Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наҷотбахшон ҷасади модар бо тифли навзодашро дар Варзоб пайдо карданд


Наҷотбахшони тоҷик дар Варзоб ҷасади як занеро бо тифли навзодаш пайдо кардаанд, ки дар пайи офати табии шаби 27 ба 28-уми август ҷон бохтаанд.  

Ба ин тартиб шумораи қурбониёни сел ва боронгариҳои охири ҳафтаи гузашта дар Тоҷикистон ба 21 нафар расид.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз пайдо шудани боз 4 ҷасади дигар хабар доданд. Умеда Юсуфӣ, сухангӯи ин ниҳод рӯзи 30-юми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар пайи амалиёти ҷустуҷӯӣ, дар як рӯзи ахир дар шаҳри Ваҳдат ва Варзоб 4 ҷасад, аз ҷумла ҷасади як занеро бо тифли 40 рӯзаашро аз об берун овардаанд.

Рӯзи пеш мақомот шумори қурбониёни офати табии дар Тоҷикистонро 17 нафар гуфта буданд.

Дар маҷмӯъ ба гуфтаи сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар пайи офати табии дар шаҳри Ваҳдат 17 нафар ва дар ноҳияи Рӯдакӣ ва Варзоб чаҳор нафар ҳалок шудаанд.

Селу обхезии шаби 27-уми август сокинони Тоҷикистонро бахусус дар Душанбе ва атрофи он ғофилгир кард. Дар ин ҳодисаи табии даҳҳо нафар аз хонаву нақлиёти худ маҳрум шуда, ҳоло ба кӯмак ниёз доранд.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз расонаҳо ва корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз фавт ва бедарак шудани одамон дар минтақаҳои дигар ҳам хабар медиҳанд. Аз ҷумла дар пайи боришоту сел дар ноҳияи Тоҷикобод як нафар ба ҳалокат расидааст.

Қодирҷон Мансурзода, муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод ба нашрияи “Фараж” гуфтааст, қурбонии сел дар ин ноҳияи Беҳрӯз Шарифов сокини 29 солаи деҳаи Шинг аст, ки ҳангоми омадани сел ба кашидани қубури об машғул будааст. Ҷустуҷӯйи ҷасади ӯ ду рӯз боз идома дорад.

Як хонавода дар ноҳияи Панҷакент ҳам 3 рӯз боз, падару писарашонро ҷустуҷӯ доранд. Ба гуфтаи пайвандон, Баҳовиддин Ҳайдаров ва писари ӯ Аловиддин Ҳайдаров, сокинони деҳаи Гузари ҷамоати Моғиён, рӯзи 27-уми август, дар рӯзи омадани сел, дар роҳ ба сӯйи Душанбе бо мошинашон бедарак шудаанд.

XS
SM
MD
LG