Ба маълумоти дарёфтии Радиои Озодӣ, бо гумони ширкат дар куштори мудҳиши чор узви як оилаи Шаҳло Назарова дар ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 5 сентябр то имрӯз чор гумонбар боздошт шудааст. Ду манбаи ҷудогонаи Радиои Озодӣ рӯзи 17 сентябр гуфтанд, яке аз онҳоро ҳангоми фирор ба Узбекистон дастгир кардаанд.
Хабари расмӣ дар ин бора нашр нашудааст ва то ҳол сухан аз ду гумонбар мерафт. Хабарнигорони Радиои Озодӣ 16-17 сентябр ба ҷойи воқеа - деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ рафтанд, то ба суолҳои беҷавоб посух ёбанд.
Ҳодиса чӣ гуна рух дод?
Ба гуфтаи чанд ҳамсояи Шаҳло Назарова, онҳо аз афроди наздик ба тафтишот шунидаанд, ки шаби ҷумъаи 5-уми сентябр соати тақрибан 12-и шаб марди ҳамсояе бо номи Сайфулло, ки хонааш як хона пас аз оилаи кушташуда будааст, ба сари девор гузашта ҳамроҳаш як наврасро ба манзили Шаҳло Назарова меорад. Шаҳло Назарова модари се фарзанде аст, ки он шаб бераҳмона ба қатл расонида шуд.
Яке аз ҳамсояҳо ба шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ чунин нақл кард:
«Шаҳло ҳайрон мешавад, ки Сайфулло дар нисфи шаб чаро ба ҳавлии ӯ омадааст. Сайфулло ба Шаҳло мегӯяд, ин наврас аз сарбозшикор ё “облава” фирор мекунад ва хоҳиш мекунад, ки ӯро пинҳон кунанд. Шаҳло Назарова ба ин розӣ мешавад ва ба Сайфуллову ҳамроҳаш мегӯяд, ки ба хона даромада пинҳон шаванд. Вале онҳо баробари ба хона даромадан ашёи хонаро чаппаву роста карда, чизе меҷустанд. Зан дар ин ҳолат мефаҳмад, ки онҳо пулҳоро мекобанд. Сайфулло аз тарси онки Шаҳло ӯро шинохт ва ба мақомот хабар медиҳад, ба ӯ ҳамла мекунад», - нақл кард яке аз ҳамсояҳои зани кушташуда.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, Шаҳло Назарова гиря карда, аз Сайфулло хоҳиш мекунад, ки ҳамаи пулҳо ва чорвои оғилро гирифта барад, вале ба ӯ ва фарзандашон зарар нарасонад. Аммо ба гуфтаи ҳамсо, Сайфулло ба бадани зан ду корд зада, ӯро ба даруни ҷуйбори ҳавлиаш мепартояд.
Ҳамсояҳои дигари зани кушташуда идомаи ҳодисаро чунин нақл кард:
"Дар хона ду духтар ва як писари Шаҳло будаанд. Писарак хоб будааст, вале духтарон телевизор тамошо мекарданд. Ҳ. (исми духтар бо далелҳои ахлоқӣ нашр намешавад), духтари калонии занро фиреб медиҳанд, ки модарат фарёд дорад ва ӯ вақте аз хона мебарояд бо рӯймолаш даҳонашро мебанданд ва ба хонаи дигарӣ дароварда бо корд мезананд. Ӯ ҳамонҷо ба ҳалокат мерасад. Ӯ 17 сола буд. Баъди Ҳ. духтари дуввумии занро, ки 15 сол дошт аз хона даъват карда мегӯянд, "модарат туро ба ошхона даъват дорад". Баъди ба ошхона рафтан аввал ин духтарро таҷовуз карда, 15 корд мезананд ва ба даруни оташдон (танур) партофта, оташ мезананд. Наздиконаш баъди пайдо шудани ҷасад ӯро нашинохтанд. Ба сари писари 12-солаи зан халтаи полиэтиленӣ печонда, ӯро нафасгир мекунанд ва аз болояш кӯрпа мепартоянд. Вақте халтаро аз сари бача гирифтанд, аз даҳону биниаш хун мерафт".
Ба гуфтаи ҳамсояҳо, мақомот ду гумонбарро ба ҷойи ҳодиса оварда, нишондоди онҳоро дар ҷойи ҳодиса сабт кардаанд. Як сокини деҳаи Дарёобод, ки дар вақти нишондоди гумонбарон дар онҷо буд, ба Радиои Озодӣ гуфт:
«Сайфулло нишон дод, ки аз сари девор гузашта зан ва фарзандонашро куштанд, баъд сими барқро аз ҳисобкунак бурида рафтаанд. Гумонбарон рӯйи ҳавлиро пок мекунанд, то аз берун маълум набошад».
Ҳамсояҳо мегӯянд, гӯё гумонбарон аз манзили Шаҳло Назарова 23 ҳазор сомониро дуздидаанд. Мақомот ин хабарро тасдиқ накардаанд. Радиои Озодӣ низ феълан мустақилона ин маълумотро тасдиқ карда наметавонад. Ба гуфтаи ҳамсояҳои зани кушташуда, гумонбарон аз пеш медонистаанд, ки ин зан як говашро фурӯхтааст ва шавҳараш низ аз Русия барояш пул фиристода буд. Шаҳло Назароваи 45-сола ба ҳамсояҳо гуфтааст, ки барои хонасозӣ ва туй пул ҷамъ карда истодаанд.
Ба гуфтаи мақомот ва ҳам ҳамсояҳо, куштори Шаҳло Назарова ва кӯдаконаш нимашаби 5-уми сентябр рух дод, вале ҳамсояҳо танҳо рӯзи якшанбе аз ин ҳодиса бохабар шуданд. Он ҳам пас аз онки Ҳалим Иброҳимов, шавҳари зан чанд маротиба аз Русия ба хонаводааш тамос мегирад, вале касе зангҳояш бепосух мемонад. Мард фикр мекунад, ки зану кӯдаконаш ба куҷое рафтаанд. Ӯ ба ҳамсояҳояш занг зада хоҳиш мекунад, ки рафта аз ҳоли аъзои оилааш бохабар шаванд. Дарвозаи хона маҳкам буд ва ҳамсояҳо аз болои девор гузашта ба ҳавлӣ медароянд.
«Ҳамсояҳо баъди ба хона даромадан аввали пойҳои писарро аз зери курпа мебинанд ва хона ҳам бӯйи хун мекард. Ҳамсояҳо тарсида мебароянд ва раиси маҳалларо хабар медиҳанд. Ҳамсояҳо дар аввал фикр мекунанд, ки писарро кушта занро бо духтаронаш бурдаанд. Вале баъди омадани раиси маҳалла ва дигар ҳамсояҳо маълум мешавад, ки зан ва ду духтараш ҳам кушта шудаанд. Баъди як рӯз ташхис ҷасади зан ва се фарзандашро дар ноҳияи Файзобод ба хок супориданд», - нақл кард яке аз ҳамсояҳои зани кушташуда.
Талошҳои мо барои суҳбат бо Ҳалим Иброҳимов, шавҳари зани кушташуда бенатиҷа буд. Ҳамсояҳо гуфтанд, ин мард аз Русия баргашт ва феълан барои нишондод ба назди мақомот рафтааст. Ба гуфтаи ҳамсояҳо, баъди куштори аъзои як оила, мақомот қариб ҳама мардону занони деҳаи Дарёободро барои бозпурсӣ бурдаанд.
Гумонбарон кистанд?
Мақомот то ин вақт аз боздошти ду гумонбар дар ин ҳодиса хабар доданд. Яке аз гумонбарон Сайфуллои 32-сола ҳамсояи Шаҳло Назарова мебошад. Ба гуфтаи ҳамсояҳои ин мард, ӯ пештар бо ҷурми дуздӣ дар Русия зиндонӣ шуда буд. Вай таксиронӣ мекардааст, вале ахиран бекор ва ҳам аз бонк қарздор будааст. Ба иттилои дарёфтӣ, ҳамсари Сайфулло низ бо иттиҳоми пинҳон кардани ҷиноят боздошт шудааст.
Ба гуфтаи ҳамсояҳо, кормандони мақомот давоми як ҳафтаи аввал дар хонаи Сайфулло дастгоҳи гирифтани изи ангушт гузошта, изи ангушти сокинони деҳаро мегирифтанд. Ду ҳамсояи ин мард гуфтанд, Сайфулло то боздошт барои милисаҳо нону хӯрок меовард. Ин нафар оиладор ва соҳиби чор фарзанд будааст. Дар хонаи Сайфулло касе набуд ва мақомот дар пушти дари ин хона камера гузоштаанд.
Гумонбари дуввум Нуъмон навраси 16-сола аст, ки хонандаи синфи 10 будааст. Ин наврас бародари янгаи Сайфулло будааст. Модари ин наврас дар суҳбати кутоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, бовар надорад, ки писараш даст ба чунин ҷинояти вазнин зада бошад.
Нуъмон дар мактаби рақами 5-и ноҳияи Рӯдакӣ таҳсил кардааст. Омӯзгорон гуфтанд, ин наврас ҳамроҳи модараш мезист ва савдои хубе надошт.
Тибқи иттилои ду манбаъ, як гумонбари дигар дар марзи Узбекистон боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод шудааст. Ин маълумот расман тасдиқ нашудааст.
Гумонбаронро чӣ гуна ёфтанд?
Дар бораи чигуна пайдо ва боздошти гумонбарони ҷиноят ду фарзия вуҷуд дорад.
Фарзияи аввал ин аст, ки баъди ин ҳодиса, мақомот ҳамаи мардони аз 15-сола болои деҳаро бурда, аз онҳо ташхиси нутфа гирифтаанд. Чун яке аз духтарони кушташуда таҷовуз шуда буд ва аз рӯи ташхиси нутфа гумонбарро ёфтаанд. Фарзияи дуввум ин аст, ки дар вақти кашокаш зани кушташуда бадан ё рӯйи яке аз гумонбаронро мехарошад ва як пора пӯсти ӯ дар зери нохуни зан мемонад. Аз рӯи ташхиси зери ангушт гумонбарро пайдо кардаанд.
Ба гуфтаи ҳамсояҳо, хонаводаи Шаҳло Назарова аввали соли 2000-ум аз ноҳияи Файзобод ба деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ кӯчида буданд. Шавҳари ин зан Ҳалим Иброҳимов қаблан дар неругоҳи Роғун кор мекардааст. Зан хонашин буда, чорводорӣ мекард, шир мефурӯхтааст.
Баъди ин ҳодиса аксари ҳамсояҳо аз тарсу ҳарос аз деҳа рафтаанд, бахусус онҳое, ки шавҳаронашон дар Русия аст. Бо вуҷуди пайдо шудани гумонбарон бархе аз онҳо то ҳол ба хонаҳояшон барнагаштаанд.
Куштани зан ва се фарзандаш нигарониҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Ин ҳодиса силсилакушторҳои мармуз дар шаҳри Конибодомро ба ёд овард, ки соли 2024 бисёриҳоро дар Тоҷикистон ваҳшатзада кард.
Гуфтугӯ