Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гусели гумонбар дар қатли Шӯҳрат Исматуллоев ба чанд корманди фурудгоҳ "дарди сар" шуд


Фурудгоҳи Душанбе
Фурудгоҳи Душанбе

Чанд корманди фурудгоҳи Душанберо барои гусели Дилшод Саидмуродов, гумонбар дар қатли Шӯҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк”, аз тариқи толор барои меҳмонони вижа ба рухсатии маҷбурӣ фиристодаанд.

Ба гуфтаи мақомот, Шӯҳрат Исматуллоев шоми 23-юми июни имсол рабуда шуда, бар асари шиканҷа ҷон додааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 7-уми июл дар изҳороте гуфт, Дилшод Саидмуродов дар рабудани муовини аввали раиси "Ориёнбонк" даст дошт. Ӯ 24-уми июн, як рӯз баъд аз бедарак шудани Шуҳрат Исматуллоев тавассути фурудгоҳи Душанбе ба Русия фирор кардааст.

Як манбаъ дар фурудгоҳи Душанбе рузи 28-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, замоне, ки Дилшод Саидмуродов кишварро тарк мекард, ҳанӯз даст доштанаш дар ҷиноят маълум набуд. Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, то анҷоми парвандаи ҷиноӣ, гурӯҳе аз кормандони фурудгоҳ, ки он шаб навбатдор буданд, ба рухсатии маҷбурӣ фиристода шудаанд. Дар ин навъи рухсатӣ ба корманд маош намедиҳанд.

Қабалан хабарҳо дар бораи аз кор ронда шудани чанд корманди фурудгоҳ, ки масъули қабулу гусели шаҳрвандон буданд расонаӣ шуда буд. Дилшод Сафарзода, роҳбари Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандӣ имруз 28-уми июл дар нишасти матбуотӣ ронда шудани кормандони фурудгоҳро рад кард ва танҳо гуфт, “дар ин бора маълумоти кофӣ надорад.”

Дилшод Саидмуродов дар гузашта дар Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ кор карда, як муддат маъмури Шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикии Додситонии кул будааст. Гуфта мешавад "ӯ гурӯҳи рабояндагонро раҳбарӣ мекард", аммо мақомот хабарро тасдиқ ё рад намекунанд.

Шуҳрат Исматуллоев соати 8-и шоми 23-уми июн дар кӯчаи Закариёи Розии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аз ҷониби афроди номаълум рабуда шуд. Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 7-уми июл дар изҳороте гуфт, ба ҷуз Рустам Ашӯров ва Дилшод Саидмуродов шахсияти боз ду нафари дигарро маълум кард, ки дар рабудани муовини аввали раиси "Ориёнбонк" даст доштанд. Инҳо Шоҳрух Хуҷаев ва Акбар Аҳмадов будаанд, ки ба гуфтаи додситонӣ ҳамроҳ бо ду нафари аввал, Исматуллоевро ба мошин савор карда буданд.

Тасдиқи дурустии ин хабар феълан аз манобеи мустақил имконпазир нест ва рӯшан нест, ки Хуҷаев ва Аҳмадов иттиҳоми мақомотро то куҷо қабул доранд.

Мақомот дар бораи онҳо маълумоти зиёд намедиҳанд, танҳо мегӯянд, Дилшод Саидмуродов бо Акбар Аҳмадов ба Русия, Шоҳрух Хуҷаев ва Рустам Ашӯров ба Туркия фирор карданд. Додситонии кул ҳамчунин гуфтааст, Шуҳрат Исматуллоевро баъди рабудан чанд соат дар манзиле дар ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб шиканҷа карда, баъдан куштаанд. Ба гуфтаи манбаъ, ҷасади муовини раиси "Ориёнбонк"-ро ҳамроҳ бо мошини "Ҳундай-соната" ба дарё партофтаанд. Мақомот мегӯянд, то ҳол ҷасади Исматуллоевро пайдо накардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG