Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунаққиди синемо Ато Аҳроров дар Самарқанд даргузашт


Ато Аҳроров
Ато Аҳроров

Муаллифи китоби маъруфи "Санъати кино", муҳаққиқ ва мунаққиди синемо дар Самарқанд даргузашт.

Ато Аҳроров, ҳунаршинос, мунаққид ва арбоби ҳунари Тоҷикистон, 85-сола буд ва солҳои охир аз бемории дил ранҷ мебурд.

Адаш Истад, адиби тоҷик аз Самарқанд, гуфт, Ато Аҳроров шоми 25-уми май даргузашт ва маросими дафнаш дар нимаи аввали рӯзи ҷумъа сурат хоҳад гирифт.

Аҳроров пас аз хатми Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ ва шуъбаи тоҷикии факултаи суханшиносии Донишгоҳи Самарқанд дар соли 1960 ба Душанбе кӯчид. Вай дар Пажуҳишгоҳи таърих, ҳунар ва мардумшиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон кор мекард.

Рисолаи нахустини худро дар риштаи "Кинои тоҷик дар солҳои 1929-1965" ҳимоят кард ва то соли 1995 дар соҳаи киношиносӣ фаъолият намуд. Навиштаҳои ӯ ба вазъи синемои тоҷик таъсири бузург доштанд. Барои намуна, ҳамроҳ бо ситоиш аз филми аввали коргардон Борис Кимёгаров бар пояи достонҳои "Шоҳнома" на ҳамчун таърихнома, балки афсона тасвир кардани муҳтавои асари безаволи Абдулқосими Фирдавсӣ, Кимёгаров танқидро пазируфт ва хостори бознависии филмномаҳои силсилааш шуд. Мақолаҳои Аҳроров, ки ҳамчунин дар маҷаллаҳои илмии Иттиҳоди Шӯравӣ мунташир мешуданд, ба ӯ шӯҳрати мунаққиди якрӯ ва ошкорбаёнро оварда буданд.

Ато Аҳроров ҳамчунин дар ҷалби ҷавонони тоҷик ба кори синемо саҳм дошт ва аз нахустин корҳои Бақо Содиқ, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Бахтиёр Худойназаров, Сафари Ҳақдод, Сафарбек Солиев ва дигарон ҳимоят мекард.

Вай дар соли 1996 ба зодгоҳаш, Самарқанд, баргашт ва то охири умр устоди кафедраи илмҳои иҷтимоии Донишкадаи тиббии шаҳри Самарқанд буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG