Ин тасмим баъди санҷиши муҳтавои шабакаи иҷтимоӣ гирифта шудааст.
Як сабаб ба гуфтаи масъулони вазорати фарҳанг ин аст, ки шабака иттилооти зараровар барои кӯдаконро маҳдуд накардааст.
Санҷиши муҳтавои "ТикТок" бар асоси дархости як қатор созмонҳои ғайридавлатии он кишвар, сурат гирифтааст, ки гӯё шикоят кардаанд, ки "Ин шабака ба равону сиҳатии кӯдакон зараровар аст"
Манбаъ мегӯяд, қарори бастани "ТикТок" ба Вазорати рушди рақамии Қирғизистон, ки масъули иҷрои он аст, аллакай фиристода шудааст.
Қаблан низ дар порлумони Қирғизистон борҳо пешниҳод шуда буд, ки "ТикТок" баста шавад.