Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Узбекистон темир йуллари" ширкати холдингӣ мешавад


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 25-уми сентябр дар як ҷаласа гуфтааст, ки суръати ислоҳот дар бахши роҳи оҳан назар ба бахшҳои дигари иқтисоди он кишвар ақиб мондааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло "замоне фаро расидааст, ки дар соҳаи роҳи оҳани Узбекистон тағйироти куллӣ ворид карда шавад”.

Сухангӯи президенти Узбекистон Шерзод Асадов гуфт, Мирзиёев аз пешниҳоди ширкати холдингӣ шудани корхонаи роҳи оҳани он кишвар -- "Узбекистон темир йуллари" ва ҷорӣ кардани низоми замонавии идорӣ дар он ҷонибдорӣ намудааст.

Аз ҷумла бахшҳои зербиноӣ, вагонҳои боркаш, интиқоли мусофирон ва идораи истгоҳҳои корхона ба ширкатҳои алоҳида ҷудо хоҳанд шуд.

Ҳамчунин хабар дода шудааст, ки Зуфар Нарзуллоев моҳи июли имсол сардори нави "Узбекистон темир йуллари" таъйин гаштааст.

XS
SM
MD
LG