Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Черевченко мухлисонро умедвор кард. "Истиқлол" бо қатариҳо рӯбарӯ мешавад. ВИДЕО


Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе нахустин бозиашро дар марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2023/24 муқобили бошгоҳи футболи "Ал-Дуҳайл"-и Қатар баргузор мекунад. Ин бозӣ имрӯз, 19-уми сентябр, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 21:00 оғоз меёбад.

Дар арафаи бозии "Истиқлол" ва "Ал-Дуҳайл", шоми душанбеи 18-уми сентябр дар маҷлисгоҳи Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ конфронси матбуотӣ барпо гардид.

Дар ин нишаст Игор Черевченко, сармураббии "Истиқлол", ба хабарнигорон гуфт, барои касе махфӣ нест, ки гурӯҳи мо ҷиддӣ аст, дар он қаҳрамонҳои кишварҳои худ бозӣ мекунанд.

Вай афзуд, "мо варзишгоҳи пур аз тамошогаронро интизорем. Мухлисон оғози бозиҳои лигаи қаҳрамонҳоро бесаброна интизор буданд. Фардо бозӣ нишон медиҳад, кӣ пурқувваттар аст. Мо ҳамеша дастгирии мухлисонамонро эҳсос мекунем. Онҳо бозигари 12-ум ҳастанд ва ба мо қуввату илҳом мебахшанд. Кӯшиш мекунем ҳама корро анҷом диҳем, то ки мухлисонро шод намоем".

Эрнан Креспо, сармураббии "Ал-Дуҳайл", ба саволҳои хабарнигорон посух дода, гуфт, "умедворам, ки бозии хело хуб мешавад. Мушкил хоҳад буд, аммо бояд бигуям, ки омада ҳастем ба ин бозӣ. Мутаассифона, яке аз бозигарони калидии даста Филипе Каутинйо ва чанд нафари дигар бо сабаби латхӯрӣ дар ин бозӣ иштирок карда наметавонанд, аммо мо омода ҳастем бо ҳамин футболбозоне, ки дорем, як дастаи рақобатпазир бошем. Фикр мекунам, "Истиқлол" аз ҷиҳати ҷисмонӣ дастаи қавӣ аст. Ҳар як бозигари он дар бозие, ки сурат мегирад, метавонад хатаре эҷод кунад".

Бар асоси натоиҷи қуръакашии марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 қаҳрамони Тоҷикистон дар гурӯҳи “Е” бо дастаҳои “Персеплолис” (Эрон), “Ал-Дуҳайл” (Қатар) ва “Ал-Наср” (Арабистони Саудӣ) рақобат мекунад.

Бозии дигари даври аввали мусобиқот дар гурӯҳи “Е” миёни дастаҳои “Персеполис”-и Эрон ва “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ 19-уми сентябр дар шаҳри Теҳрон соати 21:00 шуруъ мешавад. Дар ҳайати “Ал-Наср” Криштиану Роналдуи португолӣ бозӣ хоҳад кард.

"Истиқлол" мебарад, ё "Ал-Дуҳайл"?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:27 0:00

"Ал-Дуҳайл", қаҳрамони ҳашткаратаи Қатар, 17-уми сентябр ба Душанбе омад. Сармураббии даста Эрнан Креспо ба бозӣ муқобили "Истиқлол" 22 бозигар овардааст. Меҳмонон дар меҳмонхонаи "Хаятт-Риҷенси" ҷой гирифтаанд.

Сардовари бозии байни дастаҳои "Истиқлол" ва "Ал-Дуҳайл" довари FIFA Муҳаммад Ал-Алӣ аз Қувайт мебошад. Ба ӯ ҳамватанонаш Абдулҳадӣ Ал-Анезӣ ва Аҳмад Аббос кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба души Ван Ди аз Чин вогузор шудааст.

Видео доварони VAR – Абдулло Ҷамолӣ ва Алӣ Иброҳим, ҳарду аз Қувайт, Ҷаҳонгир Саидов аз Узбекистон ҳастанд. Назир Ҳусайн Муҳаммад Ҳанифа аз Сингапур нозири доварон ва Равишанкар Ҷайараман аз Ҳиндустон комиссари бозӣ таъйин шудаанд.

Нархи билети дараҷаи аввал ба бозии "Истиқлол" - "Ал-Дуҳайл" барои минбари ғарбӣ 50 сомониро ташкил медиҳад. Барои се минбари дигар (шимолӣ, шарқӣ ва ҷанубӣ) нархи билети дараҷаи дуюм 20 сомонӣ муқаррар шудааст.

Бояд гуфт, ки аз рӯи натиҷагирии марҳалаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастаи нишондодҳояшон хубтари ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо дар ҳар як минтақа, дар маҷмуъ 16 даста, ба 1/8 финал роҳ пайдо мекунанд.

Таркиби гурӯҳҳои Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24:

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «А»: «Пахтакор» (Узбекистон), «Ал-Фейҳа» (Арабистони Саудӣ), «Аҳал» (Туркманистон), «Ал-Айн» (Имороти Муттаҳидаи Араб).

Гурӯҳи «В»: «Ал-Садд» (Қатар), «Насаф» (Узбекистон), «Ал-Файсалӣ» (Урдун), «Шарҷа» (Имороти Муттаҳидаи Араб).

Гурӯҳи «С»: «Ал-Иттиҳод» (Арабистони Саудӣ), «Сипоҳон» (Эрон), «Эйр Форс» (Ироқ), АГМК (Узбекистон).

Гурӯҳи «D»: «Ал-Ҳилол» (Арабистони Саудӣ), «Нассоҷи Мозандарон» (Эрон), «Мумбаи Сити» (Ҳиндустон), «Навбаҳор» (Узбекистон).

Гурӯҳи «Е»: «Персеполис» (Эрон), «Ал-Дуҳайл» (Қатар), «Истиқлол» (Тоҷикистон), «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ).

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG