Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ришвахорӣ"-и устодони донишгоҳ баҳс барангехт. ВИДЕО


Аюб Усмонзода, ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд (аз чап)
Аюб Усмонзода, ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд (аз чап)

Мақомоти тафтишотӣ ва қудратии вилояти Суғд мегӯянд, дар як соли ахир аз ҳама бештар мавридҳои ришваситонии омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хуҷандро ба қайд гирифтаанд.

Қисме аз онҳо бо ҷарима аз ҷавобгарӣ озод шудаанд ва чанде ҳам маҳбусанд. Вале Аюб Усмонзода, ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ин фактҳоро қабул надорад ва даст ба ҷиноят задани кормандонашро рад мекунад. Раддияи ӯ дар нишасти хабарӣ баҳсбарангез шуд.

«Пора гирифтаанд ё не?» Ба ин пурсиши хабарнигорон ректори Донишгоҳи Давлатии шаҳри Хуҷанд посух дод, ки “дар давраи ҳисоботиаш ягон устоди донишгоҳ даст ба ҷиноят назадааст”. Ин ҳам дар ҳолест, ки дастикам номи панҷ устоди ин муассисаи олии таълимӣ аз сӯи мақомотҳо бо ҷурми ришваситонӣ садо додааст.

Аюб Усмонзода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар нишасти хабарии моҳи августаш гуфт: «Айни замон ба Раёсати донишгоҳ оиди содир кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ, шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва дигар амалу корҳое, ки ба фаъолияти омӯзгорӣ иснод мебиёрад, ба қайд гирифта нашудааст. Ба мо дар мавриди ҷиноят содир кардани ин ё он омӯзгор тариқи хаттӣ маълумот ворид нагардидааст».

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз мавриди ришвагирии муаллими Донишгоҳи давлатии Хуҷанд чанд ҳафта пеш гузориш дод. Дар ин навор Алиҷон Набиҷонов, омӯзгори факултети тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд тасдиқ кард, ки ӯ барои ҳалли кори донишҷӯе 8 ҳазор сомонӣ пора гирифтааст.

“Ришвахорӣ”-и устодони донишгоҳ баҳс барангехт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:03 0:00

Аз он пештар рӯзи 21-уми май аз боздошти Иброҳим Ҷабборзода ва Нуралӣ Шукуров - декан ва муовини декани факултаи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров хабар нашр шуда буд.

Дар нишасти хабарии Оҷонсии зидди фасод дар вилояти Суғд рӯзи 16 август низ аз мавридҳои ришваситонии омӯзгорони ин донишгоҳ гуфтанд.

Ҷӯрақул Наврӯззода, муовини сардори Раёсати оҷонсии зидди фасод дар Суғд, аз ҷумла, гуфт: “Дар донишгоҳҳои вилояти Суғд ҳамагӣ ду ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Ин ҳам бошад, нисбати омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шоҳин Бобоназаров, ки моҳи декабри соли 2022 бо роҳи қаллобӣ аз шаҳрванд Мирзоқулов гӯё ҳамчун донишҷӯ ба курси севум барқарор намуданаш маблағи 4550 сомонӣ гирифта, тасарруф намудааст. Нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди гирифтани фикри айбдорӣ барои моҳиятан баррасӣ кардан ба суд ирсол карда шуда бо ҳукми суд номбурда маҳкум карда шуд”.

Фурқат Хоҷазода, додситони вилояти Суғд ҳам порагирии кормандони Донишгоҳи давлатии Хуҷандро тасдиқ кард, вале ҷузъиёт надод. Чандин мавриди пулситонии устодони ин муассисаи таълимии олиро манбаъҳои Радиои Озодӣ низ қаблан хабар дода буданд. Вале ҳамаи ин низ назари ректори донишгоҳро дигар накардааст.

Аюб Усмонзода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд гуфт: «То он даме, ки мақомоти қудратӣ хулосаҳои худашонро пешниҳод намекунанд, дар бораи ҷиноят содир кардан ё накардани он мо ягон хел андеша ронда наметавонем. Вайро фақат суд муайян мекунад. Дар сурати муайян кардани ин ҳолат мо дарҳол тибқи қонунҳои амалкунанда боз кору фаъолияти онҳоро дида мебароем».

Мавқеи худи устодони муттаҳамшуда ба порагирӣ дар даст нест.

Шикоят аз ришваситонӣ дар мактабҳои олии Тоҷикистон кам нест. Танҳо дар шашмоҳаи имсол қариб 30 мавриди ришваситонӣ дар омӯзишгоҳҳои Суғд ба қайд гирифта шудааст. Аз кори мақомот ҳам дар амри ҷилавгирӣ аз фасод танқид садо медиҳад. Созмонҳои байналмилал дар гузоришҳои худ мизони фасод дар Тоҷикистонро баланд арзёбӣ кардаанд. Соли гузашта, Созмони шаффофияти байналмилал дар гузориши худ гуфта буд, фасод дар Тоҷикистон ба як “расм” табдил шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG