Дар чанд ҷумла
Эмомалӣ Раҳмон ба мулоқоти Байден даъват шудааст
Тоҷикистон ба нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико даъватнома дарёфт карда, аммо дар ин замина ба хулосае наомадааст. Дар ин бора муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Содиқ Имомӣ хабар додааст. Имомӣ гуфтааст, масъала дар ҳоли баррасӣ аст.
Ҷонибҳо муносибати тарафайн байни Тоҷикистон ва Амрикоро матраҳ карданд.
Қарор аст рӯзҳои 19 ё 20 сентябр Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико нишасти "Осиёи Марказӣ - Амрико" ("С5+1") бо роҳбарони панҷ кишвари ОМ дар шаҳри Ню-Йорк дидор кунад.
Маҷаллаи "Forbes" рӯзи 18-уми август номаи Байденро ба унвонии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев нашр кард, ки дар он ӯ Мирзиёевро ба нишаст даъват кардааст.
Саммит дар рӯзҳои Маҷмаи умумии СММ дар охири моҳи сентябри имсол дар шаҳри Ню-Йорк баргузор хоҳад шуд.
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия дар мусоҳибае гуфт, Ғарб мехоҳад шарикони Маскавро “фиреб карда, водор намояд, ки аз ҳамкорӣ бо Русия худдорӣ кунанд.” Кишварҳои ғарбӣ ҳамеша ин танқидро рад карда аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо хостаанд, дар давр задани таҳримҳо ба Русия кӯмак накунанд.
Нишасти "С5+1" аз соли 2015 баргузор мегардад ва ин як маҳфили кориест, ки барои баррасӣ ва ҳамоҳангсозии барномаву нақшаҳои муштарак таъсис шудааст.
Қаблан нишасти мазкур дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва намояндагони Департаменти давлатии ИМА баргузор мешуд.
Дидору мулоқоти раҳбарони кишварҳои минтақа бо президенти Амрико дар ҳошияи ин нишаст бори аввал аст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Дар Миннесотаи ИМА корманди федеролӣ як сокинро куштааст
Дар шаҳри Миннеаполиси аёлати Миннесота рӯзи 24-уми январ як корманди Хадамоти федеролии марзбонии ИМА сокини маҳаллиро бо зарби тир куштааст.
Хадамоти федеролии марзбонӣ ва гумрук гуфтааст, ки кормандаш аз худ дифоъ кардааст.
Ин дуюмин ҳодисаи кушта шудани сокини маҳаллӣ дар ин шаҳр аст.
Дар ҳодисаи ним моҳи пеш, Рене Гуд, як зани 37-сола низ дар чунин ҳодисае кушта шуда буд.
Хадамоти федеролии марзбонӣ бо ҳадафи ошкору боздошт кардани муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба ин аёлат сафарбар шудаанд.
Ҳарду кушта шуда шаҳрвандони Амрико ҳастанд.
Расонаҳо хабар доданд, ки марди кушташуда Алекс Преттии 37-сола, корманди бахши эҳёгарӣ дар як бемористон будааст.
Вазорати амнияти дохилии ИМА иддао кардааст, ки кормандони Хадамоти марзбонӣ мехостанд, як муҳоҷири ғайриқонуниро боздошт кунанд, вале Алекс Претти садди роҳ шуда, бо тапонча муқовимат нишон додааст.
Мақомоти Миннесота пас аз дидани наворҳои видеоӣ, фарзияи ҳукумати федералиро дар бораи "муқовимат" дурӯғ хонданд. Тим Уолз, губернатори Миннесота аз Кохи Сафед талаб кард, ки фавран ҳазорон пулиси "бетаҷриба ва хушунаткор"-ро аз Миннесота берун кунад.
Президент Доналд Трамп танқидҳоро рад карда, роҳбарияти аёлатро ба "барангехтани ошӯб" муттаҳам кард. Ӯ таъкид намуд, ки дар ҷараёни амалиётҳо 12 ҳазор муҳоҷири ҷинояткор боздошт ва ихроҷ шудаанд.
Дар Миннеаполис сарфи назар аз сармои шадид, эътирозҳо зидди амалиёт алайҳи муҳоҷирони ғайриқонунӣ идома дорад.
Русия дар як ҳафта бо се ҳазор бесарнишину мушак ба Украина ҳамла кардааст
Владимир Зеленский, президенти Украина рӯзи 25-уми январ гуфт, ки Русия ҳафтаи гузашта бо ҳазорон мушаку бесарнишин ба иншооти барқрасонии кишвараш ҳамла кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, Русия дар ҳамлаи як ҳафати ахир 1700 бесарнишин (дрон), беш аз 1380 бомбаҳои ҳидоятшаванда ва 69 мушаки гуногун истифода кардааст.
Президенти Украина гуфтааст, ки дар ин ҳамлаҳо иншооти барқрасонӣ, гармидиҳӣ ва хонаҳои сокинони одӣ зиён дидааст.
Мақомот дар Укарина мегӯянд, бар асари ҳамлаҳои Русия ҳазорон сокин аз гармӣ ва рушноӣ маҳрум шудаанд.
Афзоиши ҳамлаҳои Русия дар ҳолест, ки бо миёнаравии Амрико дар Аморати Муттаҳидаи Арабӣ бо ҳузури Русия ва Украина гуфтугӯи сулҳ ҷараён дорад.
Русия чор сол пеш ба Украина ҳамла карда, ҳазорон нафарро кушта ва миллионҳо нафарро аз ватан гуреза кардааст.
Як донишгоҳ дар Амрико духтари дабири Шӯрои амнияти Эронро аз кор хориҷ кард
Донишгоҳи тибии Эморӣ дар аёлати Ҷорҷияи ИМА хабар дод, ки Фотима Лориҷонӣ, духтари Алии Лориҷонӣ, мансабдори баландпояи Ҷумҳурии Исломии Эронро аз кор хориҷ кардааст.
Фотима Ардашер Лориҷонӣ дар бахаши саратоншиносии ин донишгоҳ кор мекардааст.
Фотима, духтари Алии Лориҷонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон аст, ки Амрико ӯро дар саркӯби эътирозҳо гунаҳкор дониста, таҳрим кардааст.
Даҳҳо фаъоли эронӣ пас аз куштори ҳазорон эътирозгар дар Эрон аз ин донишгоҳ хоста буданд, то ҳузури духтари нафареро, ки ҳамеша шиори “Марг ба Амрико” медиҳад, шарҳ диҳад.
Эрл Баддӣ Картер, узви Маҷлиси намояндагони Амрико аз аёлати Ҷорҷия, дар номае ба донишгоҳи Эморӣ хостори ихроҷи Фотима Лориҷонӣ шуда буд.
Рӯзи 24-уми январ мудири донишкадаи тиббии донишгоҳи Эморӣ дар шабакаи Х навишт, ки дигар Фотима Лориҷонӣ бо онҳо ҳамкор нест.
Ду ҳафта пеш, Алии Лориҷонӣ дар посух ба ҳушдори Трамп, ки агар Эрон эътирозгаронро бикӯшад, посухи сахте хоҳад гирифт, дар шабакаи Х навишт, ки мардуми ИМА бояд "муроқиби сарбозони худ бошанд".
Ин таҳдиди Алӣ Лориҷонӣ дар оғози эътирозҳо дар Эрон буд ва ҳанӯз аз куштори саросарӣ хабаре набуд.
Дар аввали моҳи январи имсол Ҷумҳурии Исломии Эрон эътирози сокинон аз баландравии нархи маводи ғизоӣ ва беқурбшавии пули миллиро саркӯб кард. Дар ин эътирозҳо, бино ба оморҳои гуногун аз 5 то 30 ҳазор нафар кушта шудаааст.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Ҷопон қаҳрамони Осиё шуд
Дастаи мунтахаби Ҷопон, ки дар финали Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2026 байни ҷавонони то 23-сола дар Арабистони Саудӣ тими Чинро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод, бори сеюм ба унвони қаҳрамони Осиё мушарраф гардид.
