Дар чанд ҷумла
Ҷабборов пешниҳоди андозро барои чорводорӣ рад кардааст
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) гуфтааст, аз ташаббуси ҷорӣ кардани андоз ё молиёт барои чорвопарварӣ дар кишвараш ҷонибдорӣ намекунад.
Сухангӯйи президенти Қирғизистон Дайирбек Орунбеков дар Фейсбук навиштааст, ташаббуси баъзе аз вакилони порлумон барои ҷорӣ кардани ин навъи андоз дар ҷомеаи он кишвар норозигиҳоеро ба миён оварда, ҳатто баъзеҳо онро ҳамчун мавқеи ҳукумат арзёбӣ кардаанд.
"Бо фармони президент дар моҳи апрели соли 2022 ба кишоварзон имтиёзҳо дода шуда, соҳибони заминҳои кишоварзӣ ба муҳлати 3 сол аз андоз озод гаштаанд. Баъд аз анҷоми ин муҳлат масъалаи озод кардан аз андози замин дубора баррасӣ мешавад. Президент аз ташаббуси вакилон дар мавриди ҷорӣ кардани андоз барои чорводорӣ ҷонибдорӣ намекунад”, - навиштааст Орунбеков.
Пештар вакили порлумони Қирғизистон Женишбек Токторбаев пешниҳод кард, ки барои чорводорӣ андоз ҷорӣ карда шавад. Ба гуфтаи ӯ, чорводорон барои ҳар як гӯсфанду буз 100 сом ва барои чорвои калон 250 сом бояд андоз супоранд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалӣ дар Тайланд ноком шуданд
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байнулмилалии бокс бо номи «Futures Cup» («Ҷоми Оянда») байни муштзанҳои то 19-сола, ки рӯзҳои 8-15-уми март дар шаҳри Бангкоки Тайланд доир гардид, бе медал монданд.
Дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ ҳудуди 500 варзишгар аз 85 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон даҳ муштзани ҷавон (8 писар ва 2 духтар) дохил буданд.
Тоҷикистонро дар сабқати мардон Аъзамҷон Ҳасанов (-50 кг), Аъзам Одилзода (-55 кг), Амирбек Маҳрамов (-60 кг), Аҳмадшоҳ Ҳошимов (-65 кг), Муҳаммад Мамадалиев (-70 кг), Исфандиёр Ҳошимов (-75 кг), Хуҷамуъминҷон Холов (-80 кг), Ҷаҳонгир Рӯзибоев (-85 кг); дар сабқати занон Фариноз Абдуллоева (-54 кг) ва Мино Аъзамзода (-60 кг) намояндагӣ карданд.
Аммо ягон нафар аз муштзанҳои тоҷик ба даври ниманиҳоӣ нарасид ва соҳиби медал нашуд.
Бояд зикр намуд, ки ин аввалин иштироки муштзанҳои тоҷик дар мусобиқот таҳти сарпарастии Созмони ҷаҳонии бокс (World Boxing) буд.
Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Узбекистон бо 11 медал (4 тило, 5 нуқра ва 2 биринҷӣ) мақоми аввалро касб намуд. Мунтахаби Қазоқистон бо 11 медал (4 тило, 4 нуқра ва 3 биринҷӣ) мақоми дуюм ва мунтахаби ИМА (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) бо 9 медал (4 тило, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) мақоми сеюмро азони худ карданд.
Дар мусобиқаи байнулмилалии «Ҷоми Оянда», инчунин ба даҳгонаи беҳтаринҳо муштзанҳои ҷавони Ҳиндустон (1 тило, 3 нуқра, 1 биринҷӣ), Украина (1+2+0), Фаронса (1+1+2), Ҷопон (1+1+1), Гурҷистон (1+0+2), Англия (1+0+1) ва Италия (1+0+1) дохил шуданд.
Дастаи мунтахаби навҷавонони Қирғизистон бо 3 медал (1 нуқра ва 2 биринҷӣ) дар ҷойгоҳи даҳум қарор гирифт.
Вазири дифои Исроил гуфт, Исмоил Хатиб кушта шудааст
Вазири дифои Исроил гуфт, Исмоил Хатиб – вазири иттилоот ё разведкаи Ҷумҳурии Исломӣ дар ҳамлаҳои шаби 17 ба 18-уми март ба Эрон кушта шудааст.
Мақомот ва расонаҳои Эрон ҳанӯз ба ин хабар вокуниш нишон надодаанд.
Исроил Катс, вазири дифои Исроил, рӯзи 18-уми март бо эълони хабар гуфт, шиддати ҳамлаҳои артиши ин кишвар дар Эрон дар ҳоли афзоиш ва “ғофилгириҳои муҳиме дар ҳамаи ҷабҳаҳо” дар роҳ аст.
Ба гуфтаи Катс, ӯ ва сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ба артиши ин кишвар иҷоза додаанд, ки ҳар мансабдори баландпояи эрониро бе тасдиқи иловагӣ ҳадаф қарор диҳанд.
“Исмоил Хатиб чи дар робита ба боздошт ва чи куштани норозиён дар эътирозҳои охир дар Эрон нақши муҳим иҷро кардааст,” – навишт артиши Исроил дар эъломияе дар Телеграм.
Агар хабари кушта шудани Исмоил Хатиб тасдиқ шавад, ӯ дувумин вазири Ҷумҳурии Исломӣ аст, ки ба феҳрасти беш аз 40 мансабдор ва фармондеҳи кушташудаи Эрон дар тақрибан се ҳафтаи охир изофа мегардад.
Азиз Насирзода, вазири дифои Эрон, 28-уми феврал дар рӯзи нахустини ҳамлаҳои Амрико ва Исроил кушта шуда буд.
Тоҷикистон ба мардуми осебдидаи Эрон кумак фиристод
Тоҷикистон барои кумак ба мардуми осебдида дар Эрон дар 110 мошин ёрии башардӯстона фиристодааст.
Мақомот гуфтанд, ин ёрӣ аз 3610 тонна бор, аз ҷумла дору, маводи беҳдоштӣ, либоси кӯдакон, хӯрокворӣ, рахти хоб, хайма ва масолеҳи сохтмонӣ иборат аст.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон навишт, ки корвони мошинҳо рӯзи 18-уми март ба роҳ баромад ва "ба зудӣ дастраси мардуми ниёзманд мешавад".
Узбекистон, Туркманистон ва Озарбойҷон ҳам хабар доданд, ки барои мардуми зиёндида аз низоъ дар Эрон кумак фиристоданд.
Ҳамлаҳои ҳавоии Амрико ва Исроил дар тақрибан се ҳафтаи охир миллионҳо нафарро дар дохили Эрон овора карда, нигарониҳоро дар кишварҳои ҳамсоя дар бораи эҳтимоли сарозер шудани паноҳҷӯён ба вуҷуд овардааст.
Комиссариати олии паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид (UNHCR) эълон кард, ки барои ниёзҳои эҳтимолии башардӯстона дар минтақа омода мешавад. Арзёбии ин ниҳод нишон медиҳад, ки қариб се миллиону 200 ҳазор нафар дар дохили Эрон ба таври муваққатӣ овора шудаанд. Бештари онҳо аз Теҳрон гурехтаанд.
Исроил ва Иёлоти Муттаҳида рӯзи 28-уми феврал ба Эрон ҳамла карданд ва ин ҷанг то кунун идома дорад. Дар ҳамлаҳои Исроил ва Амрико шуморе аз раҳбарони олирутбаи Эрон ва фармондеҳони низомии ин кишвар кушта шуданд.
Эрон дар посух ба шаҳрҳои гуногуни Исроил ва кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс, ки мизбони пойгоҳҳои низомии Амрико мебошанд, ҳамла кард.
Ваҳдат Ҳаннонов тими миллии футболи Тоҷикистонро тарк кард
Ваҳдат Ҳаннонов, футболбози шинохта, тими миллии Тоҷикистонро тарк кардааст.
Ҳаннонов 17-уми март дар саҳифаи "Инстаграм"-аш бидуни овардани сабабҳои тарки тими миллӣ навишт, барояш ифтихор буд, ки Тоҷикистонро муаррифӣ кардааст.
Ин футболбоз навиштааст, рафтан аз тими миллӣ барояш тасмими сахт буд, аммо дар ин марҳилаи зиндагӣ онро қарори дуруст меҳисобад. "Вақти ба пеш ҳаракат кардан омадааст, бо ҳадаф ва имкониятҳои нав",-навиштааст Ваҳдат Ҳаннонов.
Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи аз тими миллӣ рафтани Ҳаннонов чизе нагуфтааст.
Федератсия 17-уми март ҳайати тими миллӣ барои бозӣ бо мунтахаби Филиппинро нашр кард ва дар он номи Ҳаннонов набуд.
Дар гузориши Федератсияи футбол омадааст, Ваҳдат Ҳаннонов, ҳимоятгари бошгоҳи "Сипоҳон"-и Эрон бинобар муддати тӯлонӣ надоштани таҷрибаи бозӣ, ба мунтахаби миллии Тоҷикистон даъват нашуд.
Ваҳдат Ҳаннонов 25 сол дошта, аз футболбозони маъруфи тими миллӣ буд. Ӯ солҳои ахир дар тимҳои "Персиполис" ва "Сипоҳон"-и Эрон бозӣ мекард.
Истеъфои як мақомдори амрикоӣ дар эътироз ба ҷанг зидди Эрон
Мудири маркази зиддитерористии Оҷонсии амнияти миллии Амрико дар мухолифат бо ҷанги зидди Эрон аз мақомаш истеъфо дод.
Ҷо Кент бо интишори баёния дар шабакаи X навишт, наметавон "бо виҷдони роҳат аз ҷанги феълӣ бо Эрон ҳимоят кунад".
Кент ҳамчунин навиштааст, "Эрон ҳеч таҳдиди фаврӣ барои Амрико набуд ва рӯшан аст, ки мо ин ҷангро таҳти фишори Исроил ва тарафдорони қудратмандаш дар Амрико шуруъ кардем".
Хабаргузории "Рейтерз" мегӯяд, Кохи Сафед ба дархости фаврӣ барои вокуниш ба ин истеъфо посух надод. Ҷо Кент бо вуҷуди истеъфо изҳори умедворӣ кардааст, ки Доналд Трамп роҳи худро тағйир медиҳад ва "масири наверо барои Иёлоти Муттаҳида дар пеш мегирад".
Ҷо Кент як собиқадори ҷанг аст, ки 20 сол дар сафи неруҳои вижа хидмат кардааст. Кент баландтарин мақомдори ҳукумати Трамп аст, ки дар эътироз бо ҷанг зидди Эрон аз мақомаш истеъфо медиҳад.
Исроил ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 28-уми феврал ба Эрон ҳамла карданд ва ин ҷанг то кунун идома дорад.
Президент Доналд Трамп гуфт, ҳадаф аз ин ҳамлаҳо аз байн бурдани имкониятҳои низомии Эрон ва пешгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ аст. Эрон мегӯяд, ки ҳадафи барномаи ҳастаияш сулҳомез аст.
Эрон кушта шудани Алии Лориҷониро тасдиқ кард
Мақомоти Эрон тасдиқ карданд, ки Алии Лориҷонӣ, дабири Шӯрои амнияти миллии ин кишвар ва Ғуломризо Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Басиҷ дар ҳамлаи Исроил кушта шудаанд.
Дар бораи кушта шудани ин ду фармондеҳи баландпояи эронӣ нахуст Исроил Катс, вазири дифои Исроил 17-уми март хабар дода буд. Шӯрои амнияти миллии Эрон қариб 12 соат баъд кушта шудани Алии Лориҷониро тасдиқ кард.
Бар асоси баёнияи расмии Эрон, писар, муовин ва чанд муҳофизи Алии Лориҷонӣ низ ҳамроҳи ӯ кушта шудаанд.
Алии Лориҷонӣ 68 сол дошт ва аз чеҳраҳои наздик ба Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, роҳбари пешини Эрон гуфта мешуд.
Лориҷонӣ солҳои тӯлонӣ дар мақомҳои баланд, аз ҷумла, раиси порлумон ва мушовири роҳбари Ҷумҳури исломӣ кор карда буд.
Баъди кушта шудани Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ дар рӯзи 28-уми феврал, Алии Лориҷонӣ аз муҳраҳои асосии қудрат дар Эрон гуфта мешуд.
Исроил иддао кард, ки Алии Лориҷонӣ кушта шудааст
Вазири дифои Исроил рӯзи 17-уми март иддао кард, ки раҳбари Шӯрои амнияти миллии Эрон Алии Лориҷонӣ дар натиҷаи як ҳамлаи ҳавоӣ дар Теҳрон кушта шудааст. Исроил Катс барои тасдиқи ин иддао ягон далел наовард.
