Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш қазоқистонӣ барои дуздидани силоҳ зиндонӣ шуданд


Додгоҳе дар шаҳри Толдиқурғони Қазоқистон 6 касро дар доираи парвандаи дуздии силоҳ аз бинои Департаменти пулиси Алмаато ба зиндон маҳкум кард. Додгоҳ гуфт, онҳо дар ҷараёни ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 силоҳ дуздидаанд.

Дар хадамоти матбуотии додгоҳ 25 сентябр гуфтанд, ки ду сокини маҳаллӣ дар ҷараёни ҳодисаҳои маъруф ба "январӣ" силоҳ ва лавозимоти ҷангиро дуздида, барои пайдо кардани харидор чаҳор нафари дигарро ба сафи худ ҷалб намудаанд.

Ду каси онҳо бо муштарӣ, ки дар асл корманди хадамоти амниятӣ буд, вохӯрда, ба ӯ ду силоҳи автоматро бар ивази 1 миллион танга пешниҳод кардаанд.

Додгоҳ ҳамаи гумонбаронро сесолӣ аз озодӣ маҳрум кардааст. Ному насаби маҳкумшудаҳо ифшо намешавад.

Эътирозҳои оммавӣ, ки ба бетартибиҳо печиданд, дар Қазоқистон рӯзи 4 январи соли 2022 шуруъ шуда буданд. Дар ибтидо сокинон зидди гароншавии қимати газ эътироз доштанд. Дар рӯзҳои баъдӣ эътирозгарон истеъфои ҳукуматро талаб карданд. Ба иттилои расмӣ, дар он ҳодисаҳо 238 кас кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG