Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW: Узбекистон ваъдаҳои худро дар мавриди озодиҳои мазҳабӣ иҷро намекунад


Созмони байналмилалии ҳуқуқи башари "Human Rights Watch" (HRW) рӯзи 24 май бо нашри изҳороте гуфт, мақомоти Узбекистон бо вуҷуди ваъдаҳои озодии динӣ, маҳдуд кардани ҳуқуқи диндоронро идома медиҳанд.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки дар Узбекистон дар раванди сабтиноми ҷамоатҳои динӣ монеаҳо вуҷуд доранд ва мақомоти ин кишвар фаъолони динӣ, аз ҷумла мусулмононро ба иттиҳоми ифротгароӣ ба ҷавобгарӣ мекашанд.

"Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар ибтидо барои оғози ислоҳоте, ки ба озодии бештари динӣ дар ин кишвар замина мегузошт, тавсиф мешуд, аммо имрӯз мушоҳида мекунем, дастандаркорони қонуншиканиҳои ҷиддӣ беҷазо мемонанд", - изҳор доштааст Мира Ритман, пажӯҳишгари созмон дар умури Осиёи Миёна.

Намояндагони HRW гуфтаанд, ки дар Узбекистон мусулмонон бо гумони ифротгароӣ таъқиб мешаванд, зиндониёни собиқи динӣ таҳти назорати маъмурӣ ҳастанд, маҳдудият дар гузоштани ришу либоси мазҳабӣ ҷой дошта, нисбати диндороне, ки бо гумони ифротгароӣ боздошт шудаанд, шиканҷаи ғайриинсонӣ раво дода мешавад.

Мақомоти Узбекистон то ҳол ба ин гузориш вокуниш накардаанд.

XS
SM
MD
LG