Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занеро, ки писарандарашро бераҳмона мезад, боздошт карданд


Акс аз вебсайти ВКД
Акс аз вебсайти ВКД

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, як сокини ноҳияи Қубодиёнро бар асоси навори латукӯби кӯдаке ба идораи полис интиқол додаанд. Дар хабаре, ки 5-уми сентябр нашр шуд, ВКД менависад, сокини 34-солаи деҳаи Шоғарфи ноҳияи Қубодиён Гузалхон Буриева дар навори ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳёфта писарандари 10-солааш Иброҳим Мамараҳимовро латукӯб мекунад.

Ин навор вокунишҳои тунди корбаронро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт ва бисёр шореҳон хостори ба ҷавобгарӣ кашидани зан шуданд.

Дар хабари ВКД гуфта намешавад, ки оё чӣ чорае нисбати Буриева андешида шудааст ва то куҷо ин қазия бар асоси Кодекси Ҷиноӣ баррасӣ мешавад ё на. Мақомот танҳо гуфтанд, ки вобаста ба ин ҳодиса “маводи зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди баррасӣ қарор дорад”. Ҳамчунин ҷузъиёти дигари қазия маълум нест.

Ҳодисаи латукӯби кӯдакон, ки мутобиқи қонунҳои Тоҷикистон ҷиноят арзёбӣ мешавад, нав нест. Моҳи маи соли ҷорӣ Додситонии кулли Тоҷикистон нисбат ба Холиса Шоева, як сокини ноҳияи Данғара ҳам барои задани фарзанди хурдсолаш парвандаи ҷиноие боз кард. Навори задани тифли дусолаи тоҷик аз сӯйи модараш тайи як ҳафта дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархид ва баҳси зиёде барпо кард.

Шоеваро бо айби "иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба тарбияи ноболиғ" ба ҷавобгарӣ кашиданд, ки аз 11 то 29 ҳазор сомонӣ ҷарима ва "маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то ду сол"-ро пешбинӣ мекунад. Соли 2021 дар Тоҷикистон беш аз панҷоҳ нафар барои ҷабр ба фарзандон дастгир шуда, иддае зиндонӣ гардидаанду дигарон ҷарима пардохтаанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG