Бозгашти Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода
Дар бойгонии Радиои Озодӣ барнома ва гузоришҳое зиёданд, ки бо вуҷуди лаҳни орому бетарафонаи хабарнигорон ҳаяҷони шунавандагонро меангезанд. Яке аз онҳо бозгашти сарони мухолифон пас аз имзои сулҳ ба Ватан аст, ки инак, 25 сол аз он гузаштааст. Онро интихоб кардем, то ҳам солгарди 25-уминаш қайд шавад ва ҳам як бор бишнавем, ки он рӯзҳо фазои сиёсии Тоҷикистон чӣ ҳолу ҳавое дошт ва як рӯҳияи демократӣ, мардумсолорӣ, чандандешӣ, орзу ва ормони зиёде ҷомеаро фаро гирифта буд, ки бо вазъи имрӯза аслан қиёснашаванда аст. Солҳои охир, ки дар кишвар ҳеч ҳизбу ҳаракати воқеан мухолиф ба ҳизби ҳоким намондааст, барои бисёре аз шумо шояд боваркарданӣ ҳам нест, ки 25 сол пеш равандҳои комилан дигаре бар фазои сиёсӣ ҳоким буданд.
Порчаҳо
-
сентябр 12, 2023
Эмомалӣ Раҳмон(ов): "Ман ба Радиои Озодӣ эътиқоди калон дорам"
-
июл 22, 2023
Вақте ки 22 июл Рӯзи Забон буд...
-
июн 19, 2023
Ганҷи шойгон. Аз гузаштаҳо, ногуфтаҳо ва ношунидаҳо