Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷикон сарват доранд, аммо ҳувияти миллӣ на" ВИДЕО


  • Маркази фарҳангии тоҷиконро дар Узбекистон кай ва чӣ гуна созмон доданд?
  • Чаро мактабҳои тоҷикӣ аз байн рафтанд? Чаро майле ба бозкушоии онҳо нест?
  • Мушкил аз замони мустақилии Узбекистон сарчашма мегирад ё пештар аз он?

Ба ин ва пурсишҳои дигар Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ, раҳбари пешини Маркази фарҳангии тоҷикони Узбекистон, посух дод.

Радиои Озодӣ: Мегӯянд, Маркази фарҳангии тоҷиконро дар "шароити сахти сиёсӣ" ва дар аҳди раиси ҷумҳури пешини Узбекистон ташкил кардаанд. Ба ёд доред, ки чӣ гуна ба вуҷуд омад?

Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ: "Бале, соли 2008-ум дар шаҳри Тошканд Маркази миллӣ - фарҳангии тоҷикони Узбекистонро таъсис додем. Аз соли 2018 то 2021 раисаш будам. Дар он давра муваффақ шудем, ки чанд корро анҷом диҳем. То он вақт ҳам марказ буд, вале корҳо ба таври шоиста сурат нагирифта буд. Илова бар ин, фазои сиёсӣ ҳам таъсир расонд. Аз як тараф беҳувиятии мардум. Аз тарафи дигар аз ҷиҳати иқтисодӣ дастгирӣ нашудани марказ. Аз давраи Шӯравӣ то замони истиқлол аҳди суқуту таназзули адабиёти тоҷикӣ дар Узбекистон ба шумор меравад. Минтақае, ки ҳазор сол ё бештар аз он маркази забон ва адабиёти тоҷикӣ буд. Аз солҳои аввали истиқлоли Узбекистон то 2015-2016 ин ҳолат идома дошт. Насли мо, дӯстон, шогирдон барои нигоҳ доштани забону фарҳанг бисёр кӯшиш кардем. Аз соли 2015 ва баъди ба сари кор омадани Шавкат Мирзиёев барои рушди забон ва адабиёти тоҷик дар Узбекистон роҳ кушода шуд. Ин сабаб шуд, ки шоирони мо бо шавқи зиёд китоб чоп кунанд."

Радиои Озодӣ: Дар чанд минтақаи тоҷикнишини Узбекистон будем. Мушоҳида мешавад, ки вазъи таълим дар мактабу синфхонаҳои тоҷикӣ хуб нест. Сабаб чист?

Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ: "Афсӯс, ки ин мерос аз Шӯравӣ монда. Баъд аз солҳои 1950 дар шаҳри Бухоро ва атрофи он мактабҳои тоҷикӣ аз байн рафтанд. То давраи истиқлоли Узбекистон дар онҷо ду-се мактаби тоҷикӣ буд. Ҳоло фақат дар як ноҳия як мактаби ниматоҷикӣ мондаасту бас. Дар зодгоҳи шоири форсигӯ Асад Гулзодаи Бухороӣ. Дар ҷойҳои дигар низ ин ҳолатро мебинем. Дар шаҳри Самарқанду вилояти Намангон ҳам. Дар Косонсой чанд мактаби тоҷикӣ мондааст. Дар ноҳияи Чуст як-ду мактаб ҳаст. Дар ноҳияи Сух, ки 99 дарсади аҳолияш тоҷик ҳастанд, мактабҳои тоҷикӣ бештар монда. Дар се ноҳияи Қашқадарё мактабҳои тоҷикиро мебинем. Дар умум, дар вилояти Сурхондарё мактабҳои тоҷикӣ зиёдтар мондаанд. Дар ноҳияи Сариосиё, Узун, Бойсун, Деҳнав. Дар баъзе аз донишгоҳҳо гурӯҳҳои тоҷикӣ дорем. Ин ҳам бештар таҳсили ибтидоии филологияи тоҷик ҳисоб мешаванд. Аз ҳама қадимтаринаш бахши филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд аст."

Радиои Озодӣ: Гуфтед, солҳои 2015-2016 вазъ беҳтар шуд, вале ҳангоми суҳбат бо мардум маълум шуд, ки кӯшиш намекунанд, мактабҳои тоҷикӣ бозкушоӣ шаванд. Дуруст?

Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ: "Мутаассифона, бисёре аз мардуми тоҷики Узбекистон ҳувияти миллии худро аз даст додаанд. Ҳама чизро ба замони истиқлол пайванд додан ноадолатист. Аксарият дар давраи Шӯравӣ ҳувиятро аз даст дода буданд ва ин решаҳои чуқури таърихӣ дорад. Вақте роҳбарии Маркази фарҳангии тоҷиконро ба зимма гирифтам, эҳсос кардам, ки бисёре аз тоҷикони мо худро узбек мешуморанд ва аз ҷиҳати моддӣ сарватманд шуда рафтаанд. Ҳама чизро сарфи манфиати иқтисодӣ кардаанд. Сарватманданд, аммо ҳувияти миллӣ надоранд. Дилашон ба забони модарии худ, ба адабиёти худ намесӯзад. Ду солу ду моҳе, ки дар Марказ роҳбар будам, ба сахтӣ пеш рафтем."

Радиои Озодӣ: "Дар умқи шаби сиёҳи ту, эй таърих,

Ман зода зи иштибоҳи ту, эй таърих.

Яъне чу Сиёваш васати марзи ду қавм,

Як куштаи бегуноҳи ту, эй таърих." Ин шеъри гуфтаатон баёнгари ҳамин ҳолат аст?

Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ: "Давоми бештар аз ду соле, ки онҷо будам майл ба ҳамкорӣ зиёд буд, аммо дастгирии молӣ набуд. Беш аз 100 нишасту конфренсияву маҳфилҳои адабиро бо забони модарии худ ташкил кардем. 30-40 барномаи телевизионӣ бо забони тоҷикӣ пешкаш кардем. Мутаассифона, ба сахтӣ. Бо монеагузории давлат не, эътирозҳои бемаънии ҳамзабонони худ мувоҷеҳ шудем. Бо вуҷуди ин ҳама мушкилиҳо муваффақ шудем, ки дар муддати кӯтоҳ чанд намояндагии марказро дар ноҳияҳо таъсис диҳем. Дар ноҳияи Сариосиё, Узун, Бойсун, Деҳнав, Деҳқонобод. Ва як намояндагии марказро дар вилояти Фарғона кушодем. Аз соли 2021 аз тарафи ҳукумати Узбекистон маблағе барои ҳимояи молии марказҳои тоҷикӣ дар Узбекистон ҷудо шуд. Дар ҳар сурат, имрӯз вазъи моддии марказ ва намояндагиҳояш бад нест."

Навори суҳбатро дар инҷо бинед:

Гуфтугӯ бо раҳбари пешини Маркази тоҷикони Узбекистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:25:19 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG