Айни замон Қазоқистон 80% нафташро ба Иттиҳоди Аврупо ва Чин тавассути лӯлае интиқол медиҳад, ки аз ҳудуди Русия мегузарад.
Барои интиқол додани нафт тавассути баҳри Каспий Қазоқистон ду киштии махсус харидааст, ки ҳар кадоме иқтисодри интиқоли 80 тонаро доранд. "Барои интиқол додани нафт тавассути баҳри Сиёҳ харидории ду киштии дигари махсус дар назар аст" гуфтааст, вазири энержии Қазоқистон Ерлан Аккенженов дар суҳбат бо расонаҳо.
Вай афзудааст, Қазоқистон тасмим дорад, то охири сол интиқолро тавассути Каспий панҷ баробар афзоиш диҳад ва вобастагиашро аз Русия коҳиш диҳад.
Қазоқистон дар маҷмуъ содироти нафтро ба Иттиҳоди Аврупо дар соли 2023 афзоиш додааст.