Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскав Пригожинро ба талоши ошӯби мусаллаҳона айбдор кард. АКС


Бино ба хабарҳо, нерӯҳои "Вагнер" дар Ростови лаби Дон ҷогйир шудаанд
Бино ба хабарҳо, нерӯҳои "Вагнер" дар Ростови лаби Дон ҷогйир шудаанд

Мақомоти Русия тасдиқ карданд, ки дар ин кишвар "ошӯби мусаллаҳона" шудааст.

Ин изҳорот баъди он садо дод, ки нерӯҳои ширкати хусусии ҳарбии "Вагнер" шаби 23-юми июн аз вилояти Луҳански Украина ба Ростови лаби Дон даромаданд ва биноҳои асосии ҳарбӣ ва давлатиро ишғол карданд.

Евгений Пригожин, мудири "Вагнер", масъулони бахши низомии Русия, аз ҷумла вазири дифоъ Сергей Шойгу ва раиси Ситоди кул Валерий Герасимовро ба "наслкушӣ" ва нокомии амалиёт дар Украина гунаҳкор кард. Вай гуфт, барои боздошти "ҳайвон Шойгу" шаҳри Ростовро гирифт, вале ӯ шабона аз ин ҷо фирор кардааст.

"Теъдоди сарбозони кушташуда назар ба ҳуҷҷатҳое, ки фиристода мешаванд, се-чор баробар зиёд аст," -- гуфт Пригожин. Вай ҳамзамон иддао кард, ки артиши Русия ба пойгоҳи нерӯҳои "Вагнер" зарба задааст.

Пригожин ҳамчунин гуфт, ҳарбиёни Вазорати дифои Русия ба нерӯҳои ӯ пайвастаанд ва мехоҳад, аз Ростов ба самти Маскав ҳаракат кунад. Дар ин байн мақомоти Русия роҳҳои асосии мошингардро аз Ростов ба Маскав бастаанд. Ҳокимони чанд вилояти ин масир аз шаҳрвандон хостанд, бе зарурат ба кӯча набароянд. Ҳамаи маъракаҳои ом дар ин вилоятҳо манъ карда шуданд.

Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин гуфт, "дар пайванд ба хабарҳои расида" дар Маскав чораҳои зиддитеррористӣ андешида шудааст.

Раиси ҷумҳурии Русия дар пайи гузоришҳо дар бораи ишғоли иншооти низомӣ ва идораҳои давлатӣ аз тарафи ҷангҷӯёни "Вагнер" дар Ростови лаби Дон гуфт, барои ҳифзи кишвараш “тамоми корро” мекунанд. Владимир Путин рӯзи 24-уми июн дар паёми телевизионӣ амали “Вагнер”-ро ба раҳбарии Евгений Пригожин “ошӯби мусаллаҳона” ва “хиёнат” номид.

Генералҳои артиш Сергей Суровикин ва Владимир Алексеев дар муроҷиате аз нерӯҳои “Вагнер” хостанд, ки ҳаракати худро поён диҳанд.

Мақомоти қудратӣ ва интизомии Русия изҳорот ва рафтори Пригожинро "даъват ба исёни мусаллаҳона" тавсиф карданд. Додситонии кулли Русия гуфт, ба зидди муассиси "Вагнер" ба иттиҳоми "ташкили исёни мусаллаҳона" парвандаи ҷиноӣ кушод. Ба Пригожин аз 12 то 20 сол зиндон таҳдид мекунад.

Даъвои байни Евгений Пригожин бо мақомоти низомии Русия тайи ду моҳ боз ҷараён дорад. Ин замоне буд, ки Пригожин иддао кард нерӯҳояш ба гирифтани Бахмут дар Украина наздик шудаанд, вале Вазорати дифои Русия силоҳу муҳиммот намедиҳад.

Ширкати хусуси “Вагнер”, ки муассисаш яке аз сарватмандони наздик ба раиси ҷумҳурии Русия аст, аз оғози ҳамлаи Маскав ба хоки Украина ҳазорҳо шаҳрвандро ба тарзи қарордодӣ ва ҳазорҳо маҳбусро бо ваъдаи афв ба майдонҳои ҷанг бурдааст. Коре, ки Русия ҳафтаи равон қонунӣ кард ва бастани қарордоду даъвати маҳбусонро ба ҷанг дар ихтиёри Вазорати дифоъ гузошт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG