Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садамаи мудҳиш дар Қазоқистон, ки як оиларо қурбон кард


Шоми 17 сентябр дар вилояти Қазоқистони Ғарбӣ дар натиҷаи бархурди мошини сабукрав бо мошини борбар як хонавода бо чаҳор кӯдак фавтидааст.

Ба иттилои пулис, ин садама соати тақрибан 19:30 дар километри 290-уми шоҳроҳи Самара-Чимкент рух додааст.

Мошини сабукрави навъи Lada Priora бо мошини борбари DAF бархурдааст. "Дар натиҷаи шаш кас фавтид: марди 34-сола, зани 35-сола ва чаҳор кӯдаки ноболиғ", - хабар додааст пулиси Қазоқистон.

Пештар аз ин дар шоҳроҳи вилояти Атирауи Қазоқистон мошини сабукрави навъи Lada Priora бо автобуси мусофирбар бархурд, ки дар натиҷаи он низ як хонавода бо чаҳор кӯдаки ноболиғ фавтида буд.

Ба иттилои мақомоти Қазоқистон, дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ дар он кишвар бештар аз 8 ҳазор садама сабт шудааст, ки дар натиҷаи онҳо 1,5 ҳазор кас фавтида, бештар аз 10 ҳазори дигар ҷароҳат бардоштаанд.

XS
SM
MD
LG