Мақомоти эронӣ зоҳиран кӯшиш кардаанд, ин изҳоротро рад кунанд. Онҳо дастнависеро, ки гуфта мешавад Алии Лориҷонӣ рӯзи 17-уми март навиштааст, нашр карданд. Акси ин дастнавис дар саҳифаи Лориҷонӣ дар шабакаи "X" ҳам гузошта шудааст.
Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, рӯзи сешанбе кушта шудани Алии Лориҷонӣ, дабири Шӯрои амнияти миллии Эронро "бахше аз талошҳо барои фурсат додан ба эрониён ҷиҳати канор задани раҳбаронашон" номид.
Ӯ дар баёнияи телевизионӣ гуфт, “субҳи имрӯз Алии Лориҷониро ҳазф кардем, раиси Сипоҳи посдоронро, ки дар амал Эронро идора мекунад.”
“Сарнагунии ҳукумати рӯҳониён якбора рух нахоҳад дод ва осон нахоҳад буд. Аммо агар мо ба ин роҳ идома диҳем, ба эрониён фурсат хоҳем дод, ки сарнавишти худро ба даст гиранд,” – афзуд Нетаняҳу.
Хабарҳо дар бораи кушта шудани Алии Лориҷонӣ дар ҳоле пахш мешаванд, ки Нерӯҳои дифои Исроил (IDF) дар эъломияе гуфт, рӯзи 16-уми март дар мавҷи ҳамлаҳои ҳавоӣ ба Теҳрон фармондеҳи "Басиҷ"-и Сипоҳи посдорон Ғуломризо Сулаймонӣ кушта шуд.
Дар ин баёния омадааст, "нерӯҳои дифои Исроил Ғуломризо Сулаймониро, ки шаш соли охир фармондеҳи воҳиди "Басиҷ" буд, аз байн бурданд."
Мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ то кунун ин гузоришро тасдиқ ё рад накардаанд.
Аз ҳамлаи якҷояи Иёлоти Муттаҳида ва Исроил ба Эрон тақрибан се ҳафта мегузарад.
Артиши Исроил гуфт, дар мавҷи нави ҳамлаҳо ба шаҳри Теҳрон зербунёдҳои “режими Эрон”-ро ҳадаф қарор додааст. Ҳамчунин, ба гуфтаи онҳо, мавзеъҳое низ зада шудаанд, ки ба гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ" рабт доранд. Иёлоти Муттаҳида ин гурӯҳро созмони террористӣ медонад.
Дар ҳамин ҳол, Эрон ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподии худро ба ҳадафҳо дар саросари Ховари Миёна, аз ҷумла Исроил идома медиҳад. "Камаш як паҳпод" ба дохили сафорати Амрико дар Бағдод афтодааст. Дар Давҳа низ аз таркишҳо хабар дода шуд ва Қатар гуфт, як ҳамлаи мушакиро раҳгирӣ кард.
Гулӯгоҳи муҳими Ҳурмуз, ки тақрибан панҷяки нафти ҷаҳон аз тариқи он мегузарад, бинобар ҳамлаҳо ба киштиҳо баста мемонад.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, аз кишварҳои ҷаҳон даъват кард, ки барои бозкушоии тангии Ҳурмуз кумак кунанд. Ҳадаф қарор гирифтани кишварҳои тавлидкунандаи нафту газ дар Халиҷи Форс аз сӯи Эрон боис шудааст, ки нархи сӯзишворӣ дар бисёре аз кишварҳо ба таври назаррас боло равад.
Эълони рӯзи таҷлил аз Иди Рамазон дар Тоҷикистон
Иди Фитр ё Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи 20-уми март таҷлил хоҳад шуд.
Дар ин бора қарори Шӯрои уламои Маркази исломӣ содир гашт.
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо, рӯзи 17-уми март дар ҷаласае гуфтааст, ин сана "мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизика" эълон шуд.
Намози ид соати ҳафтуними субҳ баргузор мегардад.
Ба ин тартиб, имсол моҳи Рамазон дар Тоҷикистон 29 рӯз давом мекунад.
Иди Рамазон ё Фитр, яке аз ду иди барои мусалмонон муқаддас аст.
Дар идҳои гузашта мақомоти Тоҷикистон монеи идгардаки кӯдакон шуда, барои густардани дасторхони калону бодабдаба ҷарима таъйин карданд.
Кори як мактаби вобаста аз Шабакаи Оқохонро дар Тоҷикистон боздоштаанд
Мақомоти Тоҷикистон фаъолияти Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказиро, ки аз ҳимояти Шабакаи Оқохон баҳравар аст, боздошта, иҷозатномаи онро бозпас гирифтаанд. Ин хабарро вебсайти "Pamir Inside", ки ҳодисаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро бозтоб медиҳад, рӯзи 16-уми март нашр кард.
Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор як бахши Донишгоҳи Осиёи Марказӣ аст, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд, Кӯлоб ва Хоруғ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, ҳисобдорӣ, фанновариҳои нав ва барномасозӣ машғул аст.
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар изҳороте рӯзи 17-уми март гуфт, дар бораи кори Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор аз ҷониби Оҷонси назорат дар соҳаи маориф огоҳинома гирифт. "Донишгоҳ дар асоси натиҷаи баррасии мазкур барномаҳои таълимии марказҳои омӯзиширо дар Тоҷикистон ногузир боз дошт," – гуфта шудааст дар изҳорот.
Дилбар Рӯзадорова, масъули шуъбаи робита бо ҷомеаи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, мегӯяд, онҳо кӯшиш мекунанд, ки вазъиятро “бо масъулияти баланд баррасӣ намуда, манфиатҳои шумораи зиёди хонандагон, омӯзгорон ва кормандонро ҳамаҷониба ба инобат гирад.”
Вай афзудааст, "ин тасмим ба барномаҳои таълимии Мактаби илмҳои гуманитарӣ ва дақиқи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, инчунин кори илмию тадқиқотии Донишгоҳ таъсир нахоҳад расонд ва барномаҳои мазкур чун пештара идома хоҳанд ёфт."
Дар ин мактаб зиёда аз 5300 нафар омӯзиш мегирифтанд.
Дар Оҷонси назорат дар соҳаи маориф хабарро шарҳ надоданд.
Шабакаи Рушди Оқохон, ки раҳбари куллаш Шоҳзода Раҳим Оқохон, пешвои исмоилиёни ҷаҳон аст, аз соли 2022, пас аз саркӯби хунини норозиён дар Хоруғу Рӯшон, аз чанд бинои худ дар Тоҷикистон маҳрум гашт.
Аз ҷумла, соли 2024 ҳукумати Тоҷикистон мӯҳлати созишнома бо Шабакаи Рушди Оқохон (АКDN)-ро, ки ба ин ниҳод мақом дипломатӣ медод, тамдид накард.
Ҳамчунин моҳи сентябри соли 2023 ба ҷойи Литсейи Оқохон дар шаҳри Хоруғ "Литсей барои хонандагони болаёқат" ба кор сар кард.
Замини Донишгоҳи вобаста ба Шабакаи Оқохон ва меҳмонхонаи "Серена" дар Хоруғ низ ба ихтиёри давлат гузаронда шуданд.
Боғи марказии фароғатии шаҳри Хоруғ, ки зери сарпарастии Бунёди Оқохон буд, ба моликияти давлатӣ табдил дода шуд.
Дар Тоҷикистон иҷоза доданд, ки 24 сар бузи нодир шикор шавад
Мақомоти Тоҷикистон меъёр ё квотаи шикори ҳайвоноти нодир барои соли 2026-ро эълон карданд.
Бар асоси қарори ҳукумат, ки Радиои Озодӣ 17-уми март шинос шуд, имсол мақомот барои шикори 132 сар гӯсфанди "Марко Поло", 24 сар бузи "Морхӯр" ва 18 сар гӯсфанди бухороӣ иҷозат додаанд.
Дар санад дида мешавад, ки иҷозаи шикори аксар ҳайвоноти нодир тақрибан мисли солҳои гузашта аст. Танҳо меъёри шикори "Морхӯр" 4 сар зиёд шудааст.
Ҳамчунин бар асоси ин санад, дар ҳолати таҳдид ба шаҳрвандон ва расондани зарар ба аҳолӣ, шикорчиён ҳақ доранд то 10 сар хирси маллаи тиёншониро шикор кунанд.
Иҷозатнома барои шикори гӯсфанди "Марко Поло", гӯсфанди бухороӣ ва "Морхӯр" аз 1 сентябри соли 2026 то 1 марти соли 2027 амал мекунад.
Нархи иҷозаи шикори ин ҳайвоноти нодир гарон аст ва онро бештар хориҷиён харидорӣ мекунанд.
Шикори хирси тиёншонӣ бошад аз 1 сентябри имсол то охири августи соли оянда муқаррар шудааст.
Панҷ зани футболбози эронӣ аз паноҳҷӯӣ дар Австралия даст кашиданд
Расонаҳои Австралия иттилоъ медиҳанд, ки узви панҷуми дастаи мунтахаби футболи занонаи Эрон, ки қаблан дархости паноҳандагӣ карда буд, фикри худро тағйир дода, тасмим гирифтааст ба ватанаш баргардад.
Вазири маорифи Австралия Ҷейсон Клер мегӯяд, ӯ ифтихор дорад, ки кишвараш ба варзишгарони эронӣ интихоб фароҳам овард, вале на ҳамаи онҳо пешниҳодро пазируфтанд.
"Ба фикрам, мо набояд, мутаассиф бошем. Ман бо кишварамон ифтихор мекунам. Мо ба ин хонумҳои ҷавон ҳаққи интихоб додем. Бо ин иқдом Австралия собит мекунад, ки беҳтарин кишвари олам аст. Мо ба онҳо имкон додем, ки визаи башардӯстона гирифта, дар Австралия бимонанд. Вале баъзеҳо қабул карданду дигарон не. Фарқи Австралия ва Эрон ҳамин аст!" – гуфт Ҷейсон Клер.
Ҳафтаи гузашта баъди мусобиқаи футбол шаш хонуми футболбози эронӣ ва як узви ҳайати ин кишвар хавф доштанд, ки дар Эрон мавриди таъқиб қарор мегиранд. Ин нигаронӣ баъд аз он пайдо шуда буд, ки онҳо ҳангоми садо додани гимни Эрон дар мусобиқаи Ҷоми Осиё хомӯш истоданд.
Рӯзи якшанбе се узви дастаи футболи Эрон дархости паноҳандагиро пас гирифтанд. Пеш аз он як узви дигари даста ҳам аз паноҳандагӣ дар Австралия даст кашид. Иттиҳоди футболи Эрон мегӯяд, ин афрод дар Малайзия ба дастаи Эрон пайваста, ҳамроҳи онҳо ба ватан бармегарданд.
Оғози мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё ба ҳамон рӯзҳое рост омад, ки Амрико ва Исроил амалиёти низомиро дар Эрон шурӯъ карданд. Дастаи футболи занони эронӣ як ҳафта пеш аз идомаи ширкат дар мусобиқа маҳрум шуда буд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Натиҷаи раъйдиҳӣ дар Қазоқистон. Чӣ дигар мешавад?
Дар Қазоқистон барои тағйири Конститутсия раъйдиҳӣ барпо шуд, ки амалан қудрати президентро қавӣ ва порлумонро суст мегардонад. Овоздиҳӣ рӯзи 15-уми март гузашт. Кумисюни марказии интихоботи Қазоқистон гуфт, беш аз 87 дарсади раъйдиҳандагон ба тарафдорӣ аз ислоҳоти конститутсионӣ овоз доданд. Наздик ба 10 дарсад бо ин тағйирот розӣ нестанд.
Дар як суҳбат бо сардабири вебсайти Free Eurasia Ислом Текушев, ки овоздиҳиро дар шаҳри Остона мушоҳида мекард, хостем, натиҷаҳои муҳимтарини ин раъйпурсиро хулоса кунад.
Ислом Текушев: "Дар овоздиҳӣ одамони зиёде иштирок карданд ва ман инро дар чандин нуқтаи раъйдиҳӣ дар шаҳри Остона дидам. Дар суҳбат ба ман чанд раъйдиҳанда гуфтанд, ки дар бораи овоздиҳӣ ва тағйирот ба Конститутсия аз шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус Инстаграм огаҳ шуданд. Хуб, муҳимтарин тағйирот ин гузаштан аз порлумони думаҷлиса ба як маҷлис хоҳад буд. Дар ин кишвар мақоми муовини президент эҷод мешавад ва инчунин ислоҳоти конститутсионӣ тағйирот дар салоҳиятҳои як қатор сохторҳои давлатиро пешбинӣ мекунад. Ин кор чӣ гуна амалӣ мешавад, вақт нишон медиҳад. Баъд аз нашри охирин натиҷаҳо бояд санаи баргузории интихоботи нави порлумонӣ эълон шавад. Ин кор базудӣ анҷом мешавад ва порлумони нав сари кор меояд."
Радиои Озодӣ: Дар бораи маҳдудият ва ҳам боздошти чандсоатаи хабарнигороне, ки хостанд овоздиҳии президент Қосимҷомарт Тоқаевро мушоҳида кунанд, гузориш расид. Бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, пеш аз овоздиҳӣ мунтақидони тағйироти конститутсионӣ зери фишори зиёд буданд. Шумо ҳамчунин чизеро мушоҳида кардед?
Ислом Текушев: "Дар як нуқтаи овоздиҳӣ бо раъйдиҳандагон ҳамсуҳбат шудам. Масалан, як зани нафақахӯр, ки омадаву мухолифи тағйироти конститусионӣ овоз дод, гуфт, тарҳи нави Конститутсия ба зиндагии ӯ ҳеч таъсире нахоҳад кард ва маблағи зиёде, ки барои овоздиҳӣ сарф шуд, метавонист бо мақсадҳои дигар харҷ шавад. Ӯ гуфт, махсус омада хост, норизоияти худро баён кунад ва ӯ аз чунин имконият истифода кард. Як духтари дигаре, ки дар овозодиҳӣ иштирок кард, гуфт, “барои ояндаи Қазоқистон” овоз медиҳад, вале дар бораи он ки он чӣ тағйироте меорад, чизе гуфта натавонист."
Видео дар инҷо:
Ҳамла ба бандари Фуҷайра дар Имороти Муттаҳидаи Араб
Ба гузориши "Рейтерс”, баъди ҳамла болои бандари нафтии Фуҷайра дар Имороти Муттаҳидаи Араб ва як муддат боздошта шудани кори он, боркунӣ дар онҷо дубора сар шудааст.
Фуҷайра дар халиҷи Уммон дар берун аз гулӯгоҳи Ҳурмуз ҷойгир буда, макони содироти беш аз 1 миллион бушка нафт дар рӯз дониста мешавад.
Одатан аз ин гузаргоҳ нафти навъи “Мурбан”-и Имороти Муттаҳидаи Араб берун бурда мешавад ва он як дарсад аз талаботи ҷаҳонро ташкил медиҳад.
Барои хомӯш кардани сӯхтор хадамоти ёрии изтирорӣ дар ҷойи ҳодиса кор мекунанд. Ҳеч кас осеб надидааст.
Ҳамингуна, дар пайи ҳамлаи паҳподҳои эронӣ ба маҳаллаи наздик ба Фурудгоҳи Дубай ин нуқтаи муҳими парвозҳои байнулмилалӣ барои чанд соат аз кор монд.
"Ҷаноби Ҳеҷкас зидди Путин" ҷоизаи “Оскар”-ро гирифт
Филми мустанади "Ҷаноби Ҳеҷкас зидди Путин" шоми 15-уми март ҷоизаи Оскарро ба даст овард. Онро коргардон Дэвид Боренштейн ва наворбардори ғайрикасбӣ аз шаҳри дурдасти Карабаши Русия Павел Таланкин сохтаанд.
Таланкин дар маросими ҷоизагирӣ гуфт, "давоми чор соли охир мо ба осмони пур аз ситора нигариста, фақат як орзу мекунем, як орзуи аз ҳама муҳим. Вале кишварҳое ҳастанд, ки аз осмони онҷо ба замин ситора неву бомбаву паҳпод мерезад. Ба хотири ояндаи ҳамаи мо, ба хотири фарзандони мо, биёед, ба ин ҷанг хотима мебахшем. Ҳамин ҳоло."
Коргардон Дэвид Боренштейн гуфт, "вақте ҳукумат одамонро дар кӯчаҳои шаҳрҳои калон мекушад; вақте мо дар муқобили он хомӯшем; олигархҳо матбуотро ба даст оварда, истеҳсол ва харҷи моро назорат мекунанд, мо дар муқобили як интихоби ахлоқӣ қарор мегирем. Вале боз ҳам хушбахтона, ҳатто "ҳечкас" метавонад аз он чи ки шумо фикр мекунед, қавитар бошад."
Павел Таланкин чанд сол дар мактаби рақами 1-и шаҳри Карабаш омӯзгор ва ташкилотчиву наворбардор будааст.
Ин шаҳр дар вилояти саноатии Челябинск ҷойгир аст. Вақте соли 2022 ҷанги зидди Украина сар шуд, ӯ бо супориши маъмурияти мактаб ва Вазорати маориф барои гузоришҳои расмӣ аз ҷамъомадҳову маҷлисҳои мактаб, маросими тантанавиву дарсҳо ва ҳам маҳфилҳои бо номи "Суҳбатҳои муҳим" сабт ҷамъ мекард.
Ҳамин сабтҳо ҳам асоси маводи хоми филми мустанад гардиданд. Тобистони соли 2024 Таланкин Русияро тарк карда, тавонист ҳамроҳаш наворҳои сабткардаашро берун барад. Каме дертар ӯ бо мустанадсози амрикоӣ Дэвид Боренштейн аз ин сабтҳо як филме сохтанд.
Худи Таланкин гуфт, тавонист ба истилоҳ филми дуюми "Фашизми одӣ"-ро наворбардорӣ кунад. Ин филми Михаил Ромм аз соли 1965 дар бораи таърихи ташаккулёбии идеологияи фашистӣ дар Аврупо ва ҷиноятҳои Олмони нозӣ қисса мекунад.
Дар матбуоти таблиғотии Русия ин филмро "зиддирусӣ" номиданд. Баъд аз нашри филм мактабе, ки Таланкин он ҷо кор мекард, мавриди тафтиши ходимони ҳифзи қонун қарор гирифт. Ба иттилои матбуоти маҳаллӣ, модари Таланкин, ки ба ҳайси китобдори мактаб кор кардаву гоҳе дар дарсҳо муаллимонро иваз мекард, маҷбур шуд аз кор равад.
Нахустнамоиши филм 25-уми январ дар ҷашнвораи филми мустақили "Сандэнс" барпо шуд. Матбуоти минтақавӣ навишт, ки ин филм дар шаҳри Карабаш мисли "таркиши бомба" гардид ва дар матбуоти таблиғотии Русия Таланкинро "як хоин" номиданд. Ин филм пеш аз "Оскар" ҷоизаи асосии Академияи кинову телевизиони Бритониё - BAFTA-ро сощиб гаштааст.
"Ба танаш се корд задаанд." Дафни табиби кушташудаи тоҷик
Адолат Ҳамидова, пизишки 54-солаи тоҷикро, ки рӯзи 12-уми март дар Афғонистон кушта шуд, дар зодгоҳаш шаҳри Кӯлоб дафн кардаанд.
Пайвандон ва ҳамкоронаш рӯзи 16-уми март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯ ҳашт соли охир дар як бемористони хусусӣ дар ноҳияи Имом Соҳиб пизишки занон буд. Ин ноҳияи Афғонистон дар наздикии марзи Тоҷикистон ҷойгир аст.
"Аз тарафи шахсони ношинос дар хонааш кушта шудааст. Як корд дар пушташ задаанд, ду зарбаи дигар дар тарафи дил," -- гуфт яке аз пайвандонаш.
Ба қавли мусоҳиби мо, ҳамсояҳо бо шунидани садои доду фарёд ба кумаки Адолат Ҳамидова шитофта, ӯро ба бемористон бурдаанд, вале наҷот дода натавонистаанд.
"Ният дошт, ки барои таҷлил аз Иди Фитр ва дидани духтару хонаводааш ба Тоҷикистон биояд, аммо рӯзи 13-уми март пайкарашро оварданд," – афзуд ӯ.
Адолат Ҳамидова як духтари чордаҳсола дорад ва ҳамроҳи хонаводааш дар шаҳри Кӯлоб аст.
Ҳамсари ин табиби тоҷик шаҳрванди Афғонистон аст ва гуё дар пайванд ба қатли Адолат Ҳамидова дар боздошт қарор доштааст.
Сабабҳои кушта шудани зан маълум нест.
Мақомоти Тоҷикистон ва намояндагони "Толибон" расман шарҳе надодаанд.
Хадамоти тандурустӣ дар Афғонистон бавижа дар бахши занон бо камбуди шадиди табибон рӯбарӯст. Вазорати тандурустии ҳукумати "Толибон" дар охири соли 2024 эълон кард, ки духтарон дигар иҷозаи таҳсил дар омӯзишгоҳҳои тиббиро надоранд.
Садҳо пизишки тоҷик дар ҷустуҷӯйи кор ва маоши муносиб ба Русия ва кишварҳои дигар, аз ҷумла минтақаҳои ноороме чун Яман ва Афғонистон мераванд. Дар ҳоле ки дар баъзе аз шифохонаҳои рустову ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон мутахассисон намерасанд.
Гуфтугӯ