Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як дипломати умури Авруосиё сафири Эрон дар Тоҷикистон шуд


Алиризо Ҳақиқиён - сафири нави Эрон дар Тоҷикистон. Акс аз mfa.tj
Алиризо Ҳақиқиён - сафири нави Эрон дар Тоҷикистон. Акс аз mfa.tj

Сафири нави Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард. Рӯзи 1-уми сентябр раҳбари нави намояндагии дипломатии Эрон дар Душанбе Алиризо Ҳақиқиён нусхаи эътимодномаашро ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин супурд.

Дар хабари мухтасари вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ин бора гуфта шудааст, ки дар мулоқот ҳамкориҳову дурнамои рушди равобити Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд.

Алиризо Ҳақиқиён дар мақоми сафири нави Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собириро иваз кард, ки моҳи август маъмурияти дипломатияшро дар ин кишвар ба охир расонид.

Алиризо Ҳақиқиён аз дипломатҳои собиқадори вазорати корҳои хориҷии Эрон буда, яке аз охирин мақомҳояш сардори раёсати умури Авруосиё мебошад. Ҳамчунин дар гузашта дар мақомҳои сафири Эрон дар Покистон, Арманистон ва Ироқ кор карда, дар сафарҳои вазири корҳои хориҷии Эрон ба Русия ӯро ҳамроҳӣ кардааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG