Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Русия дигар кафили субот нест". "Сабақ"-и ошӯби Пригожин ба Тоҷикистон ва ҳамсояҳояш


Владимир Путин, Сергей Шойгу, Александр Лукашенко ва Евгений Пригожин, коллаж
Владимир Путин, Сергей Шойгу, Александр Лукашенко ва Евгений Пригожин, коллаж

"Раҳбарони Осиёи Марказӣ рӯйдодҳои охирро дар Русия, ки Кремл "ошӯби мусаллаҳона" номид, бо "ошуфтагӣ" истиқбол карданд ва акнун масъалае ҳаст, ки онҳо бояд дар борааш бештар фикр кунанд," – мегӯяд ходими илмии Маркази Карнегии Берлин Темур Умаров.

Бахши қазоқии Радиои Озодӣ аз ӯ пурсид, ки ин ҳодиса ба робитаҳои Маскав бо кишварҳои минтақа чӣ таъсир мерасонад; раҳбарони давлатҳо бояд аз он чӣ дарс бигиранд ва ба кадом сенария дар Русия омода бошанд.

"Латма ба обрӯи Путин"

Радиои Озодӣ: Баъзе аз коршиносон ва расонаҳои ғарбӣ ба ин назаранд, ки "ошӯби мусаллаҳона" ба раҳбарии мудири ширкати "Вагнер" Евгений Пригожин заъфи Кремлро нишон дод ва боис ба таҳқир шудани шахсияти президенти Русия Владимир Путин шуд. Ба назари шумо, ҳодисаҳои охир чиро нишон дод?

Темур Умаров
Темур Умаров

Темур Умаров: "Бар асоси он чи хондам ва дидам, метавонам бигӯям, ки ин зарбаи бузург ба обрӯи Путин буд. Дар ҳақиқат ин ҳодиса нишон дод, ки қудрати давлат то чӣ андоза метавонад заиф бошад. Дурӯғ будани шиорҳои таблиғотӣ, ки мегуфтанд, агар Путин набошад, Русия пароканда мешавад, ошкор шуд. Қудрати Русия он қадар устувор нест, режими Путин метавонад бисёр осебпазир бошад ва дар дохили "нухбагон"-и Русия метавонад ихтилофҳои бузурге ба миён ояд, ки пайомадҳои фалокатбор хоҳанд дошт. Ҳодисаи охир нишон дод, ки дар зери хаёл воқеияти даҳшатангезе хобидааст: на ҳама чи дар дасти як кас аст. Ин ҳодиса ҳам ба обрӯи Русия ва ҳам барои он кишварҳое, ки аз Маскав хеле вобаста ҳастанд, зарбаи калон аст."

Радиои Озодӣ: Президенти Беларус Александр Лукашенко дар ин ҳаводис нақши миёнаравро бозид ва Путинро дастгирӣ кард. Назарҳое ҳастанд, ки гуё Лукашенко баъд аз эътирозҳои оммавии Беларус дар пасманзари интихоботи моҳи августи соли 2020, ки Путин ба ӯ дар ҳифзи қудрат мадад кард, "қазрдор" буд ва имрӯз онро баргардонд…

Темур Умаров: "Ба назари ман, дар ин масъала набояд шитоб кард ва гуфт, ки маҳз Лукашенко "наҷотбахш"-и Путин аз исён буд. Дар онҷо гуфтугӯҳои гуногуни зиёд анҷом шуданд ва Лукашенко ҳам нақши муҳимро бозид, на калидиро.

Радиои Озодӣ: Яъне, гуфтугӯҳо тавассути роҳҳо ва шахсони дигар ҳам сурат гирифтаанд?

Темур Умаров: "Албатта. Фикр намекунам, ки Лукашенко дар ҷараёни ин гуфтугӯҳо нақши бузургро бозидааст. Ӯ нақш офарид, вале дар ҳаводисе, ки дар миёни "нухбагон"-и Русия рух дод, иштирок накардааст."

Радиои Озодӣ: Вазъро дар пойтахтҳои Осиёи Марказӣ чӣ гуна қабул карданд?

Темур Умаров: "Ошуфтагиеро ба миён овард. Зеро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ тасмимҳо, бахусус дар масъалаҳои вобаста ба Русия на бар асоси таҳлили коршиносӣ, балки тибқи ҳисси пешакии "нухбагон"-и сиёсӣ ва тасаввуроти онҳо дар бораи ҳодисаҳо гирифта хоҳад шуд ва он дар заминаи муошират бо “элитаҳои сиёсии Русия”, бо худи Путин ва атрофиёни ӯ ташаккул меёбад. Фикр мекунам, онҳо ин вазъро интизор надоштанд. Агар медонистанд, Пригожинро ин қадар "болобардорӣ" намекарданд, ба ӯ барои ҷангидан ба зидди Украина силоҳ намедоданд ва тамоми фаъолиятҳояшро "ҷомаи қонунӣ" намепӯшониданд. Бинобар ин, фикр мекунам, дар Осиёи Марказӣ дар ҳолати шок ҳастанд. На ҳамаи кишварҳо инро ба намоиш гузоштанд. Танҳо Қазоқистон ҷаласаи фаврии Шӯрои амният баргузор карда, сенарияҳои эҳтимолӣ, оқибатҳо ва омодагӣ ба буҳронро дар пасманзари ҳаводиси Русия баррасӣ намуд. Умедворам, дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ дарк карданд, ки Русия он қадар устувор нест ва дар бораи сенарияҳои эҳтимолӣ андеша карданд. Аммо дарси асосӣ ин буд, ки ягон низомӣ сиёсӣ наметавонад бе муколама бо коршиносони мустақил, ҳирфаӣ, воқеъбин ва беғараз ояндаро ба таври устувор пешгӯӣ кунад, зеро тасвири ҷаҳони онҳо таҳриф шудааст. Барои он ки бидонанд, онҳоро чӣ пайомади бузурге метвонад мунтазир бошад ва сиёсати хориҷиро чӣ гуна ба роҳ монанд, ки ба дом наафтанд, бояд коршиносони зиёде дошта бошанд, ки на бар асоси таблиғот, балки дар асоси иттилои воқеӣ хулоса мебароранд."

Нақшаи "Б" чӣ шуд?

Нерӯҳои "Вагнер" дар Ростов
Нерӯҳои "Вагнер" дар Ростов

Радиои Озодӣ: "Вагнер" ҳазорҳо муздур дорад. Тавре аз пешвозгириҳо дар Ростов бармеояд, Пригожин дар миёни сокинони Русия ҷонибдор ҳам дорад. Оё имкон дорад, ки дар ояндаи наздик табаддулоти низомӣ сурат гирад? Агар ингуна сенария боз такрор шавад, он барои Осиёи Марказӣ чӣ хатарҳоеро дар пай дорад?

Темур Умаров: "Ҳама чиз имкон дорад. Дар кишварҳои худкома, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ устувориро хуб намоиш медиҳанд. Бале, ба назар менамояд, ки ягон ҳодисаи хавфборе рӯй намедиҳад, эътирозҳои хурд-хурд сар мезананд, вале зуд пахш мешаванд. Мошини иттилоотӣ дар дасти давлат аст ва он чи рӯй медиҳад, дар саҳифаҳои рӯзномаҳо, экранҳои телевизион пайдо намешавад. Дар сурати ба миён омадани ягон хатар давлат қувваҳои муайяне дорад, ки онро зуд боздорад. Иқтисод низ комилан таҳти назорат аст. "Элитаҳои тиҷоратӣ" содиқанд. Ба назар чунин мерасад, ки ҳама чиз хуб ва устувор аст. Ва дар ҷомеа низ алтернативаро намебинанд. Аммо мо дидем, ки сокинони Ростов ва Воронеж чӣ гуна "вагнериҳо"-ро пешвоз гирифтанд, дасти онҳоро ҳамчун қаҳрамон фишурданд, бо кӯдакон дар назди тонкҳо акс бардоштанд ва онҳоро бо як рӯҳияи дигар гусел карданд. Оқибатҳои ҳодисаи рухдода барои Осиёи Марказӣ бисёр аст. Минтақа аз ҷиҳати ҳамлу нақл, иқтисодӣ ва омилҳои объективӣ, ба монанди раванди муҳоҷират аз Русия вобаста аст. "Элитаҳои" сиёсӣ низ ҳам аз ҷиҳати манфиатҳои худ ва ҳам аз нигоҳи ҳамкорӣ вобастагӣ доранд. "Ошӯби низомиии Пригожин" нишон дод, ки ҳамаи ин дар як они воҳид метавонад пароканда шавад.

Раҳбарони Осиёи Марказӣ, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ сари қудрат омадаанд, муносибатҳои хеле наздики сиёсӣ ва иқтисодиро бо Русия идома дода, боварӣ доштанд, ки як давлати устувор аст ва метавон ба он такя кард. Он як давлати худкомаи шахсӣ аст ва пеш аз ҳама бояд ба нафароне гуфтугӯ кард, ки ҳамаро раҳбарӣ мекунанд. Вақте ин афрод иваз мешаванд, тамоми он чи ки дар заминаи муносибатҳои байнишахсӣ сохта шудааст, суқут мекунанд ва аз байн мераванд, ки хеле хатарзо ҳам аст.

Тасаввуроти раҳбари худкомаи Осиёи Марказӣ чӣ гуна буд? Агар низоми сиёсии ман ба қадри кофӣ устувор набошад ҳам, Владимир Путин ҳама чиро зери назорат дорад ва дар сурати лозимӣ метавон ба Маскав муроҷиат кард. Ончи ки Қазоқистон дар ибтидои соли 2022 кард, метавон ҳамчун намуна зикр кард. Акнун ин тасвир баръакс шуд ва нақшаи «Б», ки ҳамеша дар зери «болин» буд, аз байн рафт. Ҳоло дигар танҳо метавон ба худ такя кард."

Назарбоев, Лукашенко, Раҳмон...

Радиои Озодӣ: Канали "Пул Первого" дар паёмрасони Телеграм, ки аз сӯи кормандони раёсати ҷумҳуриии Беларус Александр Лукашенко идора мешавад, хабар доданд, ки Лукашенко дар пасманзари ҳаводиси Русия бо президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гуфтугӯ кардааст. Ба назари шумо, чаро Лукашенко бо Назарбоев, ки амалан дигар қудратро дар даст надорад, тамос гирифтааст?

Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко
Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко

Темур Умаров: "Фикр мекунам, инҷо низ шахсият нақш мебозад. Назарбоев, Лукашенко, Путин, президенти собиқи Узбекистон Ислом Каримов ва раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нафароне ҳастанд, ки давлатҳои мустақили бунёдшуда дар асоси пораҳои Иттиҳоди Шӯравиро раҳбарӣ кардаанд. Дар ҷараёни ҳукмронии тӯлонӣ миёни онҳо муносибатҳои байнишахсӣ ба миён омадааст. Ман фикр намекунам, ки баъд аз ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон миёни Путин ва Назарбоев робитаҳои зич монда бошад. Вале Лукашенко ба ҳар сурат робитаҳоро ҳифз кардааст.

Назарбоев танҳо шахсе нест, ки ҳамеша дар майдони иттилоотӣ буд. Ӯ дарк мекард, ки дар охирҳои Иттиҳоди Шӯравӣ чӣ дар куҷо ва чӣ гуна рух медиҳад. Баъдан дар кишварҳои мустақил низ ҳамчунин. Бисёриҳо ҳоло фикр мекунанд, ки ӯ як шахси заиф, комилан номарбут ва танҳо «як нафақахӯр аст». Ӯ нафарест, ки баъди ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 зинда мондааст.

Вазъи ӯ нисбатан устувортар аст. Солим, зинда ва дар озодӣ аст. Дороиҳои вайро мусодира накардаанд. Назарбоев аз ҳаёти сиёсии Қазоқистон комилан нопадид нашудааст. Ӯ дар интихобот, боз кардани масҷидҳо ва ғайра ҳозир мешавад. Вай хадамоти матбуотӣ дорад. Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар бораи ӯ ҳарфи бад намегӯяд ва вайро ҳамчун «асосгузори давлат» мепиндорад. Ба назари ман, ингуна шахс таҷрибаи бузург дорад. Тамоси Лукашенко як «мастер-класс»-и Назарбоев буд: дар ҳолати хатарнок чӣ гуна бояд амал кард."

"Агар ҳукумати Путин фурӯ резад..."

Радиои Озодӣ: Агар дар ояндаи наздик ё дур низоми Путин фурӯ пошад, пас, кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд ба кадом сенария омода бошанд?

Темур Умаров: "Фикр намекунам, ки касе ҷавоби инро медонад. Владимир Путин ва ягон каси дигар дар дохили "нухбагони Русия" тасаввур карда наметавонанд, ки чӣ рӯй медиҳад. Агар мо аллакай дар бораи суқути низоми путинӣ дар давраи Путини зинда суҳбат кунем, ба эҳтимоли зиёд, он як сенарияи хатарнок хоҳад буд. Имкон надорад, ки президенти Русия мақомашро ихтиёран тарк кунад. Ӯ то охир чанги худро аз курсияш барнамедорад. Мисоли равшан метавонад бархӯрди миёни президенти собиқи Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ва президенти вақти он кишвар Сооронбой Ҷээнбеков шавад. Ҷээнбеков дар аввал аз ҳамкорони наздики сиёсии Отамбоев буд, вале баъди расидан ба қудрат дар соли 2017 таъқиби Отамбоевро сар кард. Аз ҷумла дар соли 2019 миёни онҳо як задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифт. Ҳарчанд вазъ дар Русия дигар аст. Путин бар хилофи Отамбоев, ки замоне омода буд бо силоҳаш худро бикушад, дар сурати лозимӣ то охир истодагарӣ хоҳад кард.

Бояд дарк кард, ки Русия дигар кафили субот дар минтақа наметавонад бошад. Осиёи Марказӣ бояд андеша кунад, ки дар сурати рух додани ягон таҳаввулот дар Русия чӣ гуна бояд амал кунад. Чӣ бояд кард? Пеш аз ҳама, бояд дар бораи ҳамбастагии дохилии минтақа андеша кард. Зеро кишварҳои минтақа дар алоҳидагӣ он қадар қавӣ ва бонуфуз нестанд, ки дар ҷараёни гуфтугӯҳои шартӣ бо раҳбарони нави эҳтимолии Русия аз манфиатҳои худ ҳимоят кунанд. Дувум, бояд аз ҳаводиси ҷорӣ на тариқи телевизион ва гуфтугӯ бо «нухбагон»-е, ки дар сари қудрат ҳастанд, балки бояд тавассути манбаъҳои воқеъбини иттилоотӣ огаҳ буд. Ин маънои онро дорад, ки мо дар Осиёи Миёна бояд сари мактабҳои русишиносӣ кор кунем. Ҳоло хондани навиштаҳо ва шунидани назари коршиносони минтақа, ки ба омӯзиши равандҳои сиёсӣ дар Русия машғуланд, муҳим аст.

Мо бояд ба Русия ҳамчун як дарс назар кунем: яъне, вақте ҳукумати худкома бо мусаллаҳ кардани гурӯҳҳои муайяни одамон барои расидан ба ҳадафҳои кӯтоҳмуддати худ машғул шавад, оқибаташ чи хоҳад буд. Пеш аз ҳама сухан аз Қирғизистон ва Тоҷикистон меравад, ки то ҳол бо ҳам даргиранд. Вақтҳои охир вазъ миёни ду кишвар камубеш ором шудааст, ҷонибҳо дар мавриди нишонагузори сарҳад ба мувофиқа расидаанд. Аммо қаблан мегуфтанд, ки сокинони минтақаҳои наздимарзӣ бояд мусаллаҳ карда шаванд ва ин роҳ хеле хатарнок аст, ки агар давлат мехоҳад, устувор бошад бояд ба он наравад. Хулосаи асосӣ: ҳамеша бояд вобастагии худро аз ҷаҳони берунӣ гуногун сохт ва ба ҳамаи натиҷаҳо омода буд, зеро инҷо сухан аз манфиатҳои миллӣ меравад."

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG