Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши Еревану Боку барои эътирофи тамомияти арзии ҳамдигар


Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ва Сарвазири Арманистон Никол Пашинян
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ва Сарвазири Арманистон Никол Пашинян

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё гуфт, Ереван ва Боку дар мавриди эътирофи тамомияти арзии ҳамдигар ба созиш расидаанд.

Пашинян афзуд, ки Арманистон омода аст тамоми долонҳои нақлиётиву иқтисодӣ, аз ҷумла иртибототи минтақавиро бо Озарбойҷон боз кунад.

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар навбати худ гуфт, "имкони сулҳи Боку ва Ереван вуҷуд дорад, бахусус бо назардошти он ки Арманистон Қарабоғро ҷузъи Озарбойҷон эътироф кардааст." Вай ҳамчунин зикр кард, ки Озарбойҷон зидди Арманистон даъвои ҳудудӣ надорад.

Ба навиштаи нашрияи русии "Коммерсант", раҳбарони Арманистон ва Озарбойҷон ду санад - аз саргирии иртибототи нақлиётӣ ва изҳороти муштарак бо ҳамтои руси худ Владимир Путинро имзо хоҳанд кард. Ин бори панҷум аст, ки раҳбарони ду кишвар чунин санад имзо мекунанд.

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян рӯзи 22-юми май дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, Ереван омода аст қаламрави ҷумҳурии худхондаи Қарабоғи Куҳиро ҳамчун бахше аз Озарбойҷон эътироф кунад. Вале ба гуфтаи ӯ, Боку бояд амнияти арманиҳоро дар Қарабоғи Куҳӣ таъмин намояд.

Қарабоғи Кӯҳӣ минтақаест, ки ду кишвар онро моли худ медонанд. Солҳо боз муноқишаҳои хунин миёни ду кишвар дар ин минтақа сар мезанад ва ҳарду кишвар якдигарро дар сар задани низоъ айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG