Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарс ё фирор аз масъулият: Хомӯшии роҳбарон дар бораи марз баҳри чист? ВИДЕО


Яке аз минтақаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Яке аз минтақаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Роҳбарони шаҳру ноҳияҳои наздимарзӣ бо Қирғизистон дигар мисли солҳои гузашта дар бораи аломатгузории марз рӯшану ошкор суҳбат намекунанд. Он ҳам дар ҳоле, ки дар нишастҳои қаблӣ ин роҳбарон дар бораи нишонагузории марз бо Қирғизистон ҷузъиёти бештар медоданд.

Хабарнигорон ва ҳам коршиносон мегӯянд, мақомдорони тоҷик барои "сар назадани мушкили нав" беҳтар медонанд дар бораи нишонагузории марз чизе нагӯянд. Таҳлилгарон мегӯянд, ин роҳи ҳалл нест ва баъзе масъалаҳои марзӣ бояд дар маҳал гуфта ва ҳал шаванд.

Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:

Эҳтиёткорӣ ё фирор аз масъулият.Чаро масъулин дар бораи вазъи марз маълумот надоданд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:06 0:00

Тақрибан нисфе аз навоҳии вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳрҳои Исфара, Конибодом ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Ҷаббор Расулов, Ашт, Куҳистони Мастчоҳ бо Қирғизистон марзи муштарак доранд. Баъзе аз қисматҳои марз бахусус минтақаҳои марзии Исфара ва Бобоҷон Ғафуров дар ду соли гузашта шоҳиди чандин муноқишаҳои хунин буданд. Пас аз муноқишаи хунини сентябри соли гузашта, мақомот гуфтанд кори комиссияи таъину аломатгузории марз ҷоннок шуда, раҳбарони шаҳру навоҳии марзӣ ҳам дар он ширкат меварзанд. Аммо раисони шаҳру ноҳияҳои марзӣ аз натиҷаи гуфтушунидҳо ҷузъиёт намедиҳанд.

"Онҳо ҳам талоши сулҳро доранд"

Баҳоваддин Баҳодурзода
Баҳоваддин Баҳодурзода

Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара дар нишасти ахири хабарӣ бо ҳарфҳои умумии "масъала ҳалли худашро меёбад" иктифо карда, дар бораи аломатгузории марз чизе нагуфт. Ҳарчанд хабарнигорон аз шаҳрдори Исфара мушаххасан пурсиданд, ки "дар ҳудуди шаҳр ягон километр хати сарҳад кашида шуд ё не?"

Баҳодурзода, дар нишасти хабарии қаблӣ гуфта буд, ки "дар ноҳияи Деваштич беш аз 100 километр сарҳад бо кишвари ҳамсоя мувофиқа карда шуд”. Вале раиси ноҳияи Деваштич мегӯяд, ин ноҳия бо Қирғизистон 64 километр марз дорад ва дар инҷо минтақаҳои баҳсӣ нест.

Ашӯралӣ Ҷалилзода, раиси ноҳияи Деваштич дар нишасти хабариаш гуфт, “мо бо Ҷумҳурии Қирғизистон ягон ҳолатҳои баҳсӣ надоштем. Фақат чанд ҳолате буд, ки чорво ба ин ё он тараф мегузарад ва зуд ин масъала ҳал мешад. Ягон мушкили ҷиддӣ вуҷуд надорад”.

Тоҳир Қудратзода, раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳам дар посух ба суоли хабарнигорон оиди аломатгузории марз посухи рӯшан надод. Қудратзода бо зикри “кори комиссия дар сатҳи ҷумҳурӣ идома дорад” иктифо кард.

Нусратулло Салимзода, раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, тӯли се рӯз бо намояндагони Қирғизистон дар Иссиқкӯл вохӯрӣ доштанд. Ба бовари Салимзода, “вайҳо ҳам талоши сулҳро доранд. Имрӯз онҳо ҳам дарк мекунанд, ки қувваҳое ҳастанд, ки сулҳи байни тоҷику қирғизро намехоҳанд. Дар ҳоли ҳозир муносибати байни вилояти Суғду Ботканд хуб аст."

"Ман нагуфтам, марз кушода мешавад"

Бархе мақомотҳои қудратӣ ҳам ин навбат ба фарқ аз нишастҳои қаблӣ ба рӯзноманигорон гуфтанд, ки то кушода шудани марз дар ин бора шарҳу тавзеҳе надоранд ва натиҷаи вохуриҳоро ошкор карда наметавонанд.

Зафар Маҳмадиев, сардори Раёсати минтақавии Гумрук дар вилояти Суғд аз он норозигӣ кард, ки хабарнигорон ҳарфи ӯро тағйир доданд. “Ман дафъаи гузашта гуфтам, ки эҳтимолияти кушода шудани сарҳад ҳаст, вале шумо дар ҳама расонаҳо навистен, ки гумрук гуфт, сарҳадро кушода истодаем. Ҳозирам қариб як сол мешавад, ки гуфтушунид рафта истодааст. Мо дигар маълумот надорем.”

Коршиносони масоили марзӣ мегӯянд, раҳбарони минтақаҳои марзӣ ҳамчун намояндаи президент салоҳият ва масъулият доранд, ки дар ин масъала шарҳ диҳанд, вале зоҳиран эҳтиёткорӣ мекунанд.

Неъматулло Мирсаидов
Неъматулло Мирсаидов

Неъматулло Мирсаидов, коршинос дар вилояти Суғд мегӯяд, "масъалаи марз хеле нозук аст. Аз як сухани ноҷо метавонад муноқиша сар занад. Шояд ба он хотире, ки ҳаргуна воқеаи номақбуле рух надиҳад, мансабдорон аз додани шарҳ худдорӣ намоянд. Вале ман фикр мекунам, ки аз боло ҳам шояд ягон нишондоде бошад, ки ҳама масъалаҳо масъулияти комиссияи байниҳукуматӣ аст".

Аз аввали соли ҷорӣ бо вуҷуди гуфтугӯҳои пайиҳами мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон, аломатгузории хати марз миёни ду кишвар анҷом нашудааст. Баъзе коршиносон бо ишора ба суст пеш рафтани корҳои таъину аломатгузории марз мегӯянд, Душанбе ва Бишкек дар ин замина ихтилофҳои зиёде доранд. Коршиносон ҳадс мезананд, ки ё дар кори комиссия пешрафти назаррасе нест ва ё барои халал нарасонидан ҷузъиёташ ошкор намегардад. Ҳарчанд ин раванд аз ҷониби кишвари Қирғизистон ба тарзи дигар бархурд мегардад.

Коршинос Неъматулло Мирсаидов мегӯяд, роҳбарони шаҳру ноҳия бояд мувофиқи масъулияти худаш ҷавоб диҳанд. Зеро ба бовари ин коршинос, “бисёр масъалаҳои кӯчаке ҳастанд, ки онҳо аз мадди назари кумисюни байниҳукуматӣ дур мемонанд ва аз гуфтани он шояд баъзе масъалаҳо ҳалли худашро ёбад.”

Мирсаидов афзуд, ҷониби Қирғизистон аввалин шуда хабар медиҳад ва баъзан масъалаҳои марзиро ба манфиати худаш инъикос мекунад. “Барои ҳамин хабари аввалин дар сатҳи байналмилал афкори аввалро ба вуҷуд меорад ва аз ҳамин нуқтаи назар аз ин чиз истифода кардан даркор аст”.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон шоҳиди чандин муноқишаҳои хунин буд
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон шоҳиди чандин муноқишаҳои хунин буд

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр хати марз дорад, ки аз он 664 километраш муайян шудааст. Номуайян мондани сарҳад ҳар чанд вақт сабаби задухӯрди мусаллаҳона мешавад. Бахусус дар ду соли гузашта шоҳиди муноқишаи хунин ва пурқурбонӣ шуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG