Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шоҳмот" бидъат аст, "шатранҷ" дурусту савоб?


Дар бораи корбурди саҳеҳи номи ин бозии ҳушмандона ва машҳур, ки ба фарҳангу ҳувияти мо гиреҳ хӯрдааст, пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳое матраҳ шуда буд.

Исфандиёри Одина, рӯзноманигор ва пажӯҳишгар

Нависанда Абдуқодири Рустам ҳашт сол пеш мақолаи кӯтоҳе дар ин боб навишта ва гуфта буд, ки корбурди “шоҳмот” ба ҷои “шатранҷ” дар забони тоҷикон аз 60 ё 70 сол бештар собиқа надорад. Яъне, ин вожа “дар қатори садҳо вожаю таркиби русӣ” пас аз ишғоли Бухоро тавассути русҳо вориди забони порсии Варорӯд шудааст.

Ин дар ҳолест, ки истифодаи вожаи “шатранҷ” дар забони мо беш аз 1300 сол пешина дорад. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, “шоҳмот” ба маънии истилоҳии он барои мо бегона аст ва “шатранҷ” худӣ, истифодаи “шоҳмот” бидъат аст ва “шатранҷ” дурусту савоб.”

“Пойбандии Шӯравӣ”

Исфандиёри Одина
Исфандиёри Одина

Ҳанӯз ҳам навъе сардаргумӣ дар корбурди ин ду вожа дар расонаҳо ва дар миёни адибону рӯзноманигорони тоҷик ба мушоҳида мерасад. Масалан дар торнамои “Ховар”, хабаргузории расмии Тоҷикистон, вожаи “шоҳмот” корбурди фаровоне дорад.

Ин расонаи давлатӣ дар чанд матлаби вобаста ба мусобиқоти шатранҷ дар шаҳри Душанбе, ки ҳудуди як моҳ пеш баргузор шуд, ҳамаҷо аз вожаҳои “шоҳмот” ва “шоҳмотбозӣ” кор гирифтааст.

Номи расмии анҷумани шатранҷбозони Тоҷикистон ҳам “Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон” аст. Ин ном мисли номҳои бисёре аз ниҳодҳои давлатӣ ва иҷтимоӣ, ки ағлаб бо истифода аз калима ва таркибҳои ғализи русӣ сохта шудаанд, гӯши ҳар порсизабонеро ба дард меоварад. Ин дар ҳолест, ки баъзе аз ҳаммеҳанони мо иддао мекунанд, ки забону баёни мо тоҷикон поку муназзаҳ ва зеботару шевотар аз забону баёни ҳамзабонони бурунмарзиямон аст – иддаое, ки бар ҳеч пояе устувор нест!

“Ҳарос аз шоҳ”

Бо ин ҳол, мебинем, ки хабаргузории “Ховар” аҳёнан аз вожаи “шатранҷ” ҳам ба ҷои “шоҳмот” кор гирифта ва ин маврид бештар ба даврае байни солҳои 2016 то 2020 бармегардад. Дар он даврон матолибе дар торнамои ин хабаргузорӣ мунташир шуда, ки дар онҳо корбурди ҳарду вожаро дар канори ҳам метавон мушоҳида кард, бавижа дар унвонҳои баъзе аз матолиб.

Ба назар мерасад нависандагони ин матолиб ин ду номро мутародифи ҳам пиндоштаанд. Аз қазо чунин пиндоре дар миёни ҷамъе аз аҳолии фарҳангу адаби Тоҷикистон ҳам роиҷ аст. Масалан, дар матлабе аз Абдунабии Сатторзода омада: “Агар дар ибтидо [дар Эрон – И.О.] кӯшише мерафт, ки аз “Шоҳнома” ва худованди он номе набаранд, ба иллате, ки нафрати беандоза ба шоҳ ва замони шоҳ ва ифтихороти адабию таърихии он доштанд ва ба ҳамин сабаб “шоҳроҳ”-ро ба “бузургроҳ” табдил доданду ба ҷои “шоҳмот” истифодаи “шатранҷ”-ро афзал медонистанд...”

Яъне аз бас масъулони низоми исломии Эрон аз вожаи “шоҳ” хушашон намеояд, пас ба ҷои “шоҳмот” (ки гуё номи дурусти ин бозӣ аст) аз вожаи “шатранҷ” кор мегиранд! На, ин ривоят дуруст нест, агарчи оре, охундҳо аз марази “шоҳҳаросӣ” ранҷ мебаранд.

Албатта, дар фарҳангҳо омада, ки “шатранҷ” арабишудаи вожаи “чатранг” аст, ки вомвожае ҳиндӣ дар забони порсӣ ба шумор меояд, вале ба ҳеч ваҷҳ номи ин бозӣ “шоҳмот” нест. Ба воруни ин, баъид нест, ки навъе ҳассосияти роиҷ нисбат ба ҳарчи ки “арабӣ” ё “эронӣ” хонда мешавад, мӯҷиби парҳез аз корбурди номи дурусти ин бозӣ дар Тоҷикистон

шуда бошад. Ҳар ойина, корбурди “шоҳмот” ба ҷои “шатранҷ” ба унвони номи ин бозӣ дар Варорӯд ривоҷи густардае дорад.

Ҷустуҷӯи вожаи “шоҳмот” ба хати сириллики тоҷикӣ дар Гугл ҳикоят аз 227 ҳазор мавриди корбурди он дар фазои маҷозӣ дорад, дар ҳоле ки вожаи “шатранҷ” андаке бештар аз 20 ҳазор маврид дар матнҳои “тоҷикӣ” ба кор рафтааст. Ин бад-он маъност, ки сирилликнависон (ағлаб дар Тоҷикистон) вожаи “шоҳмот”-ро тақрибан даҳ баробар бештар аз номи дурусти ин бозӣ, яъне “шатранҷ”, ба кор мебаранд. Ба хатти порсӣ вожаи “шатранҷ” дар беш аз 22 миллион маврид ба кор рафта, дар ҳоле ки корбурди вожаи “шоҳмот” аз 8400 маврид фаротар намеравад.

Бебандуборӣ

Нигоҳе гузаро ба саҳифаҳои бархати баъзе аз расонаҳои озод, монанди “Фараж” ва “Пресса.тҷ” ва торнамои Радиои Озодӣ низ ҳокӣ аз корбурди фаровони “шоҳмот” ба ҷои шатранҷ аст. Албатта, дар мавридҳое андак аз вожаи “шатранҷ” ҳам кор гирифтаанд, ки нишон медиҳад меъёри мушаххасе дар корбурди номҳо ва истилоҳҳои вижа дар ин расонаҳо вуҷуд надорад.

Бадеҳист, ки расона дар танзими афкори умумӣ ва шаклгирии забони меъёр нақши барҷастае дорад. Ва корбурди як вожа ё истилоҳи ғалат гоҳ боис мешавад, ки он истилоҳ аз тариқи расона ба суръати бод бар забонҳо биафтад ва фардои он рӯз мумкин аст хурду калон аз он кор бигиранд. Ривоҷи ғалатнивисӣ мӯҷиби бебандуборӣ дар забон мегардад ва ба сатҳи тафоҳум дар ҷомеаа осеб мезанад.

Аз маъхазҳои бисёр муҳим барои омӯзиши луғат ва корбурди дурусти мафҳумҳо ва истилоҳот фарҳангномаҳост. “Фарҳанги забони тоҷикӣ”, иборат аз ду ҷилд, ки соли 1969 дар Маскав чоп шуда ва ҳанӯз ҳам аз муътабартарин манобеи луғатшиносӣ дар Тоҷикистон ба шумор меояд, номи ин бозиро бо овардани мисолҳое аз адабиёти куҳани форсӣ ба ду гунаи “шатранг” ва “шатранҷ” зикр кардааст (саҳ. 572).

Дар ин китоб ҳеч мадхал ё дарояе мустақил бо номи “шоҳмот” вуҷуд надорад! Муаллифон фақат дар шарҳи маънои шатранг навиштаанд “шаҳмот”, дар шарҳи феъли “шатранҷ бохтан” овардаанд “шатранҷбозӣ кардан, шоҳмотбозӣ кардан” ва дар шарҳи “шатранҷбоз” аз вожаи “шоҳмотбоз” кор гирифтаанд. Ба ин тартиб, пайдост, ки муаллифон аз вожаи “шоҳмот” фақат барои тафсири номи дурусти бозӣ, яъне “шатранҷ/шатранг”, истифода кардаанд.

Ба воруни ин китоб, ки маъноҳои ҳудуди 45 ҳазор вожа ва таркибро шарҳ дода, дар Луғатномаи Деҳхудо дарояҳое барои ҳарду вожа вуҷуд дорад. Ин фарҳанг дар шарҳи вожаҳо ба чанде аз луғатномаҳои куҳани порсӣ, монанди “Луғати фурс”-и Асадии Тусӣ, “Бурҳони қотеъ”, “Ғиёс-ул-луғот”, “Фарҳанги Онандроҷ” ва ғайра ҳам истинод мекунад ва барои тафсири ҳар вожа ё таркибе намунаҳои фаровоне аз назму насри порсӣ ироа медиҳад. Ба сурати бархат (онлайнӣ) дар торнамои “Вожаёб” низ дар дастраси умум қарор дорад.

Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG