Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД-и Русия сенатори амрикоиро ба ҷустуҷӯ дод


Линдси Грем
Линдси Грем

Вазорати корҳои дохилии Русия сенатори амрикоӣ Линдси Гремро дар рӯйхати шахсони мавриди пайгарди мақомoти ин кишвар ҷой дод.

Тасмимро пас аз нашри навори таҳриршудаи мулоқоти ин сенатор бо президенти Украина Владимир Зеленский гирифтанд.

Навор рӯзи 26-уми май аз тарафи дафтари матбуотии президенти Украина нашр шуд.

Грем дар навор гуфт, "русҳо кушта мешаванд" ва сипас афзуд, ки пуштибонии Амрико аз Украина беҳтарин сармоягузории кишвараш будааст.

Баъд аз танқиди Русия аз ин изҳорот Украина навори пурраи суханронии сенатори амрикоиро нашр намуд. Дар он ташхис шудааст, ки ин ду назари қонунгузори амрикоӣ ба ҳам робита надоштаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG