Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабрина ҳадаф дорад, ки гроссмейстер шавад. ВИДЕО


Сабрина Абророва, шатранҷбози 12-солаи тоҷик, ки ахиран дар як мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ дар Русия бо шикасти рақибонаш сазовори медали тилло гардид, мегӯяд, ҳадафи "гроссмейстер" шуданро дорад.

Ӯ таъкид намуд, ки "гроссмейстер" дараҷаи олии бозии шатранҷ буда, аз хуб боварӣ дорад, ки ба ин сатҳ мерасад. Панҷумин Бозиҳои ҷаҳонии наврасон аз рӯи намуди варзиши шоҳмот ҳафтаи гузашта дар шаҳри Ханти-Мансийски Русия бо ширкати шатранҷбозони 57 кишвари дунё анҷом ёфт.

Сабрина Абророва баъди бозгашташ ба Душанбе дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз 11 бозие, ки дошт, дар 10 бозӣ тамоми рақибонашро мот кард ва танҳо бо як рақиби узбекистонияш бозиро мусовӣ анҷом дода, бо гирифтани 10,5 хол сазовори ҷойи аввал гардид.

Ин варзишгари тоҷик иброз дошт, рақибонаш беҳтарин шатранҷбозон арзёбӣ мешуданд ва ӯ тамоми кӯшишашро ба харҷ дод, ки дар баробари онҳо пирӯз шавад, то суруди миллии Тоҷикистон садо диҳаду парчами кишвар дар ин мусобиқа барафрошта шавад.

"Аз ҳама рақиби сахтарини ман Умеда Амонова, қаҳрамони чандкаратаи ҷаҳон аз Узбекистон буд, ки ман бо ӯ мусовӣ кардам. Қаблан ӯ бо як шатранҷбозӣ кореягӣ мусовӣ кард ва ман ин варзишагри кореягиро шикаст додам, бо мусовӣ шудан бо Умеда, ғолиб эълон шудам. Кӯшиш мекунам, ки дар мусобиқаҳои дигар натиҷаҳои аз ин ҳам беҳтарро нишон диҳам. Хотирмонтарин лаҳза барои ман ҳамон лаҳзае буд, ки ба тахтаи мақоми аввал баромадаму он ҷо суруди миллии кишварам садо дод, хеле хурсанд шудам".

Ҳамсӯҳбатамон гуфт, бо ин ғолибият завқаш ба бозии шатранҷу умедаш барои расидан ба мақомҳои болотар бештар гардид. Сабрина афзуд, ин бори нахустин буд, ки дар мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ ширкат намуд ва мехоҳад оянда дар дигар мусобиқаҳои бонуфузтарини ҷаҳон ғолиб омада, ба дараҷаи болотарин, яъне "гроссмейстер" бирасад.

Ӯ ҳамзамон мехоҳад касби духтуриро пеша кунад, вале аз шоҳмот ҷудо шуданӣ нест. Ин варзишгар дар оилаи шатранҷбоз ба дунё омадааст ва тавре худаш иброз дошт, аҳли хонаводаашон аз бозии шатранҷ огоҳӣ доранд.

"Ҳамин муҳити хонаводагӣ буд, ки ман ба ин намуди варзиш рӯ овардам. Алифбои шоҳмотро аз падарам омӯхтам. Аз сини 8-солагӣ бозии шоҳмотро сар кардам. Устоди аввалинам падарам аст ва баъдан дигар мураббиён ба ман нозукиҳои бозиро омӯзонданд. Ёд гирифтан дар рӯзҳои нахуст бисёр сахт буд, баъдан оҳиста-оҳиста нозукиҳои ин бозиро аз худ кардам ва мехоҳам то охир ин бозиро идома диҳаму пайваста тамрин кунам. Мехоҳам бубинам, ки натиҷаи ин тамринҳоям чӣ мешаванд".

​Сабрина Абророва бо нишон додани чанд усул сири комёбияшро қисман шарҳ дода, гуфт, ки дар шатранҷбозӣ пеш аз ҳама аз ҳадафи рақиб бохабар мешавад, ки рақибаш ба кадом усул мехоҳад ҳамла кунад. Ба қавли Абророва, бозии шатранҷ усулҳои ба худ хос дорад ва вақте рақиб як гашт мекунад, аллакай аз нияти рақиб пай мебарад ва бо таваҷҷӯҳ ба он амал мекунад. "Ҳар як варзишгар "тактика"-и бозии шоҳмотро бояд омӯзад. Агар ҳадафи рақибро аз қабл нафаҳмидед, шикаст мехӯред",-мегӯяд ӯ.

Сабрина ният дорад, ки "гроссмейстер" шавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:35 0:00

Ин варзишгар таъкид намуд, ки шатранҷ бозии зеҳнӣ буда, одамро ба фикр кардан маҷбур месозад ва маҳз машғул шудан ба ин намуди варзиш барои таёр намудани дарсҳояш, хусусан дарси риёзӣ ба ӯ кӯмак мекунад. Ӯ гуфт, на ҳар кас ба зудӣ ба хубӣ аз ӯҳдаи ин бозӣ мебарояд, вале медонад, ки шатранҷбозӣ барои бисёриҳо маъқул аст.

"Шоҳмотбозӣ бештар фикр карданро талаб мекунад, дар як рӯз 4-5 соат тамрин мекунам, дар мавриди бозии шоҳмот китобҳои махсус аст, онҳоро мехонам, ғайр аз ин аз интернет истифода бурда, бозии рақибонамро тамошо мекунам, ки чӣ тавр бозӣ мекунанд ва бар асоси он ман омодагӣ мебинам. Ман дар як сол аз худ кардам, баъдан дигар усулу нозукиҳояшро омӯхтам. Усулҳоеро омӯхтам, ки бо истифода аз онҳо мешавад роҳи рақибро зуд баст. Масалан, дар вақти бозии рақиби сахтаринам аз Узбекистон аз усули "дебют" кор гирифтам, дар ин усул одатан мусовӣ мешавад, шикаст доданам мушкил. Баъдан "двайной удар" мегӯянд, бо истифода аз ҳамин усул бо ду фигура метавонам ҳамла кунам".

Сабрина Абророва падарашро, ки устоди аввалини худ медонад, ҳине, ки мо дар манзилашон қарор доштем, дар бозии шатранҷ дар чанд дақиқа шикаст дод ва падараш Рустам Аброров ҳам иқрор шуд, ки вақтҳои ахир дар бозии шатранҷ аз Сабрина шикаст мехӯрад.

Рустам Аброров, муррабии шоҳмот гуфт, қаблан духтараш хоҳиш намуда буд, ки барояш як муррабие пайдо кунад, ки сатҳи касбияташ баландтар бошад. "Чун лаёқати худи ман вақтҳои охир ба ӯ намерасад, ӯ ба мартабаҳои баландтар расидааст. Гуфт, мураббие бошад, ки сатҳи касбияташ аз Шумо болотар бошад ва ман Қобилов Амин, яке аз беҳтарин мураббиҳоро барои Сабрина пайдо намудам".

Оқои Аброров иброз дошт, ки дар таърихи шатранҷи Тоҷикистон Сабрина аввалин наврасест, ки дар мусобиқаи сатҳи ҷаҳонии шоҳмот мақоми аввалро гирифт.

"Миёни беҳтарин шоҳмотбозони ҷаҳон ҷои аввалро гирифт. Бо шатранҷбозон аз Арманистон, Гурҷистон, Русия, Олмон ва Амрико рақобат кард. Ман боварӣ доштам, ки духтарам пирӯз мешаваду бо сари баланд ба Ватан бармегардад",-гуфт Рустам Аброров.

Сабрина Абророва, сокини шаҳри Душанбе, хонандаи синфи 6-уми литсейи № 55-и шаҳри Душанбе мебошад. Ин варзишгар се дафъа қаҳрамони Тоҷикистон шуда, унвони устоди варзиш оид ба шоҳмотро дорад. Ӯ бо ширкаташ дар мусобиқаҳои дохил ва хориҷи кишвар соҳиби ҳудуди 50 медал ва даҳҳо ифтихорнома шудааст.

Сабрина гуфт, аксари медалҳояшро дар мусобиқаҳои дохилӣ гирифтааст ва минбаъд талош мекунад, сафи медалҳояшро аз ҳисоби мусобиқоти сатҳи байналмилалӣ афзоиш диҳад. Соли 2017 дар чемпионати кушоди Осиё дар Қирғизистон ҷои аввал ва дар соли 2018 дар бозиҳои Осиё дар Узбекистон сазовори ҷои дуввум шудааст. Ғолибияташ дар мусобиқоти ахир дар Русия, аз бузургтарин дастовардҳояш мебошад. Дар ин мусобиқа наврасони то сини 14 маҳорати худро нишон додаанд.

Шатранҷ бозии қадима буда, дар чанд соли ахир дар Тоҷикистон ба ин намуди бозӣ нисбатан таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мегардад. Дар пайи як супориши раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар соли 2017 дар мавриди роҳандозии дарси шоҳмот дар муассисаҳои таълимӣ, Вазорати маориф ва илм китоби дарсии "Асосҳои шатранҷ"-ро ба чоп расонд ва дарси шоҳмот ба барномаи таълимии мактабҳои таҳсилоти миёнаи кишвар ворид гардид. Бо вуҷуди роҳандозии дарси шоҳмот, бархе огоҳону шореҳони бахши варзиш мегӯянд, шатранҷ миёни ҷавонони тоҷик ҳанӯз ҳам рушд накардааст.

XS
SM
MD
LG