин ҳушдор баъдан бекор шуд. Чандин пасларза низ минтақаро ларзонд, ки қувваи дутои онҳо 5,9 ва 6,1 дараҷа эълон шудааст.
Тибқи иттилои Маркази заминшиносии ИМА, ҳудуди якуним миллион нафар дар минтақаҳое зиндагӣ мекунанд, ки ларзиши сахти заминро эҳсос кардаанд.
Дар 12 декабри соли 1992 низ, зилзилаи 7,8-дараҷаи ҷазираи Флоресро ларзонд, ки бар асари он ҳудуди 2,500 нафар аз сокинон ба ҳалокат расиданд.
Гуфтугӯ