Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сел Садоқати 24-соларо бурду ду тифлашро ятим кард. АКС. ВИДЕО


Тобутро барои Дилафрӯзи ҷавонмарг овардаанд.
Тобутро барои Дилафрӯзи ҷавонмарг овардаанд.

Ҷӯрабек Давлатов, сокини деҳаи Бӯстонсаройи шаҳри Ваҳдат барои дафни келини 24-солааш Садоқати ҷавонмарг омодагӣ мегирад. Сели мудҳиши шаби 27-уми август, ӯро ғофилгир кард.

Ҷӯрабек Давлатов: “Пеш аз ҳамин воқеа як овоз ба гӯшам омад ва хеста дарвозаи майдаро кушодам ва калонашро бастам. Овози даҳшатноке шунида мешуд. Сел маро ба девор зад.”

Келинаш зери селоб ҷон бохтааст ва ду набераи хурдсолаш бе модар мондаанд. Сел дар ҷамоати деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат низ мушоҳида шудааст.

Ҷамолиддин Аҳмадов, посбони як корхонаи хиштпазӣ дар канори рӯдхонаи Мағоб аст:

“Як мошини наве дар канори мо меистод, сел гирифта бурд. Вагоне, ки дар он зиндагӣ мекардем, онро ҳам бурд. Мошине, ки дар канори роҳ истодааст, аз дохилаш як зиндаву як мурдаро баровардем. Зани зиндамонда баъдтар дар бемористон фавтидааст. Субҳи имрӯз ду ҷасадро дар канори рӯдхона пайдо карданд, як духтараки 14-сола ва як мӯйсафеди 60-соларо.”

Сел Садоқати 24-соларо бурду ду тифлашро ятим кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:22 0:00

Ҷамолиддин Аҳмадов афзуд, субҳи 28-уми август чаҳор ҷасади дигар ёфтаанд. Шералӣ Қодиров, ки то бист рӯз пеш раиси яке аз маҳаллаҳои ҷамоати “Нӯъмон Розиқ” буд, ба ин назар аст, ки теъдоди фавтидагон дақиқ нест. Ба гуфтаи ӯ: "Сарнавишти ду кӯдак номаълум аст. Мумкин хешутабораш бурда бошанд ё, аниқ маълум нест.“

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, барои таҳқиқи хисорот дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ комиссияи давлатӣ таъсис шудааст ва бояд ба осебдидагон кӯмакҳои фаврӣ расонда шавад. Шералӣ Қодиров мегӯяд, то ҳол кӯмаке дарёфт накардаанд.

Дар шаҳри Ваҳдат сел роҳу пулҳоро вайрон карда ва ба хонаҳои мардум осеби зиёд расонидааст. Тоҷикистон як кишвари осебпазир дар баробари фалокатҳои табиӣ аст ва солона аз онҳо миллионҳо доллар зиён мебинад.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, аз аввали имсол 472 офати табиӣ рух додааст, ки дар пайи онҳо сӣ нафар ҷон бохта, 470 хона, чаҳор мактаб ва панҷ пул, 404 километр роҳи мошингард ва ҳудуди ду ҳазор гектар замини кишоварзӣ корношоям шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG