Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон қурбониёни таъқиботи сталиниро сафед мекунанд


Вакилони порлумони Қирғизистон тағйирот ба ду қонунро баррасӣ карданд, ки имкон медиҳад парвандаҳои онҳое бозбинӣ шавад, ки то соли 1962 дар ҳудуди Қирғизистони шӯравӣ таҳти таъқиби ҷиноӣ қарор гирифтаанд.

Вакилон пешниҳод доранд, ки дар қонуни амалкунанда моддаи нав илова шавад.

Ҳамчунин вакилон пешниҳод доранд, онҳое, ки бар асоси қарор "Дар бораи террори сурх", фармон дар бораи мубориза бо босмачиҳо ва дигар санадҳои мақомоти СССР таъқиб шуда буданд, ҳамчун таъқибшудаҳои сиёсӣ баҳо дода шаванд.

Яке аз муаллифони тарҳ вакили порлумон Жанарбек Акаев гуфт, пешниҳод шудааст, ки дар назди Академияи илмҳои Қирғизистон барои сафедсозии таъқибшудаҳо комиссия ташкил шавад ва ба ҳайати он созмонҳои иҷтимоӣ, Омбудсмен, мақомоти додситонӣ, корҳои дохилӣ, КДАМ ва бойгонии давлатӣ шомил шаванд.

Вакилони порлумон аз тарҳи мазкур ҳимоят карданд.

Бино ба иттилои мухталиф, дар солҳои 1937-38 дар Қирғизистон аз 29 то 40 ҳазор кас парронда шудааст.

Миёни онҳо зиёиён ва дигар афроди намоён буданд. Онҳоро бо гуноҳи "душмани халқ" қатл карданд.

XS
SM
MD
LG