Мақомот дар Кӯлоб Зафар Орифов, сокини ин шаҳрро бо гумони оғози ҷанҷоле, ки боис ба захмӣ шудани раиси ширкати “Кӯлоб Таксӣ” ва кушта шудани бародари ӯ шудааст, таҳти пайгард қарор додаанд.
Манобеи Радиои Озодӣ хабар доданд, ки ҳодиса рӯзи 7-уми феврал дар маҳаллаи Якуми майи Кӯлоб рух додааст. Шарҳи расмии воқеа дастрас нест.
Ба иттилои манбаъҳои Радиои Озодӣ, Маҳмудҷон Маҳмудов, раиси ширкати “Кӯлоб Таксӣ”, ҳоло дар бемористон бистарӣ аст. Бародари ӯ, Қурбоналӣ Маҳмудов, рӯзи 9-уми феврал, пас аз ду рӯзи беҳушӣ ҷон додааст.
Дар Шуъбаи корҳои дохилии Кӯлоб ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳодиса таҳқиқ мешавад ва ҳанӯз хулосаи ниҳоӣ дар ин бора нест.
Шоҳидони ҳодиса 9-уми феврал ба Радиои Озодӣ нақл карданд, ки Зафар Орифов, сокини ин маҳалла бо сабаби инки бародарон дар назди хонаи ӯ экскватор гузошта, роҳро бастаанд, бо онҳо муноқиша кардааст.
Ба гуфтаи чор шоҳиди ҳодиса, Зафар Орифов бо мушт ба Қурбоналӣ Маҳмудов задааст ва ӯ ба девори бетонӣ бархӯрда, бар асари захмҳои бардоштааш ҷон додааст.
“Вақте пизишкон ба Маҳмуд Маҳмудов мегӯянд, бародараш осеби сахти мағзӣ дидааст ва дигар шифо нахоҳад ёфт, ӯ Зафар Орифовро ба суҳбат даъват мекунад. Ӯ рад мекунад ва Маҳмуд Маҳмудов асабӣ шуда, нисфе аз хонаи падарии ӯро бо экскватор хароб мекунад. Аминҷон, бародари Зафар Орифов, ба Маҳмуд бо корд ҳамла карда, ӯро захмӣ кардааст,” – гуфт яке аз шоҳидони ҳодиса.
Назари пайвандони ду тараф ба ин ҳодиса маълум нест. Як тан аз ҳамсоягони онҳо, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, баҳонаи ҷанҷол ночиз буд ва танҳо “асабӣ шудани беҳуда ва якравӣ” боис ба ин фоҷеа гашт.
Ҷасади Қурбоналӣ Маҳмудов нисфирӯзии 9-уми феврал ба хок супурда шудааст.