Маҳмадсаид Убайдуллоев: "Матбуот бояд ҳақиқатро гӯяд"
Рӯзи 30-юми ноябри соли 1995 гуфтушуниди сулҳи Тоҷикистон дар нахустин лаҳзааш қатъ шуд. Зеро раҳбари ҳайати музокиракунандаи мухолифон Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода эълом дошт, ки Иттиҳоди оппозитсиюн танҳо пас аз қатъи амалиёти ҳарбӣ дар Тавилдара ба гуфтушунид хоҳад пардохт. Раҳбари ҳайати давлатӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев он гоҳ толорро тарк кард ва дар берун бо хабарнигорон вориди гуфтугӯ шуд. Ҳамин тавр як нишасти хабарии сарироҳӣ ё бадеҳӣ ба амал омад. Сабти пурраи ин суолу ҷавоби ногаҳонӣ ва ғайриодӣ дар подкасти "Ганҷи шойгон" пешкаши шумо мешавад.
Порчаҳо
-
сентябр 12, 2023
Эмомалӣ Раҳмон(ов): "Ман ба Радиои Озодӣ эътиқоди калон дорам"
-
август 22, 2023
Бозгашти Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода
-
июл 22, 2023
Вақте ки 22 июл Рӯзи Забон буд...
-
июн 19, 2023
Ганҷи шойгон. Аз гузаштаҳо, ногуфтаҳо ва ношунидаҳо