Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

1 сентябр. Мушкили куҳна дар мактабҳои нав. ВИДЕО


Яке аз мактабҳои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Яке аз мактабҳои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

1 сентябр дар Тоҷикистон соли нави таҳсил оғоз шуд. Имсол беш аз ду миллион хонанда ба мактаб мераванд.

Мақомот гуфтанд, дар соли нави таҳсил ба иловаи тақрибан чор ҳазор мактаб, боз 312 бинои нави мактабу кӯдакистонҳо ифтитоҳ мешаванд. Аммо дар мактабҳо беш аз 4 ҳазор омӯзгор, бахусус муаллимони фанҳои дақиқ намерасанд.

Мақомот ҳамасола дар шурӯи соли таҳсил, биноҳои нави мактабро ифтитоҳ мекунанд. Аз ҷумла рӯзи гузашта Эмомалӣ Раҳмон мактаби рақами 53-и шаҳри Душанберо ифтитоҳ кард. Қарор аст, имрӯз оқои Раҳмон дар зодгоҳаш ноҳияи Данғара бинои нави Донишгоҳи тиббии Хатлонро боз кунад.

Мутахассисон мегӯянд, сохтани мактабу донишгоҳҳои нав хуб аст, аммо бояд аввал масъалаи таъмини кадр дида шавад.

Муҳаммадсодиқ Абдураззоқов, собиқадори соҳаи маориф дар шарҳи мавзӯи камбуди устодон дар мактабҳо гуфт, ки “биноҳои муҳташаму бузурги мактабҳо ифтитоҳ мешаванд, вале дар онҳо устодони арзанда дида намешаванд”. Муаллим Абдураззоқов аз ҷалби устодони ҷавони хатмкардаи донишгоҳҳо барои кор дар мактабҳо низ изҳори нигаронӣ кард.

“Вақте донишҷӯй барои анҷоми таҷриба ба мактаб меояд ва ҳатто дафтарчаи донишҷӯиро нағз сарфаҳм намеравад, пас, вай ба унвони устод чиро ба талаба метавонад биомӯзонад?”-мегӯяд ин омӯзгори собиқадор.

Мақомот на ҳамеша ин танқидҳоро қабул доранд ва борҳо гуфтаанд, сифати таълим дар риштаҳои омӯзгорӣ беҳтар шудааст.

Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:

Мактабҳои Тоҷикистон зиёд, муаллим камтар мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:21 0:00

XS
SM
MD
LG