Бозии ниҳоии мусобиқа рӯзи 24-уми январ дар шаҳри Ҷидда, дар варзишгоҳи "Prince Abdullah Al Faisal Sports City Stadium" доир гардид. Ҷопониҳо бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуданд. Косей Огура ду гол, Юто Озеки ва Рюноске Сато якголӣ заданд.
Мунтахаби Ҷопон унвони қаҳрамонии худро, ки ду сол пеш дар Қатар ба даст оварда буд, бо сарбаландӣ ҳифз намуд. Дарвоқеъ, ҷопониҳо бори сеюм Ҷоми қаҳрамониро ба даст оварданд. Қаблан онҳо солҳои 2016 ва 2024 бо медалҳои тилло сарфароз шуда буданд.
Барои ҷойи сеюм дастаҳои мунтахаби ҷавонони Ветнам ва Кореяи Ҷанубӣ рӯзи ҷумъаи 23-юми январ дар Ҷидда, дар варзишгоҳи "King Abdullah Sports City Hall Stadium" мубориза бурданд.
Замони асосӣ ва изофаи дидор бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Дар задани силсилазарбаҳои пеналти кори футболбозони ҷавони Ветнам омад кард ва онҳо бо ҳисоби 7:6 пирӯз шуданд.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи “К”, ки аз 3-юм то 9-уми сентябри соли гузашта дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир гардид, бар Непал бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуда, аз Филиппину Сурия бо ҳисоби якхелаи 0:1 шикаст хӯрд. Тоҷикистон бо 3 имтиёз дар ин гурӯҳ ҷойи сеюмро гирифт ва аз ҳаққи иштирок дар қисми ниҳоии мусобиқа маҳрум гашт.
Ҷоми Осиё (U-23)
Бозӣ барои ҷойи сеюм, 23-юми январ (ҷумъа):
Ветнам – Кореяи Ҷанубӣ – 2:2 (7:6 – аз рӯйи пеналти)
Ҷидда, варзишгоҳи «King Abdullah Sports City Hall Stadium»
Финал, 24-уми январ (шанбе):
Ҷопон – Чин – 4:0
Голҳо: Юто Озеки, 12, Косей Огура, 20, Рюноске Сато, 59, Косей Огура, 76.
Ҷидда, варзишгоҳи "Prince Abdullah Al Faisal Sports City Stadium"
Ҳабси абади ҳашт узбекистонӣ барои занозанӣ дар Дубай
Додгоҳе дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳашт шаҳрванди Узбекистонро барои ширкат дар як занозанӣ ба ҳабси абад маҳкум кард. Як узбекистонии дигарро ба 25 сол зиндон маҳкум карданд.
Аҳрор Бурҳонов, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон бо тасдиқи хабар гуфтааст, намояндагии дипломатии ин кишвар барои ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон корҳои заруриро анҷом медиҳад.
Муноқиша, ки дар пайи он шаҳрвандони Узбекистон боздошт шуданд, моҳи апрели соли 2025 дар яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Дубай рух дод.
Ба гуфтаи мақомоти тафтишоти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, дар ин занозанӣ ду шаҳрванди Узбекистон ҳалок шуданд. Ба гуфтаи додситонии Дубай, сабаби муноқиша хусумати пешина миёни ду гуруҳ буд.
Дар як сол ҳафт нашрияи мустақил аз чоп мондааст
Омори тозаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки соли гузашта теъдоди рӯзномаҳои мустақил дар кишвар боз ҳам камтар шудааст.
Тибқи иттилои ахири Вазорати фарҳанг, феълан дар кишвар 61 рӯзномаи мустақил чоп мешаванд, ки дар қиёс ба як соли пеш 7 адад камтар аст. Соли гузашта шумори нашрияҳои мустақил 68 адад буд.
Тибқи омори Вазорати фарҳанг,бархилофи нашрияҳои мустақил соли гузашта теъдоди ҳафтаномаҳои давлатӣ аз 130 ба 131 адад бештар шудааст.
Ба иттилои расмӣ, дар кишвар ҳамчунин 184 маҷалла (151 давлатӣ ва 33 мустақил), 97 матбаа (23 давлатӣ ва 74 мустақил) фаъолият мекунанд.
Сабабҳои аз чоп мондани 7 нашрияи мустақил маълум нест. Танҳо маълум аст, ки дар нимаи аввали соли 2025 газетаҳои "Фараж" ва "Самак" аз чоп монданд.
Бар асоси раддабандиҳои созмонҳои ҷаҳонӣ, як омили аслии коҳиши расонаҳо дар Тоҷикистон, саркӯби озодии баён, рӯзноманигорон ва расонаҳо дар чанд соли ахир будааст. Аммо дар гузориши Вазорати фарҳанг дар бораи сабабҳои аз чоп мондани нашрияҳои мустақил чизе гуфта нашудааст.
СММ аз Эрон хост, саркӯби норозиёнро бас кунад
Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид рӯзи ҷумъаи 23-юми январ саркӯби норозиён дар ҷараёни эътирозҳои ахири Эронро маҳкум карда, хостори анҷоми "таҳқиқоти фаврӣ" дар ин бора шуд.
Комиссари олии ҳуқуқи башари СММ дар ибтидои нишаст эълом кард, ки дар ҷараёни саркӯби эътирозҳои Эрон "ҳазорон" нафар, аз ҷумла кӯдакон ҷони худро аз даст додаанд. Фолкер Турк, аз мақомҳои эронӣ хост, "аз тасмимҳои худ ақибнишинӣ карда ва ба саркӯби эътирозгарон поён диҳанд".
Дар ин нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари СММ қатъномае қабул шуд, ки бар асоси он маъмурияти ҳайати таҳқиқи мустақил дар бораи нақзи ҳуқуқи башар дар Эрон ба муддати ду сол тамдид шуд.
Бар асоси ин қарор, гузоришгари вижаи ҳуқуқи башари Эрон низ ба муддати як соли дигар корашро давом медиҳад.
Анҷом даври аввали музокироти Русия, Украина ва ИМА
Даври аввали музокироти сеҷонибаи намояндагони Русия, Украина ва ИМА 23-юми январ дар шаҳри Абу Дабӣ ба анҷом расид.
Ба гузориши хабаргузории ТАСС, музокирот пурра паси дарҳои баста ва бидуни ҳузури хабарнигорон идома кард. "Ба эҳтимоли зиёд дар гуфтугӯҳои 24 январ низ ин тартиб идома ёбад", -гуфтаанд ҳамсуҳбатони ТАСС. Музокирот давоми ду рӯз идома меёбад.
Президенти Украина Владимир Зеленский хабар дод, ки дар ин музокирот роҳҳои хатми ҷанг баррасӣ мешавад ва "намояндагони Украина ҳар соат ба ӯ гузориш медиҳанд".
"Муҳим ин аст, ки Русия омода бошад ин ҷанги оғозкардаашро тамом кунад", - гуфтааст Зеленский.
Бо ин ҳол раиси ҷумҳури Украина мегӯяд, дар бораи хулосаи ниҳоии музокирот гуфтугӯ кардан ҳанӯз барвақт аст.
Намояндагони Кохи Сафед ба шабакаи NBC News гуфтаанд, вохӯрӣ "пурмаҳсул буд" ва "музокирот фардо идома мекунад”".
Ҳайати Русияро адмирал Игор Костюков ва ҳайати Украинаро котиби Шӯрои амният Рустам Умаров роҳбарӣ мекунанд. Стив Виткоф, фиристодаи вижаи президенти Амрико низ дар ин гуфтугӯ ширкат дорад. Пештар Владимир Зеленский гуфта буд, ки ояндаи Донбас аз мавзуъҳои калидии гуфтугӯ аст.
Дар Тоҷикистон барои 100 ҳазор нафар мактабу синф сохтаанд, вале нокофӣ
Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон гуфтааст, ки соли 2025 дар кишвар барои тақрибан 100 000 муҳассил мактаб ва ё синфхонаҳои нав сохтаанд.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ рӯзи 23-уми январ бо нашри баёнияе аз ҷараёни нишасти солонаи ҳукумат навиштааст: “Соли 2025 дар мамлакат 214 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ барои 99 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд.”
Дар Тоҷикистон, ки солона то 250 ҳазор тифл ба дунё меояд, норасоии мактабу кӯдакистон як мушкили ҷиддӣ боқӣ мемонад. Дар баъзе аз мактабҳои кишвар дар як синф бештар аз 40 нафар ҳам таҳсил мекунанд ва ҷойи нишаст низ барои иддае намерасад.
Низомномаи мактабҳои миёна шумораи ҳадди аксари хонандагонро дар як синф барои шаҳрҳо 25 донишомӯз муқаррар кардааст. Дар аксари мактабҳои Душанбе ин теъдод аз 30 боло буда ба 40-45 ва бештар аз он низ мерасад.
Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар гузашта гуфтааст, дар Тоҷикистон бояд ба ҳисоби миёна ҳар сол бояд зиёда аз 380 муассисаи таълимӣ бунёд шавад, то фарзандони мардум дар мактаб дуруст нишаста, дарс бихонанд.
Ҳоло дар Тоҷикистон 4056 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд. Айни замон бештар аз 250 мактаби ҳамагонӣ дар нимавайрон буда ва бинои 351 мактаби дигар ба таъмири асосӣ эҳтиёҷ доштаанд.
Қонуни ҷанҷолӣ дар бораи фарзандони муҳоҷирони корӣ дар Русия ҳукми иҷро мегирад
Мактабҳои Русия аз ҳафтаи оянда иттилоот дар бораи қабул ва ё ихроҷи фарзандони муҳоҷирони корӣ ва ҳам натиҷаҳои имтиҳони онҳо аз забони русиро ба вазорати умури дохилӣ месупоранд.
Мактабҳои Русия аз ҳафтаи оянда иттилоот дар бораи қабул ва ё ихроҷи фарзандони муҳоҷирони корӣ ва ҳам натиҷаҳои имтиҳони онҳо аз забони русиро ба вазорати умури дохилӣ месупоранд.
Дар ин бора Думаи давлатии Русия рӯзи 23-уми январ хабар дода гуфтааст, қонуне, ки вакилони мардумӣ дар ин бора тасвиб карданд, аз рӯзи 28-уми январ ҳукми иҷро мегирад.
Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ гуфтааст: “Системаи табодули ҳамзамони иттилоот дар бораи фарзандони муҳоҷир ва хонаводаҳои муҳоҷирон байни муассисаҳо ва идораҳои маориф ва вазорати умури дохилӣ, назорату сабти хориҷиёнеро, ки дар кишвари мо зиндагӣ мекунанд, босамар ва шаффофтар месозад.”
Ба гуфтаи ӯ, шеваи нави назорат, имкон медиҳад, ҳузури қонунии кӯдакону волидонашон дар Русия назорат ва риояти қонунҳо дар бораи муҳоҷират таъмин шавад.
Ҳангоми қабули ин қонун дар тобистони соли гузашта Михаил Матвеев, яке аз вакилони муҳоҷирситези Думаи давлатӣ аз ҷумла бо ишора ба бачаҳои муҳоҷирон гуфта буд: "Шашсад ҳазор дар марказҳои тиҷоратӣ ва кӯчаҳои мо дайдугӣ мекунанд, галла-галла мегарданд, ба кӯдакону калонсолон ҳамла мекунанд, майдончаҳои бозии кӯдаконро террор мекунанд.”
Қонуну қоидаҳои наву маҳдудкунандаи кору иқомати муҳоҷирон дар Русия сабаб шудааст, ки ҳазорон хонаводаи тоҷик фарзандони худро барои идомаи таҳсил ба Тоҷикистон фиристанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд аз миёни беш аз 5 ҳазор кӯдаке, ки дар 9 моҳи соли 2025 аз мактабҳои кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон оварда шудаанд, 70 дар садашон наврасоне ҳастанд, ки қаблан дар Русия таҳсил мекарданд.
"Танҳо як масъала мондааст". Дидори намояндаи Трамп бо Путин
Бегоҳи 22-юми январ дар шаҳри Маскав вохӯрии президенти Русия Владимир Путин бо Стив Виткоф, фиристодаи вижаи раиси ҷумҳури Амрико ва Ҷеред Кушнер, домоди Доналд Трамп баргузор шуд.
Ба гуфтаи Юрий Ушаков, ёвари раиси ҷумҳури Русия, натиҷаи асосии ин дидор тавофуқ дар бораи вохӯрии намояндагони Русия, ИМА ва Украина аст. Қарор аст ин мулоқот 23-юми январ дар шаҳри Абу Дабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор шавад.
Ба гузориши хабаргузории Ройтерс, Ушаков таъкид кардааст, ки сулҳи пойдор бидуни ҳалли масъалаҳои марзӣ ба даст намеояд.
Стив Виткоф рӯзи 22-юми январ дар ҳошияи дидори солонаи иқтисодии Давос дар Швейтсария гуфт, тарафҳо барои созиши оташбас дар Украина хеле наздик шудаанд.
Ба гуфтаи фиристодаи вижаи Трамп, танҳо як масъалаи ҳалношуда боқӣ мондааст. Ба эҳтимоли зиёд ин масъалаи сарзамин аст.
Бунгоҳи Boomberg ҳафтаи гузашта навишт, ки Виткоф ва Кушнер ба Путин нақшаи сулҳи ИМА-ро барои Украина пешниҳод мекунанд.
Додгоҳи Маскав як зодаи Тоҷикистонро ҳабс кард
Додгоҳе дар вилояти Маскави Русия як зодаи Тоҷикистонро, ки ба куштани навраси рус муттаҳам аст, барои ду моҳ ба ҳабс гирифт. Дар ин бора додситонии вилояти Маскав хабар додааст.
Имомалӣ Турдиев, зодаи Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро дорад ба он муттаҳам мешавад, ки 18-уми январ баъди як муноқиша навраси 18-соларо русро бо корд ба ҳалокат расонд. Ҳодиса дар шаҳри Электростали вилояти Маскав рух дод.
Дар навор дида мешавад, ки миёни ду тараф дар дохили автобус баҳсҳои лафзӣ сар мешавад ва онҳо дар истгоҳи наздиктарин аз автобус пиёда шуда, занозанӣ мекунанд. Наврасон ба сӯи Имомалӣ аз туфанги шуълагиранда оташ кушодаанд. Ба гуфтаи мақомоти Русия, баъди ин зодаи Тоҷикистон бо корд се маротиба ба бадани навраси рус задааст.
Наздикони Имомалӣ ба расонаҳои русӣ гуфтаанд, ӯ танҳо аз занони дар дохили автобус буда ҳимоят кард.
Оғози ҷаласаи солонаи ҳукумат
Субҳи 23-юми январ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон оғоз шуд.
Дафтари матбуоти президент гуфт, дар ҷаласа аъзои ҳукумат, раисони шаҳру ноҳияҳо, ширкатҳои давлатӣ, бонкҳо ва дигар мақомдорон ширкат доранд.
Хабарнигорони расонаҳои мустақил ба маҷлиси солона даъват нашудаанд.
Дар назар аст, ки дар ин ҷаласа аз кори ҳукумат дар соли 2025 натиҷагирӣ шуда, нақшаву барномаҳо барои соли 2026 баррасӣ шаванд.
Дар гузашта дар ҷараёни маҷлиси солонаи ҳукумат баъзе тағйироти кадрӣ сурат гирифта буд.
Назарзода кордкашии наврасонро як мушкили ҷиддӣ дар Кӯлоб хондааст
Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар Хатлон дар ҳамоише дар шаҳри Кӯлоб аз сокинон хостааст, ки барои пешгирӣ аз кордкашии наврасон бо мақомоти интизомӣ ҳамкорӣ кунанд.
Даъвати генерал Назарзода аз сокинони Кӯлоб пас аз он аст, ки дар занозании гурӯҳии шаби 11-уми январ дар ин шаҳр Маҳмадалӣ Исуфов, размикори 19-сола кушта ва се ҳамсоли дигараш захмӣ шуданд. Мақомот Сулаймон Одинаев, сокини 19-солаи шаҳрро ба ин ҷиноят муттаҳам ва боздошт кардаанд.
Шариф Назарзода рӯзи 22-юми январ дар ҳамоиш акси размикор, боздоштшудаҳо ва афроди захмиро ба ҷавонони Кӯлоб намоиш дода, гуфтааст, кордзанӣ миёни наврасон, ифротгароӣ ва истеъмоли ҳабҳои мадҳушкунанда миёни ҷавонон аз мушкили аслӣ дар Кӯлоб аст.
Назарзода аз варзишгарон, мураббиёнашон ва дигар ҷавонони шаҳр хостааст, ки барои “пешгирии ҳамагуна зуҳуроту падидаҳои халалдоркунандаи тартиботу оромӣ саҳмгузор бошанд.”
Ба иттилои раёсати умури дохилии Хатлон, соли гузашта дар шаҳри Кӯлоб 719 ҷиноят сабт шудааст, ки нисбат ба солҳои гузашта бештар аст. Кӯлоб бо аҳолии беш аз 200 ҳазор нафар сеюмин шаҳри бузурги Тоҷикистон аст. Бархе сокинон сабаби аслии рӯ овардани ҷавонони шаҳр ба занозанӣ ва ифротгароиро бекорӣ медонанд.
Додгоҳ муҳокимаи парвандаи занозанӣ дар "Парламент"-ро оғоз кардааст
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд баррасии парвандаи занозании пурсарусадо дар тарабхонаи “Парламент”-и ин шаҳрро оғоз кардааст. Манобеи Радиои Озодӣ рӯзи 22-юми январ гуфтаанд, ки чаҳор нафар дар додгоҳ муҳокима мешаванд.
Ду нафар дар боздошт, ду тани дигар дар озодӣ будаанд. Парвандаи онҳо бар асоси кадом банди Кодекси ҷиноӣ муҳоқима мешавад, ҳанӯз маълум нест. Дар муноқиша дар ин ресторан дар рӯзи 20-уми декабри соли гузашта, наздикони сарвазири Тоҷикистон ва додситони шаҳри Бустон, ки писари мақомдори наздик ба президент аст, ширкат доштаанд.
Парвиз Ашӯров, домоди собиқи сарвазири Тоҷикистон бо писараш ва Абдуқаҳҳор Азизов, додситони шаҳри Бӯстон, писари Абдуҷаббор Азизӣ, ёвари собиқи Эмомалӣ Раҳмон, ду тарафи моҷаро ҳастанд. Наздикони ду тараф ҳамдигарро дар сар задани моҷаро гунаҳкор медонанд. Мақомот расман дар ин бора хабаре нашр накардаанд.
Пас аз чанд рӯзи нашри гузориш дар бораи ин муноқиша мақомот хабар доданд, ки Абдуқаҳҳор Азизов, додситони шаҳри Бӯстон аз мақомаш барканор шудааст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои зиёде аз ин занозанӣ нашр шудааст, ки дар ҳар кадоми он ҷонибҳо тарафи дигареро сабаби сар задани муноқиша меноманд.