Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Долон, ҳуқуқи инсон ва муҳоҷират." Раҳбарони Олмону ОМ ба чӣ натиҷа расиданд?


Омодагии як кишвари муҳими аврупоӣ ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию сиёсӣ бо минтақаи суннатан зери нуфузи Маскав ва бар иваз – ӯҳдадории панҷ кишвар ба роҳ надодани фирори Русия аз таҳримҳо натиҷаи умдаи ин мулоқотҳои бесобиқа дар пойтахти Олмон гуфта мешавад.

Мулоқоти аввалини раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон, ки 29 сентябр дар шаҳри Берлин баргузор шуд, бо имзои эъломияи ширкатдорони он натиҷагирӣ шуд. Омодагии як кишвари муҳими аврупоӣ ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию сиёсӣ бо минтақаи суннатан зери нуфузи Маскав ва бар иваз – ӯҳдадории панҷ кишвар ба роҳ надодани фирори Русия аз таҳримҳо натиҷаи умдаи ин мулоқотҳои бесобиқа дар пойтахти Олмон гуфта мешавад.

Зери ин санад шоми ҷумъа нахуствазири Олмон Олаф Шолтс ва президентони Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, Қирғизистон – Содир Ҷабборов (Жапаров), Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон, Узбекистон – Шавкат Мирзиёев ва раҳбари парлумони Туркманистон Қурбогулӣ Бердимуҳаммадов имзо карданд.

Мувофиқаҳои нав ба ҳамкориҳои танготанги минбаъдаи мақомоти Олмон ва минтақа дар ҳолест, ки даҳҳо мунаққидон дар беруни қароргоҳи нахуствазир Олаф Шолтс президентони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро дар саркӯби озодиҳо, ба зиндон андохтани мунаққидони режим ва поймолкунии бераҳмонаи ҳуқуқи инсон интиқод карданд. Бархе омодагии як кишвари пешрафтаи аврупоиро барои ҳамкорӣ бо ин режимҳо ғайри қобили қабул номиданд.

Зимнан, дар эъломияи шашсаҳифаии имзокардаи раҳбарон дар Берлин, ба “аҳамияти ҳамкориҳои минбаъда дар самти тақвияти қонун, демократия, мудирияти хуб, баробарии ҷинсиятӣ, ҳуқуқҳои универсалӣ ва озодиҳои бунёдӣ дар доираи стратегияи Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ аз соли 2019” таъкид шудааст.

ОМ ва таҳримҳои Русия

Дар матни эъломияи ниҳоӣ бе он ки аз исми Русия ё таҷовузи он ба хоки Украина мушаххасан ёдовар шавад, мегӯяд: “Раҳбарон бори дигар ӯҳдадор шуданд, ки ба хотири сулҳу субот, демократия ва ҳукумати қонун ва эҳтиром ба қонунҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ мекунанд”. “Эҳтиром ба истиқлолият, соҳибихтиёрии давлатӣ ва тамомияти арзии тамоми кишварҳо ва адами истифодаи нирӯ... ҳалли баҳсҳои байналмилалӣ аз роҳи сулҳомез” аз ӯҳдадориҳои дигари раҳбарон будааст.

Садри аъзами Олмон ҳамтоёнашро аз Осиёи Марказӣ дар бораи ислоҳот дар стратегияи ин кишвар бо назардошти воқеиятҳои нави геополитикӣ огоҳ карда гуфтааст, ки он дар масъалаи мудофеа, энержӣ амният ва муҳоҷират тамаркузи хосса хоҳад дошт.

Ҳанӯз вокуниши Русия ба ин мулоқот маълум нест, вале қаблан вазорати корҳои хориҷии ин кишвар аз матраҳ шудани мавзӯи таҳримҳо дар мулоқоти мақомоти олмонӣ бо президенти Қазоқистон тааҷҷуб ва изҳори умедворӣ кард, ки натиҷаҳои нишасти Берлин ба ҳамкориҳои ин ду кишвар "таъсири манфӣ" намегузорад.

Муҳоҷирати корӣ ва “Долони миёна”

Дар бахши муҳоҷират эҳтимоли ҳам ба Олмон барои кор фиристодани шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ва ҳам омода кардани коргарони соҳибихтисос баррасӣ хоҳад шуд.

Дар вохӯрии раҳбарон, аз ҷумла, ба тақвияти ҳамкориҳои минтақа бо Олмон дар рушди энергияи сабз, соҳибкории хусусӣ, фароҳам кардани шароити кору даромади расмӣ ё муҳоҷирати корӣ таъкиди ҷудогона шудааст.

Яке аз мувофиқаҳое, ки дар ин ҷаласа ба даст омаадааст, кор дар самти тақвияти роҳҳои иртиботии миёни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, тавассути тарҳи “Долони миёна” мебошад. Ҳадафи ин тарҳ эҷоди роҳҳои иртиботу нақлиёт ва боркашонӣ ба хотири тавсеаи имкониятҳои рушди иқтисодӣ гуфта мешавад. Барои кор дар ин тарҳ қарор аст бо ёрии ташкилоти молии байналилалии мисли Бонки аврупоии бозсохт ва рушд роҳҳои ҷалби сармояву маблағгузорӣ андешида шавад.

Яке аз дигар масоиле, ки раҳбарони Осиёи Марказӣ ва Олмон мувофиқа ба даст оварданд, ин зарурати ташвиқу рушди ҳамкориҳои миёни созмонҳои таҳлилӣ ва ҷомеаи маданӣ, ҳамкориҳо дар бахши маориф ва таҳқиқот мебошад. Аз ҷумла, таълими забони олмонӣ дар муассисаҳои маърифатии минтақа идома хоҳад ёфт